Маводи нигори мардумони Осиёи Вусто. Поёни бахш
Маводи нигори суғдиҳо, бохтариҳо ва хоразмиҳо ба маводи хати порсҳо монанд буд. Раванди инкишофи нигор ва номанигории ин мардумони эронинажод такрибан як хел мегузашт. Онҳо ба мисли порсҳои қадим аввал аз гирдаҳои сафолӣ, киртос дертар аз пўсти чарм ва ҳарир истифода мебурданд. Номаҳои онҳо, ба истиснои баъзе ҷузъиёт, аз номаҳои Аршакиҳову Сосониҳо фарқ намекард.
Аммо нигору номанигории тахориҳоу сакоиҳо, ба ҳар ҳол дар ҳазораи 1 мелодӣ, зеро таъсири номанигории Ҳинду Чин мегузарад. Сакоиҳою тахориҳо дар нигору номаи хеш ба комёбиҳои дабирони Ҳинду Чин такя мекарданд. Дастнависҳои то ба замони мо расида аз ҳамин таъсир шаҳодат медиҳанд. Чунончи, дастнависҳои сакоиҳою тахориҳо дар ду шакл-путхӣ (ҳиндӣ) ва тўмори чинӣ таҳия шудаанд.(7-С-336).
Путхӣ тарзи анъанавии дастнависҳои ҳиндист. Ҳамчуноне қабл аз ин ёдрас шудем, дар ин бора тавсифи муфассали Берунӣ ҳаст: «ҳиндуҳо ба тўли як оринҷ ва ба паҳноии чанд ангушти рост пўсти дарахти тўзро, ки бхуҷа ном дорад, гирифта, дасткорӣ мекунанд. Чунончи, рўған мемоланд, ҷило медиҳанд, ки аз ин пӯст сахту суфта мегардад ва сипас рўи он менависанд. Ин гуна авроқ дар алоҳидагӣ нигоҳдорӣ мешавад. Тартиби онҳоро аз рўи шумораи ҳар як варақ мефаҳманд. Чунин китоб путхӣ ном дорад.»(7-С-28).
Андозаи варақҳои дастнависҳои путхӣ хеле гуногунанд. Масалан, андозаи «Саддхармапундарики» 56х17 см будааст. Андозаи ағлаби дастнависҳои путхии дар Туркистони Шарқӣ пайдо шуда ва 30 то 55 см дарозӣ ва аз 9,5 то 12 см, паҳноӣ доранд.
Намуди зоҳирии путхӣ чунин аст: ҳар як ҷилди он ҳатман илова дошт. Ва ин илова рўймоле буд барои печонидани тахтамуқоваи путхӣ ва барчаспи рўи он. Барчасп унвони асар ва баъзан исми падидоварро низ дар бар мегирад. Дастнависҳои брахмӣ варақи унвон надоранд. Унвони асар одатан дар оғози асар намеояд, чунки онро дар анҷомаи фасли аввал менависанд.
Шакли дигари таҳияи дастнависҳои сакоию тахорӣ тўмори чинӣ аст ва он аз варақҳои ҷудогонаи паҳноияшон 25 см таҳия мешуд. Дарозии тўмор гуногун аст, баъзеи онҳо то 7 метр тўл доранд. Барои тўмори чинӣ коғази чиниро масраф мекарданд. Дастнависҳои сакоӣ одатан дар қафои туморҳои чинӣ нигошта мешуданд.
Дастнависҳои сакоию тахорӣ ба нигори омудӣ ё моили брахмӣ навишта шудаанд. Нигори моил бештар дар сабти дастнависҳои тахорӣ санскритӣ омада, хати тезнавис истифода шудааст.
Буддоиҳои Хутан барои номанигорӣ аз пӯст низ истифода кардаанд. Шояд омодасозии пӯст дар ин сарзамин технологгияи худро дошт. Бо ин ҳама барои нома бештар аз чӯб истифода шудааст, чаро ки барои нигор тайёр кардани пӯст кори мушкил буд…
Аз китоби Раҳимҷони Шарифзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, нашри дуюм, чопи соли 2010.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова, сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.