Мавзӯи ҷавонӣ дар шеъри шоирони муосири тоҷик

Зиндагии одамӣ ончунон зудгузар аст, ки баъзан ҳангоми пирӣ ба худ меоем, ки танҳо хотиротест тамом. Ҷавонӣ ва пирӣ дар ҳаёти одамӣ монанди шабу рўзе аст, ки гўё бо фаро расидани шаби пирӣ умри одамӣ бидуни он ки бори дигар ба субҳи зебои ҷавонӣ бирасад, анҷом меёбад.

Мавзўи ҷавонӣ ва ё ёди рўзҳои кўдакӣ дар адабиёти гузаштаамон собиқа дорад. Дуруст аст, ки одамӣ, вақте ба рўзгори пирӣ мерасад, ҳатман ёди айёми пешин мекунад. Шоирон низ бо гузашти умри хеш ёди он шўру шавқи кўдакӣ мекунанд.

Ин мавзўъ дар адабиёти даврони истиқлол низ мавқеи муайянро соҳиб аст ва адибон бо назар ба рўзгори паси сар гузошта ашъори ҷолиб эҷод кардаанд. Устод Бозор Собир баъд аз солҳои тўлонӣ ва гузашти умри ҷавонӣ ба зиёрати зодгоҳаш меравад ва мебинад, ки аз деҳе, ки замони пурҳаяҷони кўдакии хешро сипарӣ карда буд, фақат хотира мондаасту халос:

Баъди даҳ сол омадам муштоқ

Аз ғарибӣ зиёрати қишлоқ,

Ба димоғам расид рўёрў

Бўйи пўдина, бўйи шафтолу.

Шоир дар ин шеър манзараи баъди солҳо дидаашро ба тафсил ба тасвир гирифтааст. Ў ба мушоҳида мегирад, ки дар зодгоҳаш ҳама чиз тағйир ёфтаанд ва дар охир мегўяд:

Солҳо пеш модарам ин ҷо

Аз сари теппае гуселам кард,

Гуфтӣ, аз кўдакӣ гуселам кард.

Сӣ сари сол баъди модарамон

Охирин додарам гуселам кард.

Зулфия Атоӣ лаҳзае ба фикр фурў меравад ва ширинтарин лаҳазоти умри хеш, яъне кўдакиро пеши назар меорад. Ў дар шеъри «Зочаҳову бачаҳо» ба дунёи беғаши тифлӣ меравад ва аз олами беғаму бедарди тифлӣ ёд мекунад:

Ёдам омад дар сари гаҳвора боз

Кўдакӣ – афсонаи ширинтарин.

Дафтари ёди маро аз нав кушуд

Моҳи нав бо панҷаҳои зарҳалин.

Ин шеър аз панҷ банди чаҳормисрагӣ иборат буда, дар он лаҳзаҳои «зочабозӣ» тасвир ёфтааст, ки хеле самимӣ офарида шудааст. Дар банди охир шоир ёд кардани даврони кўдакиро таъкид менамояд:

Ёд кардам кўдакиямро кунун,

Дар сари гаҳвора мегўям ба дард:

Тифли ман, умре сарат аз санг бод,

Тавба, тавба аз дили сангину сард!

Муҳаммад Ғоиб дар қиёс ба дигар ҳамқаламонаш шеърҳои ба мавзўи кўдакиву ҷавонӣ ва умуман ёди рўзгори газашта бахшида зиёд дорад. Дар девони ашъори ў ба шеърҳое ҳамчун «Дар роҳи деҳа», «Ҳавлии падар», «Ёди тифлӣ», «Зодгоҳ», «Хотира» ва ғайра вохӯрдан мумкин аст, ки ба ин мавзўъ бахшида шудаанд. Масалан, дар шеъри  «Ёд» шоир аз «фасли ишқу ормон» ёд мекунад:

Сар-сари кўҳи баланди деҳаам

Пораи абри сафеде шуд равон.

Худ ба худ пур шуд дилам аз дарду ғам,

Ёдам омад фасли ишқу ормон.

Даври гулчинӣ буду дар пуштаҳо

Медавидам аз пайи ў бо умед.

Докаи гумкардаашро дидаам

Ин саҳар дар сурати абри сафед.

Дар аксари ашъори ба мавзўъҳои ҷавонӣ, умр, зиндагӣ бахшидашудаи Камол Насрулло оҳанги пушаймониву ҳасрат дида мешавад. Шоир дар бисёр ҳолат, танҳо оҳу дард мебинад:

Аз киштаҳои умр фақат барги коҳ монд,

Аз баргу бори зиндагиям барги оҳ монд.

Аз роҳҳои ҳастии серўзаам, дареғ,

Як роҳи охирин, ки надорад пагоҳ, монд.

Беҳуда сўхтам, ҳама умрам чу дуд рафт,

Дар дудмони синаам ранги сиёҳ монд.

Чунин оҳанги дилшикастагиву хастаҳолиро дар шеърҳои «Пагоҳам рафт», «Будем ё набудем», «Зиндагӣ», «Зиндагӣ чун тир» ва ғайра дидан мумкин аст.

Давлат Сафар аз насли шоирони нисбатан ҷавон аст. Дар эҷодиёти ў низ ба мавзўи ҷавонӣ дахл карда шудааст. Дар шеъри «Хотира»-и ў оҳанги яъсу навмедӣ ҳукмрон аст ва шоир аз ҳосили умри хеш шокӣ аст:

Аз умр чӣ дидам?

Ҳарчанд давидам,

Аз боғи навозиш

Ҷуз хор надидам.

Бигзашт ҷавонӣ

Чун дарди ниҳонӣ,

Бегона чӣ донад?

Аз хеш, ки монӣ.

Нашкаст хуморам,

Бигзашт баҳорам.

Дар оинаи умр

Монанди ғуборам.

Умуман шоирони даврони истиқлол ба мавзўи ҷавонӣ аҳамияти вижаро қоил буда, аз умри гузарони худ хулосагирии гуногун менамоянд. Ин гуна шеърҳоро дар эҷодиёти наслҳои гуногуни шоирон дидан мумкин аст, ки хубии чунин ашъор вобаста ба завқу салиқаи худи эҷодкор аст.

ҲАДИЯТУЛЛОҲИ Амриддин

Сардори шуъбаи котибот.