МАВЗЎИ ИШҚ ВА ВОҚЕИЯТИ ОН ДАР АШЪОРИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ.

Суханронии Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Файзализода дар Конфронси байналмилалии “Мавлоно-муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо”

Проффессор Ҷумахона Файзализода ба ин назар аст, ки дар таълимоти тасаввуф ишқ ҳамчун ифодаи мавҷи сўзони ишқ нисбат ба Худованд-офарандаи тамоми неъматҳои моддӣ дар мақоми аввал қарор дорад. Пайравони тасаввуф барои расидан ба ҳадафи волои худ роҳи ишқу парастишро интихоб мекунанд, зеро ишқ як инсони кӯчакро аз олами ваҳдат ба олами гуногунранг ва ҳамон неру метавонад ӯро аз олами гуногунранг ба олами ваҳдат бозгардонад.

Профессор Файзализода, ки чанд лаҳза пеш дар ҳамоиши “Мавлоно – муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо” суханронӣ мекард, иброз дошт,ки ба ақидаи Мавлоно, ишқ, пеш аз ҳама, сабаби таҷдиди коинот, асоси дигаргуниҳои кайҳонӣ ва ҳар гуна ҳаракат аст… Ҳама чиз бо он фаро гирифта шуда, дар ҳама ҷо ҳукмфармост ва ба ҳама ҳукмрон аст. Шоир моҳияти ишқро дар доираи таълимоти худ дарк мекунанд.

Ӯ мегӯяд Мавлоно таъкид менамояд, ки ҳар қадар манъ кардан бештар бошад, ҳамон қадар таваҷҷуҳ ба ҳаром бештар мегардад. Дар баробари ин, шавқу ҳаваси дутарафа – дидан ва ба назар намоён шудан меафзояд. Ҳамин тариқ, мутафаккир назарияи «ҷадвали инкорӣ»-ро ба миён мегузорад, ки таҳқиқи он дар сотсиологияи муосир шоёни таваҷҷўҳ буда, таҳиқиқи махсусро тақозо менамояд.

 Матни комили суханронии профессор Ҷумахон Файзализода: “Мавзӯи ишқ ва воқеъияти он дар ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”.