Мавзуоти «Фалак» дар адабиёти шифоҳии (даҳонии) тоҷик
Мафҳуми «Фалак» дар эҷодиёти даҳонии халқ нақши муҳим дошта, жанри шеърии рубоӣ дубайтиҳо дар анъанаи иҷроии «фалак»бештар истифода мешавад. Рубоиёти фалакро дар адабиёти хаттӣ – «фаҳлавиёт» номанд ва онорӣ аз вазни арӯз аст. Ин ба чунин сабаб аст, ки эҷодиёти даҳонӣ гоҳо ихтиёрдории арӯз бештар риоя намешавад.
Р. Амонов гуфтааст, ки дар рубоиёт дар мавзӯи «Шикоят аз тақдир» мардум «фалак»-ро сабабгори бадбахтиҳо медонанд. «Фалак» ба яке аз образҳои шикоятӣ мубаддал шуда, дар манотиқи Хатлону Бадахшон ва тобеъи ҷумҳурӣ сурудҳои шикоятомези «фалак», «фалакӣ» ном гирифтааст. Ҳофизон «фалак»-ро бо сӯзу гудоз ва бо оҳангҳои ҳазину ғамангез месароянд. Дар матни баъзе сурудҳо сатрҳои рангине ҳастанд ки мардум «фалак»-ро ба дунёи пастиву мардумозориву кинаварзиву ҷафокорӣ гунаҳгор мекунанд ва ин сурудҳоро «фалакӣ» номгузори намуданд. Аз ин рӯ «фалак»-ро дар лаҳзаҳои гуногуни зиндагӣ, вобаста ба вазъу ҳол, дар сӯгу сур, ҷашн ва маросими дафн якка ва умумӣ месароянд.
Ин махсусиёти суннатии фалакиёт дар «Бепарвофалак»-и бадахшониён, «Фалаки Роғӣ»-ву «Фалаки даштӣ»-и Кӯлобу Дарвоз пойдор буда, оҳангу навоҳои қадимаи фалакиёт дар сурудҳои маросими мотамии сокинони Дарвозу Бадахшон барҷо мондаанд.
Намунаҳои барҷомондаи он, ки бо нақороти «Дареғай» буда, бо номи «Чорҳарфи Бузург» маълум аст:
Дунё ба мисоли тири партофтанӣ, дареғай (се бор)
Одам ба мисоли чизи ноёфтанӣ, дареғай (се бор)
Дар адабиёти шифоҳӣ, ки тавсифи «Фалак» (ба сифати жанри мусиқӣ), силсилаи рубоиҳоро «Фалакиёт» номанд, корбурд мешаванд.
Барои тақвияти фикрҳои дар боло зикршуда намунаҳои рубоиёти мардумӣ пешкаш мешаванд.
Ситораи равшанма ҷудо кардӣ, фалак.
Субҳа ай миёни шав ҷудо кардӣ, фалак.
Маро ба фалак то киёмат гилаай,
Аз акаи ширинум ҷудо кардӣ, фалак
***
Чархо, фалако маро ба чарх овардӣ,
Кулобӣ будам маро ба Балх овардӣ.
Кулобӣ будам оби ширин мехӯрдам,
Саргашта маро ба оби талх овардӣ.
***
Чархо фалаке мисли мани зор шавӣ,
Мисли мани дилсӯхта ту афгор шавӣ.
Тире задай дар ҳасрати синаи ман,
Дар синаи худ бизан хабардор шавӣ.
***
Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд.
Як-як ҳама ёракон аз мо бирабуд.
Аз дасти фалак чарх занам дар олам,
Ин рӯзи сабо навбати мо хоҳад буд.
***
Фалак доду фалак доду фалак дод
Фалак аз дасти ту сад доду бедод
Аз он рӯзе, ки тақдир менависад
Фалак аз дасти марг ёрӣ намедод.
***
Сари кӯҳи баланд буд, хонаи ман,
Фалак тире бизад дар шонаи ман.
Фалак тире бизад, пайкон надорад,
Ба ҳасрат пур шудай паймонаи ман.
***
Садбарги сафед чӣ рангу ҳолҳо дора,
Тақдири худора бин, чӣ корҳо дора.
Гуфтум биравум, пеши фалак гиря кунум,
Бар гиряи мо фалак чӣ парво дора.
***
Ёри мана бин, ба ман ситамҳо дора,
Бо аспи суман рӯй ба саҳро дора.
Гуфтум биравум пеши фалак гиря кунум,
Аз нолаи ман фалак чӣ парво дора.
***
И кутали қавристон шамолҳо дора,
Духтар мерава, оча тамошо дора.
Гуфтум биравум пеши фалак нола кунум,
Ай нолаи ман фалак чӣ парво дора.
***
Дар кӯи харобот касе мир нашавад,
Ай мурдани одами замин сер нашавад.
Гуфтум биравум пеши фалак дод бигӯям,
Мурдан, ки ҳақ аст, чаро ҷавон пир нашавад.
***
Ситора баланд, моҳ, баландай имшав,
Ай феъли бадам фалак ба ҷангай имшав,
Ҳар шаб сари зулфи ёр болинум буд,
Болини мани ғамзада сангай имшаб.
Манбаъ: “Фалак” ва системаи лаҳнии он”. Душанбе, 2006.
Ин китоб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолиа мебошад.
Таҳияи Руҳафзои Ҳасанзод, корманди шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.