Меҳмон Бахтӣ дар бораи Ғоиб Сафарзода: Ў шоире буд бо ғурури шоиста
Ғоиб Сафарзода – ин ном барои ман бисёр азиз аст. Барои он азиз аст, ки айёми донишҷўӣ ва баъдан овони ҷавониҳои мо дар оғуши гоҳ гарму гоҳ сардӣ зиёда аз як даҳсола бо ҳам гузаштааст. Соле, ки ман ва ҳамсабақонам Лоиқ, Кароматулло Мирзо, Зариф Ибод ба донишгоҳи омўзгории Душанбе дохил шудем, Ғоиб Сафарзода як курс болотар аз мо мехонд. Шиносоии мо пеш аз ҳама тавассути маҳфили адибони ҷавони донишгоҳ сурат гирифта буд, ки ба он устод Тилло Пўлодӣ сарварӣ мекарданд.
Пас аз хатми донишгоҳ ҳарчанд ҳар яке ба коре, ба ҷое банд шуда бошем ҳам, аммо аз барор ва тозакориҳои эҷодии ҳамдигар огоҳӣ доштем. Ба қавли Соиби бузург «Доштем аз ҳам хабар дар ҳар куҷо будем мо».
Он айём Ғоиб Сафарзода хеле сермаҳсул буд ва пайваста дар рўзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ шеър ва мақолаҳояш дар мавзўи доғи рўз чоп мешуданд. Бахусус шеърҳои аз лиҳози мавзўи ва тобишу назокати ҷолибу зебои ў зуд ба дили ҳаводорони шеър роҳ гирифт ва дар як муддати кўтоҳ Ғоиб Сафарзода миёни доираи адабии Тоҷикистон ҳамчун шоири ҷавони соҳибистеъдод ном баровард.
Дар симои ў, мо дўстонаш, бо тамоми маънӣ шоири бо ному нишон ва баландпарвози ояндадори тоҷикро медидем. Ғоиб Сафарзода шоире буд ҳалим, фурўтан, меҳрубон ва бо ғурури бешикасти ватанпарварӣ… Ў аз миёни мо (дар садамаи автомобилӣ) барвақт рафта бошад ҳам, аммо ғурури шоистаи миллатпарастонаи ў дар дили ҳамҷиҳатон ва ҳамхонандагони миннатдори осори пурғановати ў ҷовидона боқӣ хоҳанд монд.
Аз китоби “Ҷавонии ҷовидон”, таҳияи Рисолат Шералиева, мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.
Ин китобро шумо метавонед дар толори хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд мутолиа кунед.