Меҳргон: дастури библиографӣ
Дастури библиографии «Меҳргон” аз тарафи Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр тавсия шудааст.
Феҳристи мазкур зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, бо таҳрири Шариф Комилзода омода шуда, онро Сайзароб Нодирзода гирдоварӣ ва мураттаб намудааст.
Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёӣ ба ҳисоб рафта, дар қатори Наврӯз ва Сада таҷлил карда мешуд. Ин ҷашнҳо вижагиҳои ба худ хос дошта, вале дар умум гардиши солро ифода менамоянд. Бад-ин маъно, ки Наврӯз дар фасли баҳор, Меҳргон дар фасли тирамоҳ ва Сада дар фасли зимистон (100 рӯз пеш аз Наврӯз) таҷлил карда мешаванд.
Пас Меҳргон яке аз қадимтарин идҳои ориёӣ ба ҳисоб рафта, ҳангоми фарорасии он дар ҳама шаҳру деҳот таҷлил шуда, маросимҳои давлатӣ аз қабили тоҷгузорӣ низ дар ин моҳ сурат мегирифтаанд. Доир ба ин масъала Камолов Усмоналӣ Нусратзода (н.и.ф., ходими калони илмии шуъбаи тарърихи фалсафаи ИФСҲ АМИТ) дар мақолаи «Меҳргон ‒ ҷашни ниёгон ‒ аз бостон то имрӯз» чунин ибрози андеша намудааст: «… Аксари муҳаққиқон зикр кардаанд, ки чун мазҳари ойини меҳрпарастӣ Хуршед буд, шоҳон аксаран маросими тоҷгузории худро дар ҳамин рӯз анҷом медоданд ва дигар тадорукоти муҳимми давлатиро низ ба ҳамин рӯз мавқуф мегузоштанд. Масалан, маросими тоҷгузории Анӯшервони Одил дар ҳамин рӯз баргузор шуда ва гӯянд, ки Ардашери Бобакон тоҷе, ки бар он сурати Офтоб нақш карда буданд, дар ин рӯз бар сар ниҳод».
Хулоса, дастури библиографии «Меҳргон» номгӯи адабиёти солҳои 1983-2023-ро инъикос намуда, бо низоми қоидаҳои ГОСТ 7.1-2003 ва тартиби имлои забони тоҷикӣ ҷобаҷогузорӣ шудааст. Феҳрист аз тарафи Шурои илмӣ-методии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» дастгирӣ ва ба нашр тавсия шудааст.
Дастури мазкур метавонад барои олимону пажӯҳишгарон ва китобдорон сарчашмаи хуби иттилоотӣ-маълумотӣ бошад ва барои анҷоми таҳқиқоти гуногуни соҳавӣ кумакрасон гардад.
Хонандагон метавонанд дастури библиографии «Меҳргон: Нишондиҳандаи библиографӣ»-ро пас аз нашр дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Таҳияи сармутахассиси
Маркази «Тоҷикшиносӣ»
Маҳмадвалӣ Зиёев.