Меҳроб Ҷумъазода: “Аз камоли одамият то камоли илму ирфон”
Дар китоби донишманди тоҷик Меҳроб Ҷумъазода роҷеъ ба ҳаёт ва баъзе паҳлуҳои фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгории олими нуктасанҷ, доктори илмҳои филология, профессор марҳум Баҳриддин Камолиддинов сухан меравад ва он барои унвонҷӯёну муҳаққиқон ва алоқамандони илми забоншиносӣ пешбинӣ шудааст.
Дар пешгуфтор омадааст, ки устод Баҳриддин Камолиддинов на танҳо яке аз шахсиятҳои шинохта дар илми забоншиносии тоҷик, балки аз ҳар ҷиҳат ба дигарон намунаи ибрат буданд. Барои банда боиси ифтихор аст, ки ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ бо ин марди хирад ҳамкору ҳамнишин будам. На танҳо аз сабақҳои он кас баҳравар гардидаам, балки устод дар ҷодаи илм низ роҳнамоям буданд ва маҳз бо дастуру нишондодҳои эшон дар ин ҷода як андоза муваффақ гардидам. Дар ин муддат доир ба рӯзгор ва фаъолияти илмию эҷодии устоди арҷманд якчанд мавод омода намуда будам, ки дар матбуот ва маҷмуаҳои алоҳидаи илмӣ ба табъ расидаанд. Инак, имкон фароҳам омад,ки ин навиштаҳои парокандаро дар як маҷмуа ҷамъоварӣ намуда,пешниҳоди аҳли илм ва дӯстдорону алоқамандони устоди азиз гардонам.
Вобаста ба фарогирии мавод маҷмуаро «Аз камоли одамият то камоли илму ирфон» унвон гузоштем .Он аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа аз ду қисм иборат мебошад. Қисми аввал-«Андар шинохти устод» хусусияти илмию оммавӣ дорад. Маводи ин қисм аз аҳмаммиятизамонӣ бархӯрдор буда, дар давраҳои гуногун бахшида ба ҷашнҳои солгарди таваллуди устоди арҷманд эҷод гардидааст. Аз ин рӯ, табиист, ки дар он баъзе маълумот ва факту рақамҳои такрор мешаванд. Аз ҷумла, маводи якуми ин қисм – «Устоди ширинкалом», очерки тарҷумаиҳолӣ буда, аз якчанд қисми таркибӣ иборат аст. Дар он айёми тифлию наврасӣ,таҳсили илм, камолоти шахсияти илмию омӯзгории эшон дар ДМТ, нақши устод дар тарбияи мутахассисони дорои дараҷаи илмӣ ва сафҳаҳо аз зиндагии эшон тасвир ёфтааст. Ҳмчунин дар бораи маҳсули фаъолияти илмию эҷодӣ, мактаби илмӣ ва ташаббусҳои устод дар тарғиби забони модарӣ маълумот дода шудааст. Баъзе хотираҳои муаллиф дар бораи устод низ дарҷ гардидаанд.
Қисми дуюми маҷмуа, ки «Дар илм ба нияти амал кӯшида…» ном дорад, чор пажӯҳиши муаллифро дар бораи баъзе аз асарҳои илмию таҳқиқотии устод Баҳриддин Камолиддинов дар бар мегирад.
Хонандагон китоби Меҳроб Ҷумъазода “Аз камоли одамият то камоли илму ирфон”-ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Саломат Саломова,
мутахассиси шуъбаи
нигоҳдории китоб.