Меҳрона Худойбердиева: Дар баробари ширкат ба Озмун аз осори мондагори Пешвои миллат баҳраҳо бардоштам

mehronaҲамчуноне хабар дода будем, маросими ҷоизасупорӣ ба барандагони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” рӯзи 1-уми октябри соли 2025 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ баргузор гардид.

Баъд аз маросими ҷоизасупорӣ ба мо фурсат даст дод, то бо ғолиби ҷойи аввал дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Меҳрона Худойбердиева ҳамсуҳбат шавем.

Меҳрона Худойбердиева донишҷӯи бахши сеюми муассисаи таълимии колеҷи тибии шаҳри Панҷакент мебошад. Вай зимни суҳбат гуфт, ки соли гузашта иштирокчии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” будам ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида кардам, ки озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” дар сатҳи баланд баргузор мегардад. Тасмим гирифтам, ки дар соли 2025 бо тайёрии ҷиддӣ ман низ иштирок намоям ва инак ширкат кардам ва ғолиби ҷойи аввал гаштам, ки аз ин хеле хушнудам.

Ман метавонам бо ифтихор гуфт, ки дар баробари ғолиб омадан ва шоистаи ҷоизаи Китобхонаи миллӣ шудан, боз аз осори мондагори Пешвои муаззами миллат баҳраҳо бардошам ва дониши худро такмил додам.

mehronaҲамчунин Меҳрона ба ҷавонон тавсия намуда, гуфт ки барои худшиносию худогоҳии худ асарҳои Пешвои миллатро мутолиа намоянд ва  барои худ ғизои маънавӣ гиранд. Ҳамчунин қайд кард: “асарҳои Пешвои миллат моро огоҳ мекунанд, ки бозмондагони кадом бузургони адабу фарҳангу илму сиёсатем ва барои бақои миллат чӣ саҳме бояд гузорем”.

Дар навбати худ мо низ ба ҷавонон ва хонандагон тавсия медиҳем ки ба Китобхонаи миллӣ омада, асарҳои Пешвои миллат ва дигар китобҳои лозимаи хурдро дастрас карда мутолиа намоянд.

Мо Меҳрона ва дигар ғолибони озмунро табрик намуда, дар хониш ва корҳои ояндаашон мувафақият хоҳонем.

Ганҷина Ҷолаева,
мутахассиси бахши робита бо ҷомеа