«МЕРОСИ ХАТТИИ БОСТОН»

«МЕРОСИ ХАТТИИ БОСТОН»

«Мероси хаттии бостон» дар ду ҷилд таҳия гардида, рисолаву матнҳои бузургу кӯчак, матолиби гуногуни динию фалсафӣ, ҳуқуқиву ахлоқӣ, таърихию адабӣ ва мавзӯоти ҷудогонаи заминшиносӣ, кайҳоншиносӣ, ҳандасиву тиббӣ, ҷонваршиносию гиёҳшиносӣ ва дигар мазмунҳои фарҳангию адабӣ ва суннатҳои мардуми форс – тоҷикро дар даврони бостону аҳди Сосониён дар бар гирифтааст.

Китоб инчунин фарогири маҷмӯи осори хаттӣ, сафолнавиштаҳо, сангнавиштаҳо, катибаҳои тоқҳову кӯшкҳо, катибаҳои оромгоҳи бузургони бостон аст, ки қисмати муҳимтарини тамаддуни тоисломии моро дар асоси далелу ҳуҷҷатҳои навишта бозгӯ мекунанд.

Китоб бо тавзеҳот ва харитаю тасвирҳо такмил ёфтааст, ки ошноии хонандаро бо тамаддуни бостонии ориё-тоҷикӣ тақвият медиҳад.