Мираҳмади Амиршоҳӣ. “Ҳакими замон”. Порча аз китоб

Ҳакими замонБояд ба ҳаким будани Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ кас шак наёрад. Ӯ бузургтарин дарди миллат-кинаву кудуратро шифо бахшид. Ба ҷанги хонабарандози хонаводагӣ хотима дод, тоҷику тоҷикистониёнро ба ҳам оварду рушди аслии диёр эҳёи корхонаи бузурги замон, иншооти тақдирсози миллату меҳан асос гузошт.  

ТУЛӮЙИ БАХТ

Рамзист, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлати миллиямон бахти навини тоҷику тоҷикистониён аз Роғун тоза тулуъ кардан дорад. Ҳар рӯз вақте офтоби ҷаҳонтоб аз пушти шонаҳои Роғун сар боло мекунаду диёрамонро рӯшану мунаввар мегардонад, дилу дидаамон низ рӯшан мешавад ва ҳақиқатан ҳам бовар мекунем, ки бахти тоҷик тулуи тоза дорад. Аслан аз азал чунин буда. Охир, офтоб дирӯзу имрӯз аз ин мавзеъ сар боло кардан надорад-ку. Аммо инро мо гӯё акнун дарк кардем. Не Худованд аз омадшудаи олам тақдири тоҷикро ба ин мавзеъ пайваста, вале бадхоҳони дуру наздики миллат садҳо месохтанд, ки мо аз ин ганҷи Худодода дуртару дуртар бошему тангтар биандешем. Яъне соҳибватанро гӯё дар тилисм нигоҳ медоштанд. Асли мақсадро истиқлол пеш овард ва имкон фароҳам овард, ки аз меваи озодӣ бархурдор бошему орзуҳо ба парвоз омада, даст ба ободкориҳои созанда бизанем чун бунёди Кохи Нур, Вале, осон набуд ба ин  мавқеъ расидану ба хулосаи даркорӣ омадан.

Маҳз пайи қадами Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуда, ки ба чунин рӯзи хайру нек расидем-иброз дошт соҳибдиле.

Дуруст,-тасдиқ менамоянд шоҳидони воқеъа, ки агар ҷасорату мавридшиносӣ ва хиради азалии Президент намебуд мо аз курдуди ғазаби ибтидои солҳои навади асри гузашта берун гашта наметавонистему мисли Афғонистони ҳамсоя якумр ба муқобили ҳамдигар корду камон сари даст доштем. Дар он маврид на ба озодӣ мерасидему на ба ободӣ.

Дар ин монугирҳо ман низ ҳамчун як ҳаводору шоҳиди бевоситаи зина ба зина қомат афрохтани ин тарҳи тақдирсози бунёдгузор ба хулосае омадам, ки  агар хиради азалии роҳбарӣ, мавридшиносӣ ва аз  ҳама муҳим ҷасорати бемисли Эмомалӣ Раҳмон намебуд, хосса дар чунин замони мураккабу печидагиҳои сиёсӣ ва буҳрони молии сартосарии олам ба сохтмони бузурге чун Неругоҳи Роғун бозгаштан барои Тоҷикистон барин мамлакате, ки  маблағи сохтмонаш аз буҷаи он зиёдтар аст, ҳеҷ гоҳ дигар  даст намедод.

ҲАКИМИ ЗАМОН

Дар ҳақиқат мӯҷизаҳое баъзан аз рафтору гуфтору кирдори Эмомалӣ Раҳмон сар мезанад, – ҳикоят мекунад собиқ афсари милиса, полковники мустаъфӣ Ёқуб Азизов. –Тахминан даҳ понздаҳ сол муқаддам ман шоҳиди чунин як амали Сарвари давлат гашта, ба худодод будани ӯ ва пайи қадами хайру нек  доштану нияти тозааш қоил гаштам ва то ҳол он рафтори ӯро чун мӯъҷизае пеши рӯ оварда гумон мекунам соҳибкаромот ҳам ҳастанд.

Фикр мекунам аксари сокинони диёр собиқ раиси ҳукумати Рашт Толибовро дар хотир доранд. Вақте мардум ҳайати ҳукуматро ҳамроҳи аъзоёни комиссия Оштии миллӣ дар фурудгоҳи водии Рашт пешвоз гирифтаанд, раиси ҳамонвақтаи ноҳия Толибов бо як эҳтиёти хосса дасташро ҷониби раиси ҷумҳур дароз кард ва аз афташ барои Эмомалӣ Раҳмон аҷиб намуд ин рафтори ӯ, ки дасташро сар надода сабаби чунин муносибаташро пурсид.

Намедонам барои чӣ бошад, ки пушти дастам захм баромадааст ва…

  • Канӣ, нишон те, – сухани Толибовро бурид Сарвари давлат.

Раис хиҷолатмандона остини пиҷакашро боло кард. Аз пушти даст то оринҷ мисли шукуфа захме тамоми пустро печонда буд.

Сарвари давлат чанд маротиба бо кафи дасташ пӯсти захмини Толибовро молиш доду:

Парво накун, шифо меёбад, – гуфт.

Тахминан як моҳ аз байн гузашту собиқ раиси ҳукумати Роғун Фатҳулло Буриев аз ҳамон лаҳза ёдовар шуд.

Бовар мекунед аз маризии пӯсти Толибов ягон нишон намондааст.

  • Мумкин ягон табобат кардагист?– пурсидам ман

То ин вақт ҳам табобат мекард, аммо  шифо намеёфт. Баръакс то рафт бештар мегаштанд захмҳои дасташ.

Нағз-ку,- аз афташ нобоварии маро Фатҳулло Буриев ҳис кард, ки тавсия намуд ба Толибов вохурда аз худаш пурсам сабаби шифо ёфтанашро.

Баъди як ҳафтаи ин сӯҳбат тасодуф бо  Толибов дар маъракае дар Оби Гарм вохурдаму аз саломатияш пурсидам.

Шикоят надорам, – гуфт мухтасар.

Ман ҳамон бемории пӯстро дар назар дорам, – ба хотираш овардам он лаҳзаро.

Ҳатто нишонааш намондааст, – остинашро боло карда нишон дод банди дасташро.

Чӣ доруву дармон фоида кард?

Дуои Ҷаноби Олӣ.

Ба ҳар ҳол ягон табобат  кардӣ?

– То он вақт ҳам ба сад дар сар зада будам…

Бояд ба ҳаким будани Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ кас шак наёрад, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд шоири роғунӣ домулло Умед мутахаллис бо Мазлуми Майдонӣ, – Ин одам бузургтарин дарди миллат-кинаву кудуратро шифо бахшид. Ба ҷанги хонабарандози хонаводагӣ хотима дод, тоҷику тоҷикистониёнро ба ҳам оварду ба рушди аслии диёр замина гузошт. Бешубҳа ӯ ҳакими замон аст, ки аз доди Худо сарчашма дорад:

Онро ки кулоҳи подшоҳӣ ба сар аст,

Беҳуда ҳасад мабар, ки аҳли назар аст.

Гар подшаҳи ҷаҳон тараҳҳум накунад,

Кай бандаи аз хок чунин муътабар аст?

Ин суҳбати сарироҳӣ маро ба таҳқиқ водошт ва чанд сол пас ба сайри таърих кашид. Ба он рӯзҳое, ки силоҳ ҳокими мутлақ буду навадунуҳ дарсади мардум дар андешаи чи кор кунам ва орзуи ягонаамон аз майдон нест шудани силоҳу силоҳбадастони ташнаи хун.

МАНБАЪ: Мираҳмади Амиршоҳӣ: “Ҳакими замон”. Душанбе, “Бухоро”, соли 2015.

Китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Масрура Мирзоҳасанова,
сармутахассиси медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.