Миранвар Ҷамолов 189 китоб аз китобхонаи шахсии худро ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд
Ин китобҳо аз адибони маъруфи ҷаҳон назири Александр Дюма, Салтиков-Шедрин, Маяковский, Теодер Драйзер, Чехов, Пушкин, Ҳуго, Дастоевский, Сергей Есенин, Ҷорҷ Байрон, Булгаков, Горкий, Шукшин, Юлиан Семёнов буда, Миранвар Ҷамолов бо як ҷаҳон эҳтиром ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд. Кулли ин китобҳо дар ҳолати хуб нигаҳдорӣ шудаанд ва аксари онҳо мисли онанд, ки ҳамин ҳоло аз дӯкон харидорӣ шуда ва аз дастгоҳи табу нашр берун омада. Китобҳоро муқова гузоштан ва эҳтиёт кардану солим нигоҳ доштан аз китобдўстиву эҳтироми бузург доштан соҳиби китоб дарак медиҳад.
Миранвар Ҷамолов ахиран 189 адад китобро тавассути наберааш Азиз Орифӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа намуд, то мардум аз ин ганҷина баҳраманд гарданд.
Миранвар Ҷамолов 25 октябри соли 1946 дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1952 хонаводааш аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе кўч бастанд. Таҳсилашро дар мактаби миёнаи рақами 32 дар соли 1953 оғоз намуд. Баъд аз хатми синфи 7 ба Палитехникуми шаҳри Душанбе дохил шуда, онро бо дипломи сурх хатм намуда, таҳсилро дар Донишгоҳи хоҷагии қишлоқ (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) идома дод.
Пас аз хатми донишгоҳи мазкур фаъолияташро дар МИС-и ноҳияи Рӯдакӣ бо сифати механик оғоз кард. Инчунин дар чанд корхонаҳои дигар фаъолияти босамар дошта, дар рушди кишвар саҳми босазо гузоштааст. Кордониву малака ва дониши мукаммал ва мутолиаи пайваста буд, ки ў дар кор пешрафт карда, ба зинаи роҳбарии яке аз заводҳои пойтахт-ДОРЕЗ мушарраф гардид.
Донишмандиву саҳми босазояш дар пешрафти кору фаъолияташ бо ифтихорномаҳои фахрӣ ва медалҳо қадршиносӣ гардидааст. Соли 1992 дар иттиҳодияи “МАДАД” муҳандиси калон будааст.
Миранвар Ҷамолов ҳарчанд соли 2009 ба нафақа баромад, аммо кору фаъолияташро то соли 2019 идома дод. Зеро ў дилу ҷонашро ба хизмати меҳанаш бахшида аст.
Дар зиндагии хонаводагӣ низ намуна буда, зиндагии ибратомўз дорад, фарзандонаш сохибмаълумоту номбардори падар, соҳибкору омӯзгор мебошанд.
Гуфтанист, ки Миранвар Ҷамолов на аввалин ва на охирин касест, ки китобҳои китобхонаҳои шахсии худро барои мутолиаи доираи васеъи хонандагон ба Китобхонаи миллӣ тақдим мекунанд. То ба имрӯз шумори ин афрод рӯ ба афзоиш аст. Аксари касоне, ки китобҳои худроо туҳфа мекунанд, ходимони илму фарҳанг, донишмандони шинохта, академику докторони илм ва профессорон мебошанд.
Аммо дар миён ба мисли Миранвар Ҷамолов китобдӯстоне низ ҳастанд, ки худ мансуб ба ягон доираҳои илмӣ нестанд, вале мехоҳанд китоби китобхонаи шахсиашон дастраси дигарон низ шавад.
Раҳима Бобоева, шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.