Мирзо Турсунзода ба Муъмин Қаноат: “Худат ва Иттифоқро эҳтиёт кун, ки мо рафтем…”

Мирзо Турсунзода Боре устод Айнӣ ба Раҳим Ҳошим дар мавриди шахсияти Мирзо Турсунзода гуфтааст: «…Ин ҷавони миёнақади пуррарўи ҳисорӣ кобилияти аҷибе дорад. Гап фақат дар қобилияти шоирии вай нест, балки ў одамонро ба гирди ҳам ҷамъ карда, муборизаи хурдхоҳӣ ва худписандиҳоро барҳам дода, пеши роҳи зуҳури гуруҳбандиҳо ва маҳалчигиҳоро гирифта ҷиҳатҳои қавӣ ва неки ҳар як аз онҳоро ёфта метавонад ва барои пешрафти адабиёт аз ранҷиш ва озурдагиҳои шахсӣ чашм мепўшд…» (Радий Фиш, Раҳим Ҳошим. Бо амри виҷдон- Душанбе» Ирфон, 1979, с.209).

Раҳим Ҳошим зимнан худ мегўяд: «Айнӣ, ки дар изҳори ҳиссиёти худ худро ва дар таъриф кардани одамон хеле эҳтиёткор аст, дар ин ҷавон қобилияти роҳбар ва падар шудан ба насли ҷавони адибони тоҷикро мебинад..» (Ҳамон маъхаз, с.209).

Чунонки гуфтем, устод Турсунзода такрибан ба ҳама ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонда шудааст. Дар даврони Шуравӣ чунин тартиб буд, ки шахсиятҳоро зина ба зина тарбия менамуданд ва бо ҷоизаҳои давлатӣ қадрасиашон мекарданд. Шояд дар муҳити адабии тоҷик устод Турсунзода нахустин шахс бошад, ки Ҷоизаи Сталинӣ, соли 1948, насибаш гардидааст. Дуввумин шахс Садриддин Айнӣ аст, ки барои кисмҳои якуму дуввуми «Ёддоштҳо», соли 1949, ба Ҷоизаи Сталинӣ сазовор дониста шудааст. Ба ҳамин монанд, устод Турсунзода аз аввалин адиби тоҷик буд, ки соли 1967 ба унвони баланди Давлати Шуравӣ – Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ноил гардидааст. Тақдирро бубинед, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҷумлаи адибон устод Турсунзода дуввум адиб аст, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурӣ ба унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» пазируфта шуд. Ҷолиб аст, ки аз ҷумлаи адибони боманзалати даврони Шуравӣ, ки бо Мирзо Турсунзода сазовори «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ» гардида буданд, устод Турсунзода аввалин аст, ки ба мартабаи Қаҳрамонии дуввум пазируфта мешавад. Яъне устод Турсунзода ду карат унвони Қаҳрамонӣ дорад. Ҷойи таассуф аст, ки мо зиёиён ба Дастгоҳи иҷроияи Сарвари Давлат пешниҳод накардаем, ки ба устод Мирзо Турсунзода унвони Қаҳрамонӣ дода шавад. Аммо ҷойи таҳсин бояд бошад, ки ин унвонро барои устод Турсунзода дар арафаи 90-солагии ў худи Президенти кишвар кашф намуданд. Гумон мекунем, ки ин ибтикори Сарвари Давлат саривақтӣ буд, зеро баъд аз ҳодисаи «бозсозии Горбачовӣ» аз ҷониби баъзе фарҳангиёни тангназари худӣ ва гоҳе хориҷӣ ҷониби шахсияти Мирзо Турсунзода ва шеъри ў сангпартоиҳо сурат гирифтанд. Ҳатто нодидагирӣ ба он дараҷа боло рафт, ки таҳиқиқи шеъри ўро нолозим донистанд. Турсунзодашиносони замони шўравии тоҷик, тақрибан дигар доир ба шеъри Мирзо Турсунзода изҳори ақида намекардагӣ шуданд ва исми ўро ба ҷумлаи «ва ғайраҳо» дохил намуданд. Бархе ба «ревизия- тафтиш»- и адабиёти даврони шўравии тоҷик пардохтем ва ҳеҷ нахостем, ки муҳити иҷтимоиву сиёсии давр ва воқеияти сотсиалистии тоҷикро дар ин баҳодиҳӣ ба мадди назар бигирем. Охир, он воқеият таърихи ҳафтодсолаи миллат аст, чӣ тавр мешавад, ки онро инкор намоем? Бубинем, ки асри бисту як чеҳраҳое монанди Айниву Лоҳутӣ ва Мирзо Турсунзодаву, Сотим Улуғзодаро кашф карда метавонад? Дар даҳ – понздаҳ соли охир фақат рекламаи адабиётро ба мушоҳида мегирему бас. Он чи «реклама» шуд, яъне харидор надорад. Ҳанўз ҳам адабиёти «насли Айниву Лоҳутӣ», «насли Мирзо Турсунзодаву Миршакар ва Боқӣ Раҳимзода», «насли Мўъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир»-ро чун рамзи адабиёти асил ба забон мегирем. Марҳум Ғаффор Мирзо чи эҷоди адибу дилрабое дошт. Ба идомаи насли Мўъмин Қаноат боз ҳам шеъри Гулрухсору Гулназар, Фарзона, Раҳмат Назриву Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб, Меҳринисои Бобобек, Алиаҳмад Муродӣ ва чанд шоири дигар аз ҳамин наслро мехонем, ашъори шоирони нисбатан ҷавону ояндабахш Абдуқодири Раҳим, Рустами Ваҳҳоб, Салими Хатлонӣ, Хайрандеш, Аҷамӣ Муҳаммадалӣ ва Сиёвушро мепазирем, аз насри зиндаёд Фазлиддин Муҳаммадӣ ба некӣ ёд мекунем ва асрҳои Саттор Турсуну Сорбону Ўрун Кўҳзод, Абдулҳамид Самаду Кароматуллоҳи Мирзо, Ҷонибек ва Сайф Раҳиму Абдураҳмони Барот ва чанд носири дигарро бароҳат мутолиа менамоем. Ба эҷоди Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Наимҷон Назирӣ, Раҳматзод Аҳмалҷон арҷ мегузорем ва ғайра. Албатта, дар адабиёти даврони истиқлол гоҳе садоҳои дилнишин ба гўшҳо зарба мезананд, вале ин садоҳо шояд дар оянда оҳанги ҷаррангосӣ пайдо намоянд. Бо вуҷуди ин шояд, дар асри 21 адабиёти асилу азалӣ ва шоири навъи Рўдакиву Хофиз ба вуҷуд биояд, аммо адибе монанди устод Турсунзода, ки дар баробари касби шоирӣ дар ҷаҳони мутмаддин аз миллати тоҷик дифоъ кунад, бузургии онро муаррифӣ намояд, парваришаш хеле сангин хоҳад буд.

Устод Турсунзода шахсияти нотакроре буд, ки ҷонашро баҳри пойдории миллаташ ва Давлати Шуравӣ сарф намудааст. Дувоздаҳ соли охир саломатии Мирзо Турсунзода чандон хуб набуд ва ҳамеша таҳти назорати духтурон буд. Аммо масъулияти давлатие, ки ў дошт, лозим мешуд, ки соле чор-панҷ маротиба ба хориҷи кишвар сафар намояд, ки бештар ба фаъолияти вай дар Кумитаи Сулҳ иртибот мегирифт. Вақте мегўем, ки ў ба 25 ё 30 давлати хориҷӣ сафар мекард, ин чунин маънӣ дошт, ки қабл аз сафар сўзандорўи зидди холера (обпартояк) қабул менамуд ва ҳамчунин дигар дорухои мавриди заруратро истифода мекард. Табиист, ки ин сўзандоруҳову таблеткаҳои дигарро қабул карданаш, хоҳу нохоҳ ба баъзе узвҳои дохилии ў таъсири манфӣ мерасонданд. Шояд худи устод ин ҷиҳатро ба хубӣ дарк менамуд, вале масъулиятмандӣ дар назди давлат ўро водор месохт, ки манфиати давлатиро ба ҷойи аввал гузорад.

Соли 1977 ду моҳ қабл аз фавташ, ки ҳеҷ мумкин набуд, ба Булғория, Боку ва Алма-ато сафар кунад, аммо ба машварати духтурон гўш надод ва ин ду сафарро дар вазъияти беморгунагӣ ба анҷом расонид. Аз ин чост, ки моҳи августи 1977 ба куллӣ бистарӣ шуда, ба бемориҳои дар тўли 10-12 сол асаркардааш мубориза бурданӣ мешавад. Аммо ҳамон сӯзандоруҳои зидди холера ба гуфтаи профессор Холматов ба ҷони устод чунон асар карда будаанд, ки бисере аз узвҳои дарунии ў 10-12 сол қабл аз фаъолият монда будаанд. Устод Турсунзода дар муддати беш аз сӣ соли сарвари Иттифоқи нависандагон буданаш шогирдони зиёде тарбия намуда буд, ки онон ҳамеша ба аёдати ў мерафтанд ва аз бемории устодашон худро нороҳату андешаманд медиданд. Устод Турсунзода ҳамеша дар ботин андеша меронд, ки ҷояш холӣ нахоҳад монд, зеро дар шахси М.Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва амсоли онон шогирдони воқеӣ тарбия кардааст ва акнун метавонад, худро ором бубинад. Гузашта аз ин, Мирзо Турсунзода ба ҷашни 100-солагии устод Айнӣ омодагӣ гирифтанро таҳти назорати хеш қарор медод ва донишу қобилияти ташкилотчигиашро дар ин роҳ сарф менамуд. Ҳамчунин, устод он рўзҳо фикру зикраш дар тайёрии Рўзҳои адабиёти Русия ҳам банд буд. Табиист, ки он шабу рўзҳо Муъмин Қаноат бештар ба аёдати устод мерафт ва баъзе супоришҳоро дар мавриди чорабиниҳои ишорашуда мегирифт. Воқеан, устод Турсунзода Муъмин Қаноатро монанди Лоиқ чун фарзанд дўст медошт ва ба бемориаш нигоҳ накарда кўшиш менамуд, ки Муъмин Қаноат вақти дар ҳаёт будани ў ба Ҷоизаи Давлатӣ сазовор дониста шавад. Ҳамон айём устод вобаста ба мавзуи мазкур дар шоҳидии М.Қаноат чунин баён доштааст. «Ман ба Н.Тихонов занг задам ва аз ҷумла гуфтам, ки ҳам беморам ва ҳам Даҳаи русро дорем ва дар ҷаласаи Кумитаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ наметавонам ширкат кунам ва лизо ваколати ман низ ба ўҳдаи шумост, ва аммо бо ин хоҳиш, ки вақти ҷаласа «Сурўши Сталинград»-и Мўъмин Қаноат аз ёд наравад». Бо шунидани ин суханон М.Қаноат мегўяд: “Устод муҳим саломатии шумост, на ҷоиза”.  Устод Турсунзода мефармояд: «Бародар зиндагӣ танҳо ҳамин як роҳро дорад: мубориза барои ҳадафи аслӣ, то охирин нафас…» ва лаҳзаи ҷон додан устод ба Муъмин Қаноат гуфтааст: «ХУДАТРО ВА ИТТИФОҚРО ЭҲТИЁТ КУН, КИ МО РАФТЕМ…”.

Чунонки медонем, баъд аз фавти Мирзо Турсунзода шогирди бовафояш МУЪМИН Қаноат сазовори Ҷоизаи Давлатии Шуравӣ дониста шуд.

Мирзо Турсунзода умуман дар зиндагии шахсӣ ва эҷодӣ манфиати шахсӣ надоштанд. Боз ҳам ба охирин рўзҳои ҳаёти устод рў меоварем, ки ба фарзандон чунин васиятро раво дидааст. «Ҳарчи дорам, ба миллат тааллуқ дорад, талош накунанд…» Сухани устод канда-канда будааст, аммо маънӣ ва мантиқи равшан доштааст. Фарзандони устод васияти падарро шарофатмандона иҷро карданд: ҳарчизе ба устод тааллуқ дошт, гирд оварданд ва дар хона-музейи вай гузоштанд… Рўзи 24 сентябри соли 1977 барои миллати тоҷик ба рўзи мотам табдил ёфт. Ин соле ҳам буд, ки се бузурги миллатро – Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Маҳмудҷон Воҳидовро марги нобаҳангом аз миён рабурд. Мешавад гуфт, ки се қаноти миллат шикаста гардид….

Мирзо Турсунзода фарзанди замони худ буд ва дар даврони соҳибистиқлолии миллат низ ҳамон қарзи фарзандиро адо менамояд. Мирзо Турсунзода ба сифати як чеҳраи адабӣ ва ҷамоатчӣ каси одӣ набуд ва халлоқияти эҷодии ўро чун рамзи миллати овозадори тоҷик мешинохтанд ва эҳтиромеро, ки нисбаташ дар дунёи бурунмарзӣ доштанд, дар айни замон маънии эътирофи миллати тоҷикро медод. Аз ин ки Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷашни 100-солагии Мирзо Турсунзода ба сохторҳои марбута супориш дод, ки боз як маротибаи дигар манзалати умумибашарии устод ба ҷаҳониён нишон дода шавад, зеро маҳз ў буд, ки дар солҳои 50-70-уми асри 20 тоҷиконро бо ном ва фаъолияташ ба ҷаҳон машҳур мекард ва ба туфайли ў Тоҷикистонро ҷаҳон мешинохт ва эътироф менамуд. Чунин менамояд, ки дар муҳити адабии тоҷик ҳанўз ҳам ҷойи устод Турсунзода холист.

Майи соли 2009

Манбаъ: Худойназар Асозода: “Воқеият, сиёсаиӯт ва Садриддин Айнӣ”. Душанбе, соли 2010.

Хонандагон метавонанд ин китоби хубро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Таҳияи Ойҷонгул Давронова