Мирзораҳмат Давлатов: “Бодаи пирӣ”
Мирзораҳмат Давлатов аз зураи қаламкашони номии ноҳияи Панҷ буда, зиёда аз понздаҳ сол аст, ки пурра ба кори эҷодӣ машғул аст. Аз рўи навиштаҳояш, хусусан қиссаву ҳикояҳо, ҳаҷвияву мақолаҳое, ки дар маҷмуаҳои «Номус», «Садоқат», «Хандазор», «Ҳисса аз қисса», баъдтар бо номи «Сияҳсавор» ва «Ғунчаҳои захмин» гирд оварда шудаанд, миёни ҳаводоронаш мақоми шоистаро сазовор гаштааст.
Мирзораҳмат чун узви фаъол ва роҳбари маҳфили адабии «Шукуфа»-и назди рўзномаи «Ҳаёти нав» дар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ иштирок менамояд. Ў борҳо ғолиби озмунҳои телевизионии «Бустон», «Андалеб», «Ровии беҳтарин» гаштааст. Дар эҷоди назм низ даст дошта маҷмуаҳои шеърии худро бо номи «Андешаҳои сабз», «Боғи бобо» ва «Як даста гули тоза» пешкаши дўстдорони назм гардонидааст.
Инчунин ў солҳои 2021 ва 2022 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доной китоб аст» аз рўи номинатсияи эҷоди наср ширкат намуда, то даври ниҳой роҳ ёфта, сазовори мукофотҳои пулию молӣ, Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва Сертификати Вазорати маориф ва илм Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштааст.
Ин намунаҳо аз ин китоб:
ДУБАЙТИҲО
«Расида рўзи модар, модарам ку?»
Ҳамон модар, ҳамон муштипарам ку?
Буда аз баҳри ман ҷону дилу тан,
Ҳамон ҷону ҳамон дилу танам ку?
Ватан меҳри туро дар сина дорам,
Ба бадхоҳони ту ман кина дорам.
Надорам ганҷи Қорун нест боке,
Туро дорам, ҳама ганҷина дорам.
Эй Зарафшон, ту Бадахшони манӣ,
Эй Бадахшон, ту Зарафшони манӣ.
Хуталу, Рашту Ҳисори Шодмон,
Хоки поки Тоҷикистони манӣ.
Чӣ донад бевафо аҳду вафоро,
Кунад пеша ба худ ҷабру ҷафоро.
Биранҷонад ҳама халқи Худоро,
Надонад лаззати сидқу сафоро.
Баҳори Панҷи ман бас дилрабо аст,
Насими форамаш бас дилкушо аст.
Фазояш рўҳ бахшад ҷону танро,
Канори рўди Панҷаш босафо аст.
Буду набудам ҳаст Тоҷикистон,
Ҳам тору пудам ҳаст Тоҷикистон
Созу сурудам, сўзу вуҷудам,
Пайку дурудам ҳаст Тоҷикистон.
Агарчи ганҷи беандоза дорӣ,
Баҳои одамӣ ним ҷав надорӣ.
Бикоридӣ ту арзан дар замират,
Макун умед, ки гандум барбидорӣ.
Зи пеши чашми худ дуртар надидӣ,
Касеро аз худат зўртар надидӣ.
Расида меваи афсўси умрат,
Касеро аз худат кўртар надидӣ.
Панҷи ман нуру саодат дорад,
Мардумаш меҳру садоқат дорад.
Кони ганҷу кони гавҳар Панҷи ман,
Дасти пиронаш шарофат дорад.
Хоҳишмандон китоби Мирзораҳмат Давлатов “Бодаи пирӣ”- ро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.
Таҳияи Саломат Якубова,
сармутахассиси шуъбаи
хизмарасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.