Мизи гирд бо иштироки намояндагон аз  сафоратхонаҳои хориҷӣ дар Китобхонаи миллӣ

Ҷумахон ФайзализодаИмрӯз 28-уми ноябр дар Китобхонаи миллӣ мизи гирд зери унвони “ Рушди фаъолияти байналмилалии китобдории Китобхонаи миллӣ дар даврони истиқлол” доир гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагон аз сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳуриҳои Корея, Белорус, Озарбойҷон, Қазоқистон инчунин намояндагон аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва Китобхонаи бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷумахон Файзализода чорабиниро ифтитоҳ намуда, доир ба фаъолияти пурсамари Китобхонаи миллӣ суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои Китобхонаи бо дигар кишварҳо хеле афзоиш ёфта, кормандон ба сафарҳои хидмати пайваста равон карда мешаванд. Аз ҷумла муовини аввали директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода бо чанде аз роҳбарони шуъбаву бахшҳо дар семинарҳои омӯзиши дар шаҳри Москва ширкат намуданд. Ҳамчунин имрӯз низ чанде аз кормандони фаъоли Китобхона дар сафари хидматӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон қарор доранд. Ҳамаи ин далели он аст, ки мо ҳаматарафа мехоҳем, ҳамкориро бо  дигар ҷумҳуриҳо ба роҳ монем ва дар рушду пешрафти соҳаи китобдорӣ саҳмгузор бошем.

Мизи-гирдЛи Нан – намоянда аз сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни суханронии худ, доир ба Китобхонаҳои ин кишвар ва ҳамкориҳои онҳо бо дигар мамлакатҳо аз ҷумла Тоҷикистон изҳори назар намуд. Ли Нан аз ҷумла гуфт, ки Чин барои ҳамкориҳои судманд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ намуда, ҳамчунин омода аст дар оянда низ барои рушди ин ҳамкориҳо корҳои назаррасро анҷом диҳад.

Новак Александр Василевич – намояндаи сафорати Ҷумҳурии Белорус иброз дошт, ки кишвараш чун дигар кишварҳои ИДМ омода аст, бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон  ҳамкориҳо намуда, соҳаи муҳими ҷамъияти китобдориро рушд диҳад. Александр Василевич ҳамчунин аз баргузории семинару омӯзишҳои сатҳи байналмилалӣ, ки намояндагони Китобхонаи миллӣ ширкат намудаанд, изҳори хушнудӣ намуда, гуфт, ки Ҷумҳурии Белорус низ дар оянда барои рушди соҳаи китобдорӣ омода аст мутахасисони соҳаро ҷалб намуда, омӯзишҳои судманд гузаронад.

Намояндагон аз сафорати Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Куриё низ дар мизи мудаввар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мизи гирдДар ҳамоиш дотсент Шариф Комилзода дар робита ба баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ” суханронӣ намуда, гуфт ки ин озмун барои сайқал додани тафаккури ҷомеа ва пешрафти кишвар бисёр замимаи хубе фароҳам меорад.

Комилзода дар идомаи суханронии худ қайд намуд, ки ин озмун дар низомномаи наминатсияи адабиёти ҷаҳон гурӯҳи китобҳоеро барои довталабон аз адабиёти кишварҳои ҷаҳон пешниҳод намудааст. Аз ҷумла, адабиёти кишварҳои Белорус, Арманистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Украина ва дигар кишварҳоро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин нишони он аст, ки Ҳукумати кишвари Тоҷикистон тамоми шароиту имконотро фароҳам овардаст, ки халқ аз фарҳангу маданияти кишварҳои пешқадами дунё огоҳи ёбад ва ҳамрадифи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. Ин ташаббуси   Тоҷикистон қобили дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсус аст.

Дар интиҳои ҳамоиши мазкур намояндаи вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон – мушовири Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнусия Муҳаммад Эгамзод суханронӣ намуд. Вай аз ҷумла иброз дошт, ки як шохаи рушди соҳаи китобдорӣ робитаҳои байналмилалист ва Тоҷикистон ҳамвора мекӯшад барои таҳкими ин гуна робитаҳои фарҳангӣ бештар иқдом кунад.

Дар ҷамъбаст миёни ширкаткунандагон табодули афкор сурат гирифта, намояндагон назару пешниҳодоти худро дар робита ба пешрафти соҳаи китобдорӣ ва Китобхонаи миллӣ изҳор карданд.

Наргис  НАЗАРЗОДА
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.