Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи оила  

Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣИмрӯз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи оила, ки 15-уми май дар ҷаҳон таҷлил меградад, дар Китобхонаи миллӣ, мизи гирд зери унвони “Оила макони зиндагист” доир намуд.

Фазилатпочои Маҳмадюсуф- муовини раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавзуи “Оила ниҳоди иҷтимоӣ дар ҷомеа” суханронӣ намуд. Ташаккул ва рушди институти оила дар ҷомеа таърихи дуру дарози худро дорад. Дар тамаддуни инсонӣ он ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ, мустаҳкамкунандаи василаи муошират ва муносибати иҷтимоӣ ба фазоест, ки арзишҳои умумиинсонӣ аз қабили муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳазмистӣ, таҳаммулпазирӣ ва ғайра дар он ташаккул ёфта, рушд кардааст, изҳор дошт ӯ. Ба таъкиди ӯ оила дар ташаккули шахсияти исон аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва нахустни зинаи иҷтимоишавии шахс ба ҳисоб меравад.

Наргис Шарифзода, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ дар мизи гирд ширкат ва суханронӣ намуд.

Ба андешаи ӯ оила ҳамчун ҷузъи таркибии оила аз воҳидҳои гуногун таркиб ёфтааст ва алоқаи табиӣ байни онҳо ҳамчун занҷири байни наслҳо ҳамеша дар инкишоф ва мустаҳкамӣ нигоҳ дошта мешавад.  Маҳз ба ҳамин хотир ҳар сол дар кишвари азизамон 15-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии оила таҷлил мешавад, афзуд зимни суҳбаташ Шарифзода.

Ӯ иброз дошт, ки таҳкурсии ҳар як фарди солим ва неруманд аз ҳамдигарфаҳмӣ, самимияту меҳрубонӣ,муҳаббати инсонии оилаҳо вобастгаии қавӣ дорад.

Тавре Наргис Шарифзода дар маърузааш изҳор дошт, оила гурӯҳи хурди ҷамъиятӣ, офаранда ва бахшандаи ҳаёт, бақои ҷомеа аст. Ӯ дар ин маҳфил гуфт, ки дар оила ҳамаи мафҳумот, қоидаҳо, ҳисиёт, ва одатҳои хурдӣ гузошта мешавад, ки онҳо дар ташаккулёбии минбаъдаи маънавиёти шахсият замина мегузоранд. Ниёгони мо аз азал тараннумгари ахлоқи нек  буданд ва ба тарбияи фарзанд ва нақши оила рисолаву осори зиёде таълиф намуданд. .

Дилбар Исматова, мудири бахши иттилоот ва хабар дар радиои “Садои Душанбе” дар мавзуи  “Паёмҳои пешвои миллат дар мавриди гиромидошти арзишҳои оила” суҳбат намуд. Паёмҳои Пешвои миллат, дар бораи устувории оилаҳо,таҳкими арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва рушди фарҳанги оиладорӣ равона шудаанд. Агар амиқ нафар афканем дар тӯли ин солҳо дар Паёмҳои худ муҳтарам Президенти кишвар доимо ба гиромидошти оила ва арзишҳои он ва ҳамчунин пойдор будани меҳру муҳаббат байни аъзоёни он таъкид доштанд. Ин Паёмҳо муҳимияти оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ва тарбияи насли солим таъкид мекунанд. Устувории оила ҳамчу пояи асосии ҷомеа дар Паёмҳои Пешвои миллат ҷойгоҳи хоса дорад.

Дар нишаст зикр гардид, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст. Зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгарӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад. Оила, арзиш ва фарҳангӣ оилавӣ асоси муҳимтаринест, ки асоси ҳар як инсон бар он бунёд мешавад. Ташаккули шахсият маҳз дар оила оғоз меёбад.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.