Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ: “Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест”
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар таҳти унвони “Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест” мизи гирд доир гардид.
Дар нишасти мазкур роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, намояндагон аз Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон”, кормандони Китобхонаи миллӣ ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Ҷаласаро муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атозода ифтитоҳ намуда, аз номи директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода меҳмонони мизи гирдро ба Китобхонаи миллӣ хайрамақдам гуфт.
Муҳаммадиқбол Атозода зимни суханронии худ иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣ аз рӯи рисолат ва фаъолияти худ ҳамеша барои рушд, нигоҳдошт ва ҳифзи фарҳанги миллии тоҷикӣ, ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик, тарғиб гардидани ҳунарҳои миллӣ ва густариши маънавиёти тоҷик хидмат менамояд. Муассиса талош менамояд, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ, илмӣ ва фарҳангиву ҷамъиятӣ ин масъулияти миллӣ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандиро, ки бар душ дорад, ба пеш барад.
Сипас баромади муовини директори Пажуҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои филологӣ Каримова Гулзира, муовини сардори Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибуллозода Шаҳноза, мудири бахши сифати таълими Муассисаи таълимии маркази калонсолони Тоҷикистон Саидова Райҳонбӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Боқизода Муҳаммадзикриё, омӯзгори кафедраи санъатшиносии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сафарова Зарнигор ва Севара Дамирбоева ироа гардид.
Зимни суханронии худ меҳмонон сухан аз ташаккулёбии фарҳангу ҳунар дар раванди таърих, аз арзишҳои баланди ҳунар дар ҷомеа, ба самти афзалиятнок табдил ёфтани ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ҷавонону калонсолон ба омӯзиш ва азбар намудани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷойгоҳи хосаи ҳунару ҳунармандӣ дар тули таърихи ҳазорсолаи миллати тоҷик андешаҳои худро баён намуданд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳунар яке аз муҳимтарин омили ташаккули тамаддуни миллӣ мебошад, ки намунаи беҳтарини ин гуфтаҳо Қалъаи Ҳулбук аст. Қасри ҳокимони Хулбук ба Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Хулбук, ки дар ноҳияи Восеъ воқеъ аст, дохил мешавад. Қасри ҳокимони Хулбук, ки таърихан ба аcрҳои IX – XI мансуб аст, пайвандгари таърихи куҳани миллати тоҷик бо имрӯзи миллати мост.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар бораи Ҳулбук донишманди шинохта Эркиной Ғуломова низ корҳои зиёди бостоншиносӣ ба анҷом расонида, якчанд мақолаҳои пурарзишро доир ба таърихи ин макони ҷуғрофӣ интишор намудааст, ки онҳо барои муаррифии Ҳулбук аҳамияти беандоза доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ вобаста ба фарҳанг пайваста ҷаласаҳои илмӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор менамояд.
Махфират Муҳиддинова