Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ: «Нақши Китобхонаи миллӣ дар омӯзиши забони чинӣ ва кореягӣ»

Имрӯз (18.12.2025) тибқи нақшаи шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ мизи гирд таҳти унвони «Нақши Китобхонаи миллӣ дар омӯзиши забони чинӣ ва кореягӣ» баргузор гардид.
Дар ин нишаст роҳбарияти Китобхона, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ дар Тоҷикистон, муаллимони гӯшаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Корея инчунин хонандагон иштирок намуданд.
Сайфиддин Камолзода, муовини директори Китобхонаи миллӣ дар оғози ҳамоиш суханронӣ намуд ва иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣ на танҳо маконест, ки хонандагон меоянд, сабт мекунанд, китоб мегиранд, балки маконест, ки метавонанд ба омӯзиши забонҳои хориҷь низ машғул шаванд ва дониши худро дар ин самт низ васеъ намоянд.
Китобхонаи миллӣ бо як қатор китобхонаҳои миллии кишварҳои хориҷӣ бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кори китобхонаро ба имзо расонид. Дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Сафорати Ҷумҳурии Корея ва Китобхонаи Миллӣ дар соли 2013 гӯшаҳои фарҳангии ин кишварҳо кушода шуданд ва фаъолият мекунанд.
Сипас, Жило Гулназарзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар иртибот ба омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ дар Тоҷикистон ҳарф зад. Ӯ гуфт,ки имрӯз дар сохтори Донишгоҳи мазкур факултаҳои махсуси омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла, ихтисосҳои тарҷумони забони чинӣ, информатика ва забони чинӣ ва омӯзгори забони чинӣ, ҳамчунин тарҷумони забони кореягӣ ва омӯзгори забони кореягӣ. Бояд гуфт, ки дар донишгоҳ барои ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ андешида мешавад. Имрӯз мо бо кадрҳои баландихтисос ва омӯзгорони таҷрибадор дар иртибот ба ин самти муҳим кору фаъолият карда истодаем” – таъкид дошт ӯ.
Дар идома намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назару андешаҳои худро вобаста ба аҳамияти омӯзиши забонҳои кореягӣ ва чинӣ дар Тоҷикистон ва тамоми дунё иброз доштанд.
Котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюе Гуансен зимни суханронӣ дар ҳамоиш гуфт, ки Сафорати ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳо бо Китобхонаи миллӣ бисёр шод аст ва ин ҳамкориҳоро ҳамеша қадрдонӣ мекунад. Ташкили гӯшаи омӯзиши забони чинӣ дар Китобхонаи миллӣ далолат аз он мекунад, ки ҳукумати кишвар ба омӯзиши забонҳои маъруфи дунё бетараф нест ва тамоми шароиту имконотро барои наврасону ҷавононаш муҳайё менамоянд. Мо дар ин миён кӯшиш мекунем, дар омодасозии кадрҳо бо ихтисоси баланд саҳми худро гузорем, ҳамчунин гӯшаи мазкурро бо омӯзгорони хуби донандаи забони чинӣ таъмин намоем ва ҳар мушкиле, ки дар ин самт пеш ояд, барои бартарафсозии он роҳҳои ҳали худро ироа созем.
Намояндаи Гӯшаи Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ профессор Чой Ми Ҳи дар нишаст ширкат карда бо хушнуди аз фаъолияти гӯшаи омӯзиши забони корегӣ дар Китобхонаи миллӣ ҳарф зад. Хонум Чой Ми Ҳи таъкид дошт, ки Сафорати Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллӣ хеле миннатдор аст ва ин ҳамкориҳо дар оянда рушд ҳоханд ёфт. Забони кореягӣ ҳамарӯза дар ҳоли рушд аст ва донандагони ин забон имкони васеи кору фаъолият дар ҷумҳурии Корея ва дигар давлатҳоро пайдо мекунанд. Донишгоҳҳои Корея барои донишҷӯён стипендияҳои баландро таъид кардаанд, ки ин барои ҷавонон имкон фароҳам меорад, то таҳсилро дар ин ҷо идома дода, мутахасисони касбҳои дилхоҳи худ гарданд. Қадами муҳим барои ин ояндаи дурахшон танҳо ва танҳо омӯзиши забон аст.
Профессор Чой Ми Ҳи ҳамчунин гуфт, ки бо сабаби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кам будани мутахасисони ин забон ҷавонон бо омӯзиши забони мазкур метавонанд соҳиби дастмузди баланд гарданд, зеро Корея кишвари пешрафта аст ва имконоти васеи кору таҳсил ва зиндагиро фароҳам оварда метавонад.
Дар қисмати дигари нишаст хонандагони Гӯшаҳои омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ барои иштирокдорон шеърҳо қироат намуданд.
Бояд гуфт, дар Китобхонаи миллӣ Гӯшаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз соли 2013 дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Сафоратхонаҳои кишварҳои мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намудаанд.
Гӯшаи чин, ки фаъолияти он аз соли 2020 дар Китобхона амалан суст буд, аз моҳи сентябри соли 2024 фаъолияти худро дубора ҷоннок намуд Дар айни замон, бо дастгирии роҳбарияти Китобхона, ин марказ якчанд гурӯҳҳои омӯзиши забони чинӣ ташкил кардааст, ки дар онҳо зиёда аз 600 нафар ҷалб гардидаанд. Маркази фарҳангии Ҷумҳурии Корея низ фаъолияти худро дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Китобхонаи Миллӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Корея ҳамарӯза беҳтар намуда истодааст.
Ғайр аз ин, дар Китобхонаи миллӣ Гӯшаи омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва олмонӣ фаъолият мекунад, ки дар ин гӯшаҳо низ хонандагон ба омӯзиш машғул мегарданд. Хонандагон барои шомил гардидан ба давраҳои омӯзишӣ дар Китобхонаи миллӣ ба шуъбаи менеҷмент ва маркетинг метавонанд муроҷиат карда, худро номнавис кунанд. Китобхонаи миллӣ барои хонандагон ва омӯзиши онҳо тамоми шароиту имконотро фароҳам овардааст.
Ҳамоише, ки баргузор карда шуд, маҳз бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад, ки дар ҷамъбасти нишаст низ ин нуктаҳо зикр карда шуд.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа
Китобхонаи миллӣ