Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ: “Риояи қонун кафили рушди босуботи ҷомеа”   

photo_2024-07-11_15-47-57Баъд аз зуҳри 11 – уми июли соли равон оати 1400  дар ошёнаи сеюми   Китобхонаи миллӣ дар ҳошияи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ва  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мизи гирд таҳти унвони “Риояи қонун кафили рушди босуботи ҷомеа ” баргузор гардид.

Дар нишаст намоянда аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодон аз донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар оғози ҳамоиш муовини директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода суханронӣ намуда, мақсад ва ҳадафи ворид карда шудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ёдшударо шарҳ дод ва онро амри зарурӣ донист.

“Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузор намудани ҷашну маросим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ ба анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, аз байн бурдани хурофот ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад”- гуфт Салима Раҷабзода.

конунБурҳониддин Аминов намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муқаррароти қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби гузарондани ҷашну маросим ҳарф зада, аз ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидани он сухан гуфт. Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки мақсади асосии тағйиру иловаҳо ба қонуни ёдшуда баланд бардоштани сатҳи иқтисодии аҳолӣ ва пешгирӣ аз исроф ва манъи маъракаҳои пурхарҷ ва сермасраф мебошад.

Тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба унвони қонуни миллии тоҷикон тавонист заминаро барои қабули дигар қонунҳои миллӣ фароҳам оварад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ин ҷумла аст.

photo_2024-07-11_15-47-48Суханронии Бибиҳафиза Маҷидова, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогири Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ роҷеъ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак”  бисёр бамаврид ва саривақтӣ буд. Гуфта шуд, ки ивази номи қонуни мазкур марбут ба сину соли кӯдакон аст, чун фарзанд то синни 40-50 солагӣ ҳам фарзанд аст, вале барои ҷиноят содир кардани ӯ ва ба корҳои бад даст задани ӯ падару модарро гунаҳкор намекунанд, чун аз 18-сола боло алакай шахси болиғ аст ва масъули кирдорҳои хеш мебошад.  Бибиҳафиза Маҷидова ҳамчунин дар баромадаш қайд намуд, ки “Барои сохтани ҷомеаи солим бояд ҳар яки мо масъулият ҳис кунем. Назорат кунем, кӯдакони мо давоми рӯз ба чи кор машғуланд, ба куҷо мераванд, бо кӣ дар иртиботан ин барои ояндаи онҳо таъсири хеле калон мегузорад. Аз ин рӯ, қонунҳо, ки ҳамеша дар ҳоли тағйиранд ва ҳамеша манфиати ҷомеаро ба инобат мегиранд, бояд риоя ва дар ҳаёти ҳаррӯза ҷорӣ карда шаванд”.

Таълиму тарбия ва дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ба воя расонидани насли наврас вазифа ва масъулиятҳои муҳимми падару модар ва дар умум ҷомеа ба шумор меравад.

Дар фарҷом миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон табодули афкор сурат гирифт.

Наргис Назарзода
Бахши матбуот ва робита бо ҷомеа