Мизи гирд таҳти унвони «Президент-ҳомии миллат» бахшида ба Рўзи Президент

Рўзи Президент«Президент-ҳомии миллат» унвони мизи гирде буд, ки бо ибтикори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Мизи гирдро директори Китобхонаи милӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода ифтитоҳ намуда, ҷамъомадагонро ба муносибати ин рўзи пуршараф таҳният гуфт.

– Мардуми шарафманди тоҷик Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва ба Ватан таҷлил менамоянд. Хидматҳои шахсияти беназир Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ, истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомўш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст, гуфт ў. Шуморо ба муносибати Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегўям. Бароятон дар садоқат ба сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, амалӣ намудани иқдому ташаббусҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иродаи устувор, дурандешӣ, садоқату рафоқат, виҷдон ва дасту дили покро орзумандам!

Сарвари Китобхонаи миллӣ таъкид дошт, ки мардуми хирадманду сарбаланди тоҷикро зарур аст, ки дар роҳи таҳкими ниҳоди президентӣ иқдомҳои фароху фаротар гузошта, ба гузаштаи худ ифтихор намояд ва дар таҳкими истиқлолияти давлату миллати азизамон кўшишу талошҳои пайгиронаро амалӣ созанд.

Зимни суханронии худ Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Пайшанбезода иброздошт:

-Таърихи тўлонии тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар сарнавишти халқи мо нақши тақдирсоз дорад. Агарчанд ҳамаи ин руйдодҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсус дорад, вале ду санаи муҳими таърихӣ иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми волоро касб намудааст. Имрўзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон бо арҷгузорӣ ба давлатдории тоҷикон ва садоқат ба Президенти Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, ин ҷашнҳои фархундаро бо рӯҳияи баланди ватанпарварӣ таҷлил менамоянд. Аз номи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик менамоям.

Таҷлили Рўзи Президент барои миллати мутамаддин тоҷик дар таърихи навини мо аҳамияти беандоза муҳим дорад, зеро ин санаи сарнавиштсоз, ба шаҳрвандон имкон медиҳад ки изҳори миннатдории эҳтиром ва нақши муҳими сарвари мамлакатамонро баён намоянд.

Ёвари муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Қиёмиддин Миралиён иброз дошт, ки санаи мазкур барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ хеле арзишманд арзёбӣ мегардад, зеро дар ҳамин рўз 16-уми ноябри соли 1992 ҳамоиши тақдирсоз иҷлосияи 16-уми Шўрои олӣ доир гардид, ки дар ҳаёти мо саҳифаи таърихиро боз намуд. Иҷлосия пойдевор буд. Хушбахтона, дар иҷлосия вакилони иҷлосия он вақт номзад ба Раиси Шўрои олии мамлакатро интихоб карданд ва имрўз мо чун рамзи эҳтиром таҷлли карда истодаем.

Дар мизи гирд директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода, сардори Раёсати иттилоотии Маркази таҳқиқоти стратеги назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов, муовини Ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ Кравченко Олга Владимировна, Ходими давлатии тоҷик, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Узви Шўрои кўҳансолони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ширкат ва суханронӣ намуданд.

Раҳима АЪЗАМ,
ба
хши матбуот ва
робита бо ҷомеа