Мизи гирд: Усулҳои нигоҳдошти фонди китобҳои депозитарӣ
Бо ташаббуси шуъбаи депозитарии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон таҳти унвони “Усулҳои нигоҳдошти фонди китобҳои депозитарӣ” мизи гирд баргузор гардид.
Дар ҷаласа меҳмонон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии патентию-техникӣ, Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллӣ ҳузур доштанд.
Муовини директори Муассисиаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атозода аз номи роҳбарияти Китобхонаи миллӣ меҳмононро ба даргоҳи маърифат хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки баргузор намудани нишасту ҳамоишҳои муштарак метавонанд боиси рушди соҳаи китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад. Муҳаммадиқбол Атозода зимни суханронии худ қайд кард, ки шуъбаи депозитарӣ яке аз шуъбаҳои таркибии Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон буда, фонди онро асосан асарҳои камистифодашаванда, асарҳои нодири қимати илмидошта ва нусхаҳои зиёдатии асарҳо ташкил мекунанд. Дар шуъбаи депозитарӣ асарҳои аз солҳои 1700-ум то соли 2015 нашршуда ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд.
Бояд қайд кард, ки таркиби фонди шуъба аз маводи шакли чопӣ –китобу маҷалаҳо ва варақаҳои изографӣ (мусаввараҳо) иборат аст. Ин ҳуҷҷатҳо аз ҷиҳати мазмун асарҳои камистифодашаванда буда, қиммати баланди илмӣ доранд, ба монанди натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ (экспидитсияҳо), асарҳои олимони ҷаҳон, маълумотномаҳо (энсиклопедия, луғат, фарҳанг), ки бо забонҳои русиву тоҷикӣ ва бо ҳуруфи лотиниву сирилик нашр гардидаанд.
Сипас сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти Китобхонаи давлатии патентию-техникӣ Чорёр Файзуллозода дар мавзӯи “Нақши фонди депозитарӣ дар китобхонаҳои муосир” сухан кард. Номбурда қайд кард, ки шуъъбаи нигаҳдории хазинаҳо шуъбаи калидии Китобхонаи давлатии патентию-техникӣ маҳсуб шуда, дар ҳифз ва нигаҳдории маводи чопии нодир ва адабиёти камнашр аз қабили маълумотномаҳову луғатҳо, фарҳангҳову корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва асарҳои нодиру қимат саҳмгузор мебошад. Асосан хазинаи Китобхонаи давлатии патентию-техникро ҳуҷҷатҳои патентию дохилии кишвар, ҳуҷҷатҳои меъёриву техникии патент, адабиёти соҳаи моликияти зеҳнӣ, адабиёти соҳавӣ, маҷаллаву рӯзномаҳо, рисолаҳои илмӣ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин мудири шуъбаи электронии Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ Иқболшоева Ситора аз бартариятҳои шакли электронии китобҳо сухан карда, умед ба он баст, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд дар Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ шуъбаи депозитарӣ таъсис ёбад. Иқболшоева зикр кард, ки шуъбаи депозитарӣ ва шуъбаи электронӣ ду воҳиди гуногунанд, вале байни онҳо алоқамандии зич мавҷуд буда, ҳамкории судманд дошта метавонанд.
Ҳамчунин мудири бахши депозитарии китобхонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ Ҳасан Ҳусейнов дар мавзӯи “Меъёри интихоб ва нигаҳдории фонди депозитарӣ” баромад намуд. Мавсуф дар баромади худ аз китобхонаҳое, ки дорои хазинаи бузурги дастхатҳо мебошанд, маълумот дод. Яке аз бузургтарин хазинаи дастхатҳо китобхонаи Оятуллоҳ Маръаши Наҷафӣ воқеъ дар Эрон ба ҳисоб меравад. Ин китобхона бузургтарин маркази фарҳангии байналмилалӣ шинохта шудааст.
Дар идомаи нишаст сардори шуъбаи дастхатҳои Шарқ Рамзӣ Ҷумъақулов сухан ронда, зикр намуд, ки шуъбаи дастхатҳои Шарқи Китобхонаи миллӣ дорои 1759 нусхаи хаттӣ мебошад. Тафсири Табарӣ қадимтарин нусхаи хаттӣ дар шуъба мебошад. Ҳамчунин дар шуъбаи мазкур 2900 нусха китоби чопи сангӣ вуҷуд дорад.
Дар идомаи ҷаласа мубодилаи афкор ба вуқуъ пайваст, ки дар рафти он таклифу пешниҳод ироа гардиданд.
Зимнан, дар шуъбаи депозитарии Китобхонаи миллӣ беш аз 41 ҳазор нусха китоб гирд оварда шудааст, ки ҳар кадоме дар алоҳидагӣ боигарии Китобхона маҳсуб мешавад. Дар фонди ин шуъба китобҳое нигоҳдорӣ мешаванд, ки бо имзои махсуси шахсиятҳои машҳур тақдим ва ё аз тарафи эшон хонда шудаанд. Аз ҷумла, дар ин шуъба нусхаи китоби соли 1923 дар нашриёти Тошканд чопшудаи С.Айнӣ нигаҳдорӣ карда мешавад.
Муҳидинова Махфират,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа