Мизи мудаввари Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи Конститутсия
«Конститутсия – бахтномаи миллат»-зери ҳамин унвон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Конститутсия баргузор гардид. Директори Китобхона, профессор Ҷумахон Файзализода зикр кард, ки мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 27 сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии худро мустаҳкам карданд.
«Ҳар қадар солҳо моро аз давраи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дур баранд ҳам, аммо ҳамон қадар аҳамияту зарурати мавҷудияти он дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтар касб менамояд. Конститутсияи давлати соҳибихтиёрамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд», – гуфт Ҷумахон Файзализода.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади танзимкунанда ва муқарраркунандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мебошад. Бо шарофати арзишҳои конститутсионӣ миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон шинохтанду эътироф менамоянд.
Дар ҳамоиш ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки дар айёми таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия касоне низ буданд, ки мехостанд Конститутсияи нав на бо роҳи раъйпурсӣ, балки аз ҷониби Шӯрои Олӣ қабул карда шавад. Вале Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори он буданд, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистон танҳо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирад ва мардуми кишвар мустақилона ояндаи давлату ҷомеаро интихоб намояд. Маҳз ҳамин истодагарии сарвари давлат буд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи райпурсӣ қабул шуда, зиёда аз 86 % овозро гирифт, ин аст, ки Конститтусияи мазкур барои миллату давлати мо ҳамчун заминаи қонунгузорӣ ва сарчашмаи ҳуқуқӣ то имрӯз амал карда истодааст.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода таъкид дошт, ки бо қабули Конститутсия тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ 394 санади қонунгузорӣ, 17 қонуни конститутсионӣ, 24 кодекс, 22 қонуни авф, 23 қонуни буҷет, 310 қонуни ҷорӣ, зиёда аз 15 ҳазор санади меъёрии зерқонунӣ ва 350 санади меъёри ҳуқуқии байналмилиро эътироф намуда, эъҷод намуданд, ки раванди муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим дароварда истодаанд.
Баъд аз суханрониҳо миёни меҳмонон ва кормандони Китобхона мубодилаи афкор сурат гирифт.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
Сайёра КАРИМОВА
Китобхонаи миллӣ.