Мизи мудаввари “Президент – ҳомии миллат” дар Китобхонаи миллӣ
Имрӯз 15 ноябр дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар зери унвони “Президент – ҳомии миллат” баргузор гардид. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогика, профессор Ҷумахон Файзализода таъкид дошт, ки хизматҳои шахсияти беназир Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлол, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.
14-уми ноябри соли 2016 пас аз ба тасвиб расидани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат» мавқеи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти бештар гирифт. Ҳамчунин таъсиси сохторҳои муҳимми давлатӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайи чанд соли охир таъсиси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» нишондиҳандаи мавқеи устувори маснади Президент ва ниҳоди президентӣ дар сохти давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мегардад.
Зирк шуд, ки аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Бинобар ин, 16-уми ноябр ифодакунадаи ибтидои нахустин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон дониста мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, идеали ягона дар иттиҳод ва муборизи роҳи созишу амалисозандаи нақшаҳои дурнамои рушди миллат эътироф гардидааст. Қобилияти ташаббускории Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ нуфузи нобиғаи замонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам зиёд намудааст. Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва ба Ватан таҷлил менамоянд, зикр шуд дар чорабинӣ.
Дар ҳамоиш Гавҳар Шарофзода вакили Маҷлиси намряндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва корманди Макази омӯзиши мактаби давлатдории Эмомлаӣ Раҳмон Файзалӣ Маҳмуд перомуни фаъолият, талошу хизматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонисориҳои Президенти мамлакат дар роҳи расидан ва сулҳ ва рушди давлатдории миллӣ изҳори андеша намуданд. Дар интиҳо аз ҷониби донишҷӯёну хонандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Тоҷикистон, Гимназияи №1-и ноҳияи Варзоб шеърҳо дар васфи Президент қироат гардиданд.
Бояд гуфт дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омадаанд ва суботу осоиштагӣ, роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон Президенти Амрикои демократӣ, ки то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми ӯ зодрӯзашро ҳамчун рӯзи Президент ҷашн мегиранд.
Дар ҷумҳурии мо низ 16 ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана ба таври расмӣ бо қарори Маҷлиси Олии мамлакат 15 апрели соли 2016 таъсис дода шуд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
Матбуоти даврӣ