Модари пирӯз мехоҳад фарзандаш ҳам пирӯз бошад
Ҷоизадори Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” худаш Муродгул Саъдуллоева фарзандонашро барои ширкат дар Озмун омода кардааст. Ӯ бо як ҷаҳон умед мегӯяд: Ифтихор аз он дорам, ки фарзандонам аз пайи хондани китоб ҳастанд ва ба рӯҳияи ватандориву хештаншиносӣ бо дилу нияти пок, фаҳмиши дуруст ва эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия меёбанд.
Муродгул Саъдуллоева-омӯзгори Донишгоҳи давлатии Данғара, ҷоизадори озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2023 аз рӯи номинатсияи эҷоди назм мебошад. На танҳо шеъру достон мехонад, балки менависад, чоп мекунад, шоириро ҳам ифтихор медонад.
Ӯ ду фарзанди худро барои дар Озмун ширкат кардан омода намудааст. Имсол соли аввали иштироки духтараш дар Озмун буд, ки то даври вилоятӣ расид, аммо ғолиб нашуд. Модар, ки худ таҷрибаи ширкат дар озмунҳоро дорад, духтарашро дилбардорӣ мекунад, ки боке нест. Ин бор пирӯз нашудӣ, соли оянда ҳатман бахт ба рӯят механанд. Муҳим он аст, ки ҷиддитар омода шавӣ, аз камбудиҳои имсола хулоса барорӣ.
Аммо фарзанди дигараш Судайс Давлатов соли сеюм аст, ки дар Озмун ширкат меварзад ва ҳар сол то даври ниҳоӣ роҳ меёбад. Ду соли гузашта даври ниҳоӣ барояш нобаририҳо овард, ба пурсишҳо посух дод, вале худ хуб медонад, ки на ба ҳадде посух дод, ки пирӯз эълон шавад.
Модараш мегӯяд худам дар хона бо фарзандонам кор мекунам, бо ҳам китоб мехонем, суолу ҷавоб мекунем, хатоҳоро ислоҳ мекунем. Як муҳити хуби илмиву адабӣ дар хонаи мо ҳоким шудааст ва аз ин муҳит хушамон меояд.
Ӯ мегӯяд боварии комил дорам, ки писарам имсол назар ба солҳои пеш бо забонҳои тоҷикиву русӣ омодагии ҷиддӣ дидааст. Умед дорем имсол дастоварде дошта бошем.
Судайс Давлатов хонандаи синфи 5-и Литсейи тамоюли техникии ба номи “Афлотун”-и ноҳияи Данғара, довталаби даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон аст.
Ӯ мегӯяд 92 шеър азбар кардам, 110 асар мутолаа кардаам. Аз ин шумора 23-тояш роман ва 15-тои дигараш повест ва боқимонда ҳикояву достон ва дигар навъҳои адабӣ мебошад. Умед дорам, ки сазовори ҷойи намоён гардам, вале агар комёб нашавам ҳам руҳафтода нашуда, боз соли оянда бо тайёрии мукаммалтар ба Озмун хоҳам омад.
Дар ин озмун касонеро ҳам дидему ҳамсуҳбат шудем, ки панҷ солу шаш сол пайи ҳам то даври ниҳоӣ расидаву ноком шудаанд. Аммо ин рӯҳияи онҳоро нашикастааст. Баръакс, бештар хондаанд, бештар донистаанд.
Ин озмуни китоб аст ва китоб сеҳре дорад, ки инсонро наметавонад мафтун накунад….
Ганҷина Ҷолаева,
мутахассиси бахши матбуот ва робита бо ҷомеа