Моҷарои боварнакардании қаҳрамони як асар

Фаришта дар дӯзахИмрӯз мехоҳам барои мутолиа асареро бароятон тавсия намоям, ки маро хеле писанд омад. Тавре ки медонем ҳангоми мутолиаи адабиёти бадеӣ майнаи сари инсон ғарқи муҳити ношинос – кишвари  дигар, касбу ҳунари дигар, қаҳрамони ношинос, рӯйдодҳои ғайричашмдошт ва ғайраҳо  мегардад.

Ҳини мутолиаи романи Соҷидаи Мирзо “Фаришта дар дӯзах” маҳз ана ҳамин гуна эҳсос хонандаро фаро мегирад. Роман аз сарнавишти духтаре ҳикоят мекунад, ки пур аз моҷарову гирудори зиндагӣ аст. Моҷароҳои ба сари қаҳрамони асар Фаришта омада боварнокарданианд…

Толеи бад зани ҷавонро пайваста думболагир аст. Падараш ба ӯ рӯи хуш намедод, зеро ҳамеша бо фикри “мардум чӣ мегӯянд” мезист. Аз тарси “ҳарфи мардум”, зиндагии духтарашро гӯё “сомон” дод ва ӯро бо як издивоҷи маҷбурӣ ба гирдоби ғарибӣ, хориву зорӣ ва таҳқиру таҷовуз афканд. Фариштаи нозанин оташи дӯзахро дар ҷони худ имтиҳон кард.

Саргузашти ин нозанин хеле дардноку пурҳаводис аст. Ҳодисаҳои яке аз дигаре ғайричашмдошт. Саргузаште, ки се солаш ба андозаи даҳ соли умр аст…

Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, хонданаш бисёр равон аст, зеро тақдири Фариштаи нозанину ноком касеро бетераф гузошта наметавонад.

Махфират Муҳиддинова,
мутахассиси бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.