Моллопаноҳ Воқиф – шоире, ки аз ҷабри шоҳон кушта шуд
Классики адабиёти озар Мулопаноҳ мутахаллис ба Воқиф аз ҷумлаи шоирони қабл аз инқилобии Озарбойҷон ба шумор мераванд. Маълумоти роҷеъ ба аҳвол аз ҷараёни зиндагии Воқиф мухталиф ва хеле нопураанд. Санаи таваллуди ӯро соли 1717 тахмин мекунанд.
Маълум аст ки Воқиф дар деҳаи Салоҳлии Озарбойҷон ба дунё омада, дар ҳамин деҳа таҳсили илм кардааст. Сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ки ӯ забонҳои форсӣ ва арабиро хуб медонист бо ин забоҳо шеър мегуфт ва илмҳои ҳикмат, нуҷум, тиб, ва ғайраро аз бар карда буд.
Воқиф дар арзи солҳои 1759-1760 бо сабабе зодгоҳи худро тарк мегӯяд ва рӯ ба сӯи шаҳри Шуша мениҳад, ки маркази маъмурии хонигарии Қаробоғ ҳисоб меёфт. Аввал чанд муддат дар деҳаи Тартарбосар зиста, баъд ба марказ меравад ва дар тӯли солҳои 1769-1770 ба дарбор даъват мешавад. Дере нагузашта аз муқаррабони хон мегардад. Чунон ки муаррихон зикр мекунанд, дар ҳамин солҳо бо тавсия ва маслиҳати Воқиф бо шоҳи Гурҷистон Ираклии II ва Русия муносибатҳои хуб баргузор мешавад.
Солҳои ҳаштодуми асри ҳаждаҳ бо сабаби ба Русия наздик шудани Қафқоз ва хусусан баъди ба таҳти ҳимояи Русия гузаштани Гурҷистон таъсири Эрон дар он сарзамин суст мегардад.
Ба шарафи ба таҳти ҳимояи Русия дохил шудани Гурҷистон Иброҳим Халилхон ва вазири аъзами ӯ Воқиф ба Тифлис меоянд, ки ин сафар дар эҷодиёти Воқиф саҳифаи рангинест ва минбаъда таъсири худро гузоштааст.
Вафоти Екетиринаи II ва аз тарафи Павели I аз Қафқоз даъват карда шудани сипоҳи рус сабаби ба ин сарзамин, алалхусус ба сӯи хонигарии Қаробоғ лашкар кашидани шоҳи Эрон оқо Муҳаммади Қочор шуд. Оқо Муҳаммади Қочор шаҳри Шушаро ба осонӣ забт кард, чун хон бо аҳли оилааш ба сӯи Доғистон фарор карда буд, вазири кабири ӯ Воқифро асир гирифт. Баъди зиндон ва азобу уқубати бисёр рӯзи қатлро муайян карданд, вале қатл ба субот нарасид, чунки оқо Муҳаммади Қочор ногаҳон кушта шуд.
Баъди ӯ Муҳаммадбеки Ҷавоншер ба тахт нишаст ва ҳамон шароити барои Воқиф таҳдидомез аз сари нав ба миён омад. Низои шоҳ ва шоир ба он сабаб гашт, ки Воқиф ҳамроҳи писараш Алибеки шоир аз сари аз сари кӯҳ ба ҷарӣ партофта шуд. Сипас хонаи шоир тороҷ гардид ва асарҳои ӯро оташ заданд.
Аммо мардум, ки шоирро хеле эҳтиром мекарданд, қисме аз эҷоди ӯро дар ёд ва муҳаббати ӯро дар дил ва хотири ӯро пос доштанд. Ҷасади шоир дар доманаи хушманзари теппае ба хок супорида шуд ва рафта-рафта эҳтироми одамон мазори шоирро ба зиёратгоҳ табдил дод.
Воқиф ҳамчун сарояндаи зебоӣ ва ишқу муҳаббат дар ташкили назми озар таъсироти ҷиддие даровард ва ба вазни “ҳиҷо” шеъргуфтанро ҷорӣ кард. Ӯ баробари шакли нав ба назм маънии нав дод ва дастраси умум гардонд. Назми Воқиф аз афкори фалсафӣ, ҳисси инсодӯстӣ, самимият ба одам ва ишқи пок саршор аст ва беш аз дусад сол боз дар дили одамон орзуҳои беҳтарин мепарварад, муҳаббати соф ва дӯстории зиндагиро талқин мекунад.
Ин ду ғазал аз ӯст:
Ҳабибам, бо чунин сурат ту аз раъно накӯ ҳастӣ,
Ба саҳни гулшани фирдавс аз тӯбо накӯ ҳастӣ.
Ҳама хубон ба даргоҳат шуда як чокари камтар,
Ба тахти ҳукмфармоӣ ту аз Доро накӯ ҳастӣ.
Сари мӯе аз он зулфат маро беҳтар аз ин олам,
Ба назди ман ту аз дунёиву дунё накӯ ҳастӣ.
Ба пеши тоқи абрӯят наёрам рӯ ба он меҳроб,
Ба назди ман ту аз он Каъбаи улё накӯ ҳастӣ.
Зи Фарҳоду зи Маҷнун ҳаст ишқи Воқиф афзунтар,
Ба ҳусни хеш аз Ширину аз Лайло накӯ ҳастӣ.
***
Аз ҷафою меҳанти як маҳлиқо ранҷидаам,
Аз адою ҳилаи як бевафо ранҷидаам.
Мадҳи рӯяшро чу гул бар ҳар чаман андохтам,
Аз лаби чун ғунчаи як дилрабо ранҷидаам.
Як қадаҳ май хостам, бишкаст ҷоми шишаам,
Ман зи дасти соқӣ аз санги ҷафо ранҷидаам.
Ҳарфи ёр орӣ ба дил, як ранҷи дигар медиҳад,
Ранҷишам аз ғайри ният, з-ошно ранҷидаам.
Пояи меҳру муҳаббатро чу дидам беасос,
Воқифо, аз суҳбати ин бевафо ранҷидаам.
***
Манбаъ: “Садои Шарқ”, соли 1968 №10
Таҳияи Шавқинисо Носирова,
мутахассиси шуъба матбуоти даврӣ.