Муқаддас Юсуфӣ: Аз хондани асарҳои Пешвои миллат хазинаи донишамро зиёд ва ҷаҳонбинии худро васеъ менамоям
Рӯзи дуввуми озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат” дар Китобхонаи миллӣ ҷараён дорад ва то ҳоло 42 донишҷӯро доварон санҷиданд. Таи ин 2 рӯз андешаҳо дар мавриди он гуногун буда, озмун таваҷҷуҳи бисёриҳо ба худ кашид. Аз мушоҳидаҳо маълум шуд, ки баъзе донишҷӯҳо ва муассисаҳои таълимӣ гумон кардаанд, ки ин даври аввали он аст ва хостори ширкат дар сабқат шуданд.
Барои огоҳ шудан аз рафти сабқат ба гурӯҳи 3 сар задем. Бо як донишҷӯи фаъолу пурхонда Муқаддас Юсуфӣ, донишҷӯи соли сеюми коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаи он пешкашатон мегардад:
Хушбахтам, ки дар чунин озмуни бонуфуз ширкат намудан насибам гашт.
-Аз асарҳои Пешвои миллат кадом китобҳоро хондед?
– Аз 27 асари бузургҳаҷми Пешвои миллат китобҳои “Забони миллат-ҳастии миллат”, “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва “Аз Ориён то Сомониён”…-ро мутолиа намудам.
-Чароаз низомнома маҳз ин китобҳоро интихоб кардед?
– Ман, ки омӯзгор мешавам ва насли ояндаро тарбия менамоям, мутолиаи ин асарҳо ҳамчун устод бароям ҳастмист. Гузашта аз ин бо хондани китобҳои Пешвои миллат хазинаи донишамро зиёд ва ҷаҳонбини худро васеъ менамоям. Аз ширкат дар озмун бар замми омӯхтану баҳра бардоштан аз суҳбату донишҳои дигарон таҷрибаи зиёд меандӯзам.
Боз ба он хотир китобҳои номбаркардаамро интихоб кардам, ки онҳо бароям дастрас буданд. Дар озмунҳои шаҳриву ноҳиявӣ низ ширкат варзидаам.
Дар “Чеҳраҳои мондагор” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бисёре аз чеҳраҳои мондагорро ба мо муаррифӣ намудаанд. “Аз Ориён то Сомониён” ба мо мегӯяд аз куҷо омадаем, аз кадом дудмон сабзидаем, яъне аз таърихи худ бохабар шуданро ба мо меомӯзонад. Ва аз китобу сарчашмаҳое, ки он кас истифода бурдаанд, бохабар мешавем.
“Забони миллат –ҳастии миллат аст” забони нобу қадимӣ доштанамонро ба мо иброз медорад.
-Дастрас намудани китобҳо осон буд?
– Дастрас намудани бархе аз китобҳои низомнома душвор буд, зеро асарҳои Пешвои миллат дар минтақаҳои дурдаст камёфт мебошад. Ҳар китоберо пайдо накардам, аз китобхонаҳои муассисаамон, Китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ва дигар китобхонаҳо дастрас намудам.
-Нақши озмунҳо дар ташаккули китобхонии ҷомеа?
– Озмунҳое, ки 5 соли охир бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат баргузор меграданд ва озмуни “Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои милат” шавқу рағбати ҷавононро ба китобхонӣ зиёд менамояд. Ба хотири ҷоиза ширкат варзида ҳам донишашонро пурра мекунанд ва ҳам подоши молӣ мегиранд.
-Дар сабқатҳои дигаре ҳам иштирок мекунед?
Пас аз ин озмун ба озмуни “Шоҳномахонӣ” омодагӣ мегирам
Мусоҳиб Раҳима Аъзам.