МУҲАММАДЮСУФ ИМОМЗОДА. «Устоди бемузду беминнат»

Мавриди зикр ва ҳамзамон ифтихори аҳли илму адаб аст, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарпарастии Пешвои миллат миёни тамоми кишварҳои ҷомеа таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ…” озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Тавре аз мазмуни бандҳои низомномаи он бармеояд, мақсаду ҳадафи озмун “баданд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар” ба ҳисоб меравад.

Чунин тасмими нек бори дигар исбот менамояд, ки китоб ҳамчун маҳзани маърифат дар ҷомеаи мо мақому манзалати хос дорад. Вобаста ба таҷрибаи омӯзгории худ бо итминон метавон гуфт, ки баргузории ин озмун такони ҷиддие дар роҳи мутолиаи ҷавонон хоҳад буд. Махсусан барои донишҷӯён он як омили баланд гаштани ҷаҳонбиниву дониш мебошад.

            Дар ҳақиқат китоб омӯзгору устоди роҳнамоест, ки ҳазорсолаҳо аҳли башарро дониш ва илму ҷаҳонбинӣ бахшидааст. Китоб инсону ҷомеаро камол бахшида, дар ҳошияи ҳама гуна фаъолият чун як муаллиму дастурдиҳандаи беминнат ҳузур дорад. Нест он соҳаву ҷабҳае, ки дар борааш китобе вуҷуд надошта бошад ва ин далолат ба он дорад, ки ҷомеа бояд китобхон бошад.

            Файласуфи франсуз Денӣ Дидро ҳанӯз дар асри 18 ҷараёнҳои нави инкишофи фарҳанги тамаддунро ба назар гирифта, гуфта буд: “…инсоният вақте ки мутолиаро қатъ менамояд, тафаккурро аз даст медиҳад”.

            Ҷои инкор нест, ки мутолиа – ин нафаси ақлу фаросат аст, ки онро фарди китобдӯст бештар эҳсос менамояд. Фарди китобдӯсту китобхон ҳамеша аз атрофиён фарқ дорад. Ситсерон чунин ақидае дошт, ки хонаи бекитоб монанди ҷисми беҷон аст. Шукр, ки имрӯз дар ҳар як оилаи тоҷик ҳатман дар доираи муайян китоб вуҷуд дорад. Биёед як бор фикр ва тасаввур намоем, ки имрӯз хонаи бекитоб чӣ гуна аст. Бовар дорем, ки ҳатто тасаввури он душвор аст. Қабилаҳо дар ҷамоаҳои ибтидоӣ вақте дар дараҷаи пасти варваризм қарор доштанд, онҳое буданд, ки китоб надоштанд ва ё аз китоб дур буданд.

         Дарк кардану шинохти ҳама чиз тавассути китоб сурат мегирад. Бузургтарин нобиғаҳо, ки соатҳову рӯзҳо бекитоб калом мегӯянд, ҳама донишҳоро аз китоб ҳосил кардаанд. Ҳама пешрафтҳо барои инсон ва умуман аҳли башар аз шумораву теъдоди китоби хондааш ҳосил мешавад. Бидуни китоб дар пайроҳаи умр қадам задан ин маънии дар шаби тира ба ҷои номаълум рафтанро дорад. Китоб ҷилои маҷмӯи тафаккури инсон ба ҳисоб рафта, ҷомеаи аз китоб дур ба истилоҳ “ҷомеаи ваҳшӣ” аст. Дар китоб илму фаҳмиш ва маънавиёту маърифати беҳудуд матраҳ аст. Китобро бояд донист, дӯст дошт ва бовар кард. Зеро он “устоди бемузду беминнат” аст. Китоб маҳзану сарчашмаи афкор аст, ки муҳаққиқону адибон ба он ҳар лаҳза такя менамоянд. Ақл ва тафаккур ба воситаи китоб инкишофро соҳиб мегардад ва ин раванд бояд ҷараёни мунтазам дошта бошад. Ҳама гуна ҳирс, ҳасад ва ҷаҳолатро танҳо китоб барҳам зада метавонад. Китоб хондан барои китобнавис бештар зарур аст ва ҳатто китоб хондан ба маротиб аз китоб навиштан беҳтар аст. Мутолиаи китоби зиёд боис мешавад, ки як нафар бо лаёқату истеъдоди хос китоби хуб нависад. Дар акси ҳол китоби ӯ кӯзаи холиеро мемонад, ки ҷуз садои хушк чизе надорад. Хушбахт он инсон аст, ки агар ҳар рӯзи ӯ аз мутолиаи чанд саҳифаи китоб бошад.

            Бо чанд авсофи боло гуфтан мехоҳем, ки мутолиаи китоб барои тамоми ҷомеа манфиат дорад ва дар ин радиф аҳли илм зиёд бояд дар саргаҳ қарор дошта бошанд. Ҳама бояд китоб хонад, аммо сатҳи мутолиаи аҳли илму адаб бояд даҳҳо маротиба бештар аз дигарон бошад. Ҷои пӯшида нест, ки сатҳи мутолиа бо гузашти вақт таназзул ёфта истодааст. Гуфтан ҷоиз нест, ки инсоният аз мутолиа дур гардидааст, балки ҷои мутолиаи китобро дигар ҷузъиёт майли пахш кардан дорад. Ин раванд дар ду даҳсолаи охир шиддати бештар пайдо карда, интернет ва дигар воситаҳои иртиботӣ ҷои мутолиаи классикиро маҳдуд гардонидаанд. Тафаккури ҷомеаи башарӣ аз дигар равзана ташаккул меёбад. Имрӯз дида истодаем, ки шумораи бештари ҷавонон майл ба воситаҳои электронии маълумот доранд. Агар дар гузашта барои муайян кардани як масъала донишҷӯву муҳаққиқ даҳҳо китобро варақгардон мекарда бошанд, пас имрӯз танҳо ба маълумотнома (справка)-и интернетӣ қаноат менамоянд.

            Аз солҳои қабл анъанае вуҷуд дошт, ки чун муҳаққиқи ҷавон ба кори илмӣ мепардохт, аввалин ҳисобот дар назди худи ӯ ва роҳбари кори илмияш он буд, ки чӣ қадар китобҳои марбут ба соҳаро хондааст. Шояд ин анъана имрӯз низ пояи устувори худро нигоҳ дошта бошад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки толорҳои хониши китобхонаҳо чун солҳои қабл аз хонанда пур нестанд. Таассуфангезтар он аст, ки баъзе муҳаққиқон ҳатто китобҳои дар як факултет ва як донишкадаи ба ихтисоси ӯ робитадоштаи интишоршударо намехонанд. Маълумоти интернетӣ ва ё варианти электронии китобҳо ҳеҷ гоҳ ҷои китоби классикиро гирифта наметавонад. Аз ин ҷиҳат бояд ҳамон анъана нигоҳ дошта шавад ва ҳатто зарур донистан шавад, ки муҳаққиқи ҷавон китобҳои хондаашро ба роҳбари худ чун як адабиёт тариқи саволу ҷавоби махсус супорад.

            Баҳонаҳои зиёдро ҳамчун монеа пеш овардан мантиқ надорад. Вақт нест, адабиёт дастрас намебошад ва дигар сабабҳо – ин натиҷаи набудани завқу муҳаббат нисбат ба китобхонӣ мебошад.

            Мутолиаи классикии китоб суди амиқтару бештар дорад ва бояд дар ин роҳ аз чанд қонуният сарфи назар накард. Ақидаҳое вуҷуд доранд, ки нобиғаҳо ва олимони тавоно китобро бо суръати баланд мехондаанд ва инро чун як эҳтиром аз ҷониби онҳо нисбат ба вақт баҳогузорӣ менамоем. Ин комёбӣ натиҷаи мутолиаи пайвастаи китоб аст ва махсусан дар шароити имрӯза он ногузир мебошад. Хондани босуръат ва ҳамзамон дарки маънӣ – ин лаёқат аст. Хониши босуръат махсусан барои муҳаққиқон аз чанд паҳлӯ фоидабахш аст. Дар навбати аввал суръати хониш нури чашмро дар байни сатрҳову калимаҳо камтар ғарқ менамояд. Аз ҷониби дигар, инсон қудрат надорад, ки тамоми китобҳоро давоми умри худ мутолиа карда бошад. Яъне босуръат, бозавқ, мақсаднок мутолиа кардан – ин сарфаи вақт аст. Таҳқиқи олимон собит намудааст, ки 95 фоизи одамон китобро бо суръати паст 180-200 калима дар як дақиқа мехондаанд. Ин тақрибан дар 1,5 дақиқа мутолиа кардани як саҳифа мебошад. Шояд панҷ фоизи боқимонда олимону адибоне ҳастанд, ки вақт барояшон қиматтар аст. Масалан, мегӯянд, ки М. Горкий дар як дақиқа 4000 калима, Наполеон дар як дақиқа 2000 калима, ё ин ки Балзак дар ним соат 200 саҳифаи як романро мехондааст. Собит шудааст, ки дараҷаи дарк дар хониши анъанавӣ 60% ва дар хониши босуръат 80% ташкил медиҳад. Нигоҳ дар хониши камсуръат дар ҳар як сатр таваққуфи бештар дорад. Мактаббача дар ҳар як сатр 20 ҳаракати ақибравӣ ва донишҷӯ 10-15 ин гуна ҳаракат дорад. Албатта, ин таваққуфҳо (ҳаракати регрессивӣ) сонияву дақиқа набуда, аз нигоҳи ҳаҷми вақт хеле хурданд, аммо бояд ба инобат гирифт, ки он ҳама зарра-зарра ҷамъ мешаванд.

            Китоб барои донишҷӯву муҳаққиқи ҷавон ғизоест, ки робитаи пайваста ва ба он хушнудиву масрурии давоми умри ӯро таъмин менамояд. Агар он дар ҷавонӣ роҳнамо бошад, пас дар пиронсолӣ рафиқи наздиктаринест, ки ҳар лаҳза ба он рӯ меорад. Роҳи тайкардаи таҳқиқи худро дар асоси мутолиаҳояш ҳар лаҳза пеши назар меорад. Мутолиаи китоб – ин ҷавҳари таҳқиқу ҷаҳонбиниҳост. Аммо на он мутолиаи даркнашаванда, ки баробар ба адами мутолиа мебошад. Бояд ҳар як китоби хондашуда бо хулосаҳои махсус ҷамъбаст карда шавад ва дар дафтари махсусе сабт гардад. Ин усул роҳнамои фаврӣ дар ҳолатҳои зиёди мураккаб ба ҳисоб меравад.

            Мутолиа гуфта дар ин ҷо танҳо асарҳову китобҳои илмӣ дар назар дошта намешаванд. Асарҳои бадеӣ таконбахшандаи дигари ташаккули донишу ҷаҳонбинист. Ҳатто барои муҳаққиқи илмҳои дақиқ низ китоби бадеӣ хондан ҷузъи дуюмдараҷа нест.

            Мусаллам аст, ки беҳтарин олимони фанҳои дақиқ беҳтарин китобхонҳо буданд. Аз китобҳо хуб гуфтану навиштану тарзи дурусти ифодаи фикрро балад мегардиданд. Як унсур ва рукни фаъолияти муҳаққиқ – ин хабардор будан аз ҳунари нотиқӣ аст. Зеро тариқи минбарҳо муаррифӣ кардани масъалаҳои муайян доиман вуҷуд дорад ва ягон наттоқ бидуни мутолиаи китоб муваффақ набуд ва нест. Китоб хондан – ин дараҷаву мақом аст. Китобхон худ ба як китобхона ва як донишгоҳ табдил меёбад. Шахсиятҳои бузургу тавоно бо ҳамин роҳ муваффақу комёб шудаанд.

Муҳаммадюсуф Имомзода,

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик

 Аз “Китоб сарчашмаи маърифат”. Хуҷанд, “Ношир”, соли 2020.

 

Таҳияи Бунафша Раҳмонова, сармутахассиси Медиатекаи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.