Муаллифи “Доробнома” кӣ буд? Абутоҳири Тарсусӣ ё каси дигар?
«Доробнома» асари ривояти қадимаи халқи тоҷику форс буда, дар асрҳои XIII бо кўшиши ровии машҳури он давра Абутоҳири Тарсусӣ пайдо шудааст. Мегўянд, ки Абўтоҳири Тарсусӣ аслан аз Тарсуси Осиёи Хурд ва ё худ аз Тарсуси Сурия буда, ғайри «Доробнома» як силсила асарҳои насрии дигаре дорад, ки онҳо низ бо истеъдоди баланде гуфта шуда, бо содагии лафзу ширинии баён хонандаро мафтун мегардонад.
Гарчанде дар бобати ба қалами ровӣ, Абутоҳири Тарсусӣ, дахлдор будани «Доробнома» фикру ақида гуфта шудаанд ва онҳо то андозае эътироф карда шудааст, вале як ишораи услубии асар моро водор мекунад, тахмин бикунем, ки гўяндаи он Абутоҳири Тарсусӣ буда, вале ба қаламоваранда каси дигар будааст. Баён ва тасвири воқеаҳо, амалиёт дар «Доробнома» ба тарзе мунъакис мегарданд, ки ҳар як воқеъаи томи бо тақдиру қаҳрамонон вобаста буда то андозае аз ҳамдигар ҷудо оварда мешаванд. Вале дар байни онҳо ҳамеша чунин ифодаи нигорандаи асрор: «Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор, Абутоҳири Тарсусӣ, чунин ривоят мекунад…» дучор меоем. Ин тарзи ифода як навъ шубҳаеро нисбат ба қалами Абутоҳири Тарсусӣ доштани «Доробнома» пайдо мекунонад. Чунки худи нависанда дар бораи худ «чунин ривоят мекунад» намегўяд, зеро ки амалиёт ба шахси сеюм тааллуқдор аст.
Дар ин асар пеш аз ҳама ғояи ватандўстии мардум тоҷику форс тараннум меёбад. Мавзуи асосии асарро, қатъи назар аз баъзе кӯтоҳиҳои мафкуравие, ки хоси он давр буд, муборизаҳои шадиде, ки мардуми тоҷику форс ба муқобили яғмогарони румӣ бурдаанду даме бар душман осоиштагию оромӣ надодаанд, ташкил медиҳад.
Сабаби дар асри XIII ин тариқа мардумро бар ҳифзи Ватану халқ даъват намудани ин ровӣ, ба фикри мо, пеш аз ҳама дар он аст, ки дар он давр аллакай ҳуҷуми хонумонсўзи муғолон ба Осиёи Миёна сар шуда буд. Муғулон харобӣ меоварданду дар ҳама гўшаю канори мулки тоҷику форс тухми биму ҳарос мекоштанд. Дар ҳамин давр фаъолияти озодихоҳонаи сарлашкарони бузурги халқӣ – Темурмалику Маҳмуди Торобӣ зуҳур ёфта буд. Мана аз ҳамин ҷиҳат ҳам, сабаби ин қадар кину адоват нисбат ба забткорон парвардаи муаллифи «Доробнома»- ро аз чунин ранг гирифтани воқеаҳои таърихии асри XIII ҷустуҷў намудан зарур аст.
Инак порчае аз ин ривояти мурғуби халқӣ манзури хонандагони гиромӣ мешавад.
Алиқул Девонақулов.
ДОСТОНИ БЎРОНДУХТ ВА ИСКАНДАР
Муаллифи ахбору гузорандаи асрор, Абутоҳири Тарсусӣ, аз ин қиссаи дилкушои рўҳафзой чунин ривоят мекунад, ки чун Дороб ибни Доробро ба Эрон бурданд, чунин гўянд, ки ўро духтаре буд сахт боҷамолу камол, ки ў беназири аҳди хеш буд ва дар ҳаждаҳсолагӣ сурати Сиёвахшу фарри Ҳушанг дошт ва дар қуввату диловарӣ ба Исфандиёр мемонд.
Аммо бар лаб хатти сабзе дошт, чунон ки ҳар кӣ вайро бидидӣ, пиндоштӣ, ки ў мард аст ва гурзи дувисту панҷоҳ ман кор фармудӣ. Ва Дороб ин духтарро қавӣ дўст доштӣ ва ҳунарҳое, ки шоҳзодагонро мебакор ояд, ҳама ўро даромўхта буд. Ва ин духтарро Бўрондухт ном буд ва ба ривояти дигар Равшанак ном дошт. Аз он сабаб ўро Бўрондухт гуфтандӣ, ки пушти лаб сабз дошт ва ҳеҷ касро ба мардӣ нашумурдӣ.
Чун хабари марги Дороб ба Бўрондухт расид, олами равшан бар чашми ў сиёҳ шуд, худро аз тахт ба хоки сиёҳи тира дарандохту беҳуш шуд. Гулоб ба рўи заданд, то ба ҳуш омад, чашм боз кард, чашмаш бар он канизакон афтод, ки мўҳо бурида буданду рўйҳо харошида ва дар хоку хун ғалтон шуда. Бўрондухт наърае барзаду ҷома бар худ чок зад ва мўи худ барканаду рухсораи чун моҳро бихарошид ва соиди худро ба дандон бихоиду гўшти худро ба дандон бармеканд, то гуфтанд, ки «Доробро» оварданд. Бўрондухт бо Хотуну канизакон берун рафтанд. Чун чашми Бўрондухт бар тобути падар афтод, худро аз маркаби Дороб ба хок дарандохт дар хоку хун биғалтид ва бехудии бисёр кард. Он амирону бузургон, ки бо тобути Дороб омада буданд, чун чашми эшон бар Бўрондухт афтод, боз аз сар ҷомаҳо чок заданду хок бар сар рехтанд. Ва Бўрондухт чун эшонро бидид, худ задан гирифт, то канизакон биёмаданду вайро бигирифтанд, боз ба наздики падар омаду бигирист ва гуфт:
– Эй падари ман, қуввати дили ман, маро бе ту зиндагонӣ ба чӣ кор ояд? Аммо ба равони тую ба равони киёи бузурги ман Дороб ибни Ардашер, ки ин ҷо ҳозир аст, ки доди ту аз Искандар, набераи Файлақус, бозҳам, ки Ҷонусирёру Моҳёрро додам, ки ў баргумошт, то ба ту ин муомила карданд!
Ин бигуфту бархост. Чун даҳмаро бипўшониданд ва халқ бозгаштанд, ки хабар ба Искандар расид, ки духтари Дороб чӣ гуфту савганди чигуна хўрд. Искандар бо Арастотолис машварат кард, ки «ин духтари Дороб дар сар ҳаваси булаҷабе дорад, акнун рой бизан, ки чӣ бояд кардан, хароина тадбире бояд ангехт». Арастотолис гуфт:
– Чун ин духтар падари худро кушта дид, оташи ғазаб дар сараш афтод. Агар аз дарди падар сухане гўяд, маъзур бошад, алалхусус мешунавам, ки ин духтар ба Исфандиёр мемонад, ки мегўянд шуҷоати азим дораду дувисту панҷоҳ ман гурзро кор мефармоядва камони ўро дар мулки Эрон касе наметавонад кашид. Бо ў мадоро бояд кардан, то ором шаваду ба доми мо афтад.
Аммо муаллифи ахбору гузорандаи асрор, Абутоҳири Тарсусӣ, ривоят мекунад, ки чун аз ин сухан ду моҳ баромад, Бўрондухт амирону бузургонро ҷамъ карду гуфт:
– Шумо чӣ мегўед дар ин сурат, ки Искандар аз Рум биёяду падари маро бикушад ва қасди тахти Эрон дорад! Шумо бо ў дил яке доред?! То ман бидонам, ки маро бо вай маслиҳат чист, то ба он машғул гардам! Ҷавоби маро ба ростӣ гўед!
Эшон ҳама ба якбор гуфтанд:
– Он рўз мабод, ки бо вай дил яке кунем, аз подшоҳи худ баргардем ва мулки Эронро ба вай диҳем! То ҷон дар тани мост, бо Искандар ҳарб кунем аз баҳри шумо то хуни Дороб ибни Доробро аз вай нахоҳем, аз пой нанишинем ва ба ду даст теғ мезанем!
Чун Бўрондухт аз эшон ин сухан бишунид, шод шуду ҳамаро бинавохт ва бар эшон офарин карду аз эшон байъат биситуд ва нома ба сўи Истахри Форсу Кирмон ва Сипоҳону Курд ва Кўршулу Мозандарон ва Ироқу Гелон навишт ва аз эшон мадад хост. Дар се моҳ саду бист ҳазор савор бари Бўрондухт ҷамъ шуд, берун аз он мутаалиқон, ки бо ў буданд. Дари хазина боз карду ҳамаро мол бахшид ва аспу силоҳ бахшид ва гуфт:
– Агар ман Искандарро бикушам, мартабаи шуморо биафзоям ва бо шумо чандин некўӣ кунам, ки дар ў ҳам наёяд.
Ҳама сарҳо бар замин ниҳоданду хидмат карданд ва чунин гуфтанд, ки «то як раг дар тани мо ҷунбад, мо дудаста теғ занем, бошад, ки бар душман зафар ёбем».
Ин бигуфтанду рўй ба сўи Искандар оварданд. Чун шоҳ Искандар аз ин аҳвол хабар ёфт, зуд лашкари азимро номзад кард, бо даҳ амиру мардони хиёра то баробари Бўрондухт бозомад ва лашкари дигарро таълим кард, ки шумо фурсат нигоҳ доред, ки ин лашкари мо бо лашкари Бўрондухт чун дар ҷанг оянд, шумо бар лашкаргоҳ бизанеду ғорат кунед ва хазинаву мол бардоред ва бар астарону уштурон бор кунеду бозгардед. Чун ин тадбирҳо бикард, рўй ба Бўрондухт овард. Бўрондухт хабар ёфт, баробари лашкар бозомаду хаймаву боргоҳ бизаданд ва он шаб ҳамчунон буданд….
Идома ин достони қаҳрамониро метавонед аз шумораи 12-уми маҷаллаи “Садои Шарқ, соли 1969 бихонед. Ин маҷалла дар толори хониши шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ қобили дарёфту мутолаа аст.
Таҳияи Фараҳнози Тоҳирхона,
мутахасси шуъбаи матбуоти даврӣ.