Муаррифӣ: Атри сухан (Маҷмўаи илмӣ)
“Атри сухан” китобест, ки аз маводи конференсияи анъанавии илмӣ –амалии ҲПО –и кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ бахшида ба 143 – солагии устод Айнӣ, 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90- солагии таъсисёбии донишгоҳ мураттаб шудааст.
Дар он мавзуъҳои гуногуни забоншиносии тоҷик, ки ба ҳалли масоили луғатшиносӣ, грамматика, услубшиносӣ, рушди забони арабӣ, равобит ва таъсири мутақобилаи забонҳо равона гардидаанд, фароҳам омадааст.
Мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносии ДДОТ, н.и.ф., дотсент И.Сулаймонов дар пешгуфтор ба китоб навиштааст:
Аҳли илму сухан ҳамеша саъй бар он дорад, ки дар ҷомеа ба мақоми забони миллӣ, рушди он, риояи меъёрҳои забони адабӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад. Зеро забон оинаи муҷаллоест, ки вазъи иҷтимоии ҷомеа, бахусус тарзи баёну фикрронии омма дар он равшан инъикос мегардад ва ҳусну қубҳи гуфтори шахс дар ин рост муайян карда мешавад. Ин муддаоро хеле барвақт устодони каломи бадеъ тараннум карда буданд: «То мард сухан нагуфта бошад, айбу ҳунараш нуҳуфта бошад». Ифодаи фикр танҳо тавассути воҳидҳои луғавию грамматикии забон имконпазир аст. Вобаста ба пешрафти ҷомеа ин воҳидҳо дар ҳолати дигаргунӣ қарор мегиранд ва таҳқиқгарони забон тоҷикиро водор месозанд, ки ҷиҳати таҳаввулоти бонизоми забонамон тадбирҳо андешанд.
Ин аст, ки устодони кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ дар маърӯзаву навиштаҳои худ, дар конфронсу мизҳои мудаввар доир ба ҳалли масъалаҳои ягон соҳаи забоншиносии тоҷик изҳори андеша менамоянд, ҷиҳати дарёфти каломи зебо, вожаҳои дилнишин ва қаволиби хуби калимаву ибора ва ҷумласозӣ пайваста кўшиш ба харҷ медиҳанд.
Маҷмуаи илмии «Атри сухан» фарогири маводи конференсияи илмӣ – анъанавии устодони донишгоҳ аст, ки бахшида ба Рўзи илми тоҷик, 143 – солагии зодрўзи устод С. Айнӣ, 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 90 – солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ доир гардида, дар он роҷеъ ба масоили луғатшиносӣ, калимасозӣ, морфология, забони осори бадеӣ ва услубшиносӣ, шевашиносӣ, этнолингвистика, равобит ва таъсири мутақобилаи забонҳо мубоҳисоти илмӣ сурат гирифтааст. Ҳадафи маърузаҳо ва таҳияи мақолаҳои илмӣ ба таври шаффоф инъикос намудани вазъи кунунии инкишофи забоншиносии тоҷик ва ҷиҳати беҳтар гардидани таъминоти ҷомеа бо калимаву иборати зарурӣ маҳсуб ёфта, муаллифон истифодабарандагони забонро барои риояи меъёрҳои забони адабӣ, покизагии алфози шахсият ва беҳтар гардидани сатҳи маданияти сухани шаҳрвандон, бахусус кормандони соҳаи маориф, аҳли фарҳанг ва дигар табақоти иҷтимоӣ даъват менамоянд.
Бисёр калимаву ибораҳои мавриди таҳқиқ қарор гирифта, ки аз гўйишҳои маҳаллӣ ва забони осори бадеӣ дарёфт шудаанд, баҳри пур кардани ҷойҳои холимондаи таркиби луғавии забони адабии ҳозираи тоҷик ва беҳтар гардидани маданияти гуфтори омўзгорону муҳаққиқон, шаҳрвандон ва мухлисони забони адабии тоҷик мусоидат хоҳад кард. Аз ин хотир, маводи маҷмуа барои истифодаи унвонҷўёну аспирантон, докторантон, омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ тавсия карда мешавад.
Таҳияи Мавзуна Назарова, Сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.