Муаррифӣ. Холиқназар Ҷумъаев. «Биё, ки фолат бинам»
Китоби нави журналисти шинохта Холиқназар Ҷумъаев бо номи «Биё, ки фолат бинам», ки ҳамин чанд рӯз пеш чоп шуда буд, ҳоло ба Китобхонаи миллӣ ҳам расид. Муаллиф мегӯяд тасмим гирифта буд китоби навашро, ки муҷмӯи ҳикоёти ҳаҷвист, дар рўзи ханда, 1-уми апрел пешкаши зарофатписандон созад, вале ба сабабҳои техникӣ 30-юми апрели соли равон чоп шуд.
Маҷмўа бештар аз 300 латифаву хотираҳои кӯтоҳро дар бар мегирад ва барои дӯстдорони ҳаҷву ханда пешбинӣ гаштааст, ки аз зиндагӣ ва саргузашти муаллиф ва мардум дар солҳои гуногун қисса мекунад. Номи китоб аз ҳаҷвияе бо номи «Биё, ки фолат бинам» гирифта шуда, хонандаро ба дунёи пур аз ханда ворид месозад.
ХОЛИҚНАЗАР ҶУМЪАЕВ 9-уми марти соли 1969 дар деҳаи Мадовраи ҷамоати Рўдакии шаҳри Панҷакент ба дунё омада, маълумоти 8-соларо дар мактаби № 50-и деҳаҳои Мадовра ва Яккахона ва маълумоти миёнаи пурраро дар мактаби № 18-и деҳаи Артуч гирифтааст. Соли 1986 ба факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (феълан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1993 хатм намудааст. Аз соли 1993 то соли 2000 дар гимназия-интернати шаҳри Панҷакент ва дар Муассисаи таҳсилоти ҳамагонии №50-и деҳаҳои Мадовра ва Яккахонаи шаҳри Панчакент ба ҳайси омўзгори забон ва адабиёти тоҷик кор кардааст. Фаъолияти рўзноманигориашро аз соли 2004 оғоз намуд. Соли 2004 хабарнигори нашрияи «Рўзи нав» ва солҳои 2006 – 2008 хабарнигори махсуси Маркази тадқиқоти журналистӣ дар шаҳри Маскав буд. Солҳои 2008 – 2009 ба ҳайси Директори иҷроияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон кор карда, соли 2009 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ману Ту» таъин шуд.
Аз соли 2005 узви Конфедератсияи байналхалқии иттифоқи журналистӣ ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.
Муаллифи садҳо мақолаҳо ва қиссаҳо буда, нахустин китоби ў бо номи «Парандаҳои муҳоҷир» соли 2013 чоп шуд. Китоби «Парандаҳои муҳоҷир» маҷмўи қиссаҳоеро фаро мегирад, ки пурра ба мавзўи муҳоҷират бахшида шудаанд.
Ғолиби озмуни вилоятии «Хомаи созанда – 2018» дар вилояти Суғд буда, соли 2019 бо медали «100-солагии матбуоти тоҷик» сарфароз гардонида шудааст. Бо Ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
Феълан дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Вавилон-Т» ҳамчун PR-менеҷер кор ва фаъолият дорад.
Раҳима Аъзам