Муаррифӣ. Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон
18 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Аз ҷумла, ба адиби шинохта Маъруф Бобоҷон унвони баланди Нависандаи халқии Тоҷикистон эъто гардид.
МАЪРУФ БОБОҶОН 3 ноябри соли 1945 дар деҳаи Рӯмони ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Fафуров) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 вориди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1967 онро бо дипломи аъло фарҷом бахшидааст. Солҳои 1968-1986 фаъолияташро дар Кумитаи садо ва симои тоҷик идома додааст.Баъдан (1986-1990) сардори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардори Идораи ҳифзи ҳуқуқи муаллифони назди Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ (то 1995) будааст. Ҳоло муовини котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, раиси нашриёти «Анис» ва сармуҳаррири маҷаллаи «Аниси Ватан» мебошад.
Ҳикояву очеркҳои Маъруф Бобоҷон ҳанӯз аз солҳои донишҷӯ буданаш дар рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, дар маҷаллаи «Садои Шарқ», чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Хишти аввал» (1971), «Шаби охирин» (1978), «Ҷуфти кабӯтар» (1981), «Асири ҳафтум» (1985), «Бист дақиқаи интизорӣ» (1987), «Боғи умед» (1989), «Муҳаммад» (1991), «Бандии ихтиёрӣ» (2002), «Тавба» (2010), романи «Умеди вопасин» (2012), маҷмӯаи очеркҳои «Ҳодӣ Кенҷаев» (1970), «Фарзанди замин» (1974), «Имрӯзу фардои деҳот» (1980), «Зиёрати Байтулмуқаддас» ва ғ. мебошад.
Нашриёти «Светакан грох»-и Ҷумҳурии Арманистон қиссаҳои «Шаби охирин» ва «Ҷуфти кабӯтар»-и ӯро (1987) дар як ҷилд дастраси хонандагони арманизабон гардондааст.
Қиссаи «Тавба» ба забони ӯзбекӣ дар нашриёти «Анис» (2011) интишор ёфтааст. Асарҳои ҷудогонаи А.П.Чехов, К.Чапек, Э.Ҳемингуэй, қиссаи П.Лукнитский “Босмачиҳо дар Осиё» (1976), романи нависандаи кубоӣ К.Ловейра «Генералҳо ва духтурҳо» (1988), маҷмӯаи ҳикоёти адиби туркман Н.Сарихонов «Шукур-бахшӣ», К.Солиҳов «Аз пайи ҷи-ай» ва ғ.-ро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондааст.
Аз соли 1975 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.