Муаррифии ду дастури библиографии нав дар мизи гирди Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Президент – шоҳсутуни истиқлолият ва давлатдории миллӣ” бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашрияҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Садои мардум” ва “Народная газета” ва дигар меҳмонон баргузор гардид.
Ҳамзамон дар ин ҳамоиш Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии дастурҳои библиографии “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаҳои “Садои мардум” ва “Народная газета”-ро доир намуд.
Ҳамоиши мазкур бо сухани ифтитоҳии директори Китобхонаи миллӣ, доктори илми педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода оғоз гардид.
Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ин иқдом яке аз аввалин қадамҳои миллати тоҷик дар роҳи расидан ба суботи комил ва истиқлолу озодӣ буд. Бо ҳамин далоил Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди расмӣ қабул шуд ва он ҳамасола дар ин санаи тақдирсоз – 16 уми ноябр таҷлил мегардад. Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақсад ва вазифаҳои аслии он ҷамъоварӣ ва таҳияи маводҳо дар робита ба фаъолияти Пешвои миллат мебошад, бахшида ба ин санаи муҳим ду дастури бибилиографиро рӯи чоп овардааст. “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаҳои “Садои мардум” ва “Народная газета”, ки умедворем барои тамоми қишрҳои ҷомеа дар шинохти бештари Пешвои миллат ва корномаҳои бепоёни ӯ саҳмгузор мегардад.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода вобаста ба фаъолияти пурсамар дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, рушди бемайлони илму техника ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ изҳори андеша намуд.
Бибиосия Аюбӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ташкили ниҳодҳои Президентӣ дар Тоҷикистон ва нақши босамари онҳо дар инкишофи ҷомеаи мутамаддин суханронӣ кард.
Суханронии аъзои Шурои куҳансолони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон профессор Марҳабо Ҷабборӣ дар идомаи ҳамоиш аз пешрафти Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ буд. Номбурда аз ташабусҳои бевоситаи Пешвои миллат ёдоварӣ кард ва фармуд: ”Қомат афрохтани биноҳои баландошёна, таъсиси квотаҳои президентӣ барои соҳибмаълумот гардидани насли ҷавон, ҷаҳонӣ гардидани идҳои миллӣ ба монанди Наврӯз, ташкили озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва даҳҳо иқдомоти қобили дастгирӣ дар аз ҷумлаи хидматҳои мондагори Пешвои миллат мебошад”.
Дар робита ба муаррифии дастурҳои библиографии Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаҳои “Садои мардум” ва “Народная газета” Бахтовар Каримзода-сармуҳарири нашрияи “Садои мардум” ва муовини сармуҳаррири Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” – Наргис Бояхмедова изҳори назар намуда, бо сипос аз таҳиягарони дастурҳои мазкур зикр намуданд, ки минъбаъд низ ҳамкориро бо Медиатекаи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳанд дод.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода, ки дар таҳрир ва рӯи чоп омадани дастурҳои библиографии рӯнамоишуда саҳми арзанда гузоштааст, суханронӣ карда, ба дастандаркорони таҳияи ин китобҳо Абубакр Манонзода, Меҳрангез Муҳаббатова, Бунафша Раҳмонова ва дигар шахсони масъул, ки дар ҷамъоварӣ ва таҳияи дастурҳои мазкур саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки тайи чанд соли охир нашри силсиладастурҳои библиографӣ, ки барои олимону муҳақиқони ҷавон маводи бисёр хуб ва манфиатбахш медиҳанд, дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромада, пайваста рӯи чоп меоянд.
Ҳамоиш бо мулоҳизаронии дигар иштирокдорон ва пешниҳоду андешаҳои эшон дар робита ба дастурҳои библиографии “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаҳои “Садои мардум” ва “Народная газета”, ки маводҳои солҳои (1992-1996)- ро дарбар мегирад, ба итмом расид.
Наргис НАЗАРЗОДА