Муаррифӣ. “Адаб” – маҷаллаи “Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон”
“Адаб” маҷаллаи Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон” аст, ки аз моҳи апрели соли 2007 нашр мешавад ва то ин дам 65 шумораи он ба дасти хонанда расидааст.
Донишмандони муҳтараме чун устодони каломи бадеъ ва олимони варзида Абдунабӣ Сатторзода, Муҳаммадюсуф Имомзода, Фарзонаи Хуҷандӣ, Низомиддин Зоҳидӣ, Тоҷиддин Мардонӣ, Қодири Рустам, Шодимуҳаммад Сӯфизода, Абдурашид Самадов мушовирони ин маҷаллаанд.
Шуморае, ки ман дар даст дорам, аз бахшҳои “Аз Рӯдакӣ то имрӯз”, Машриқу Мағриб”, “Анҷуманоро”, “Сеҳри ҳалол”, “Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон”, “Арзишдоварӣ” иборат аст.
Ин маҷалла дар баррасии адибон ва осори онҳо фарогир мепардозад ва ҳамин шеваи ошоиро пазируфтааст, ки аз ҳар нигоҳ хеле ҷолиб аст. Чунончӣ, дар бахши “Аз Рӯдакӣ то имрӯз” аз Абурайҳони Берунӣ сухан рафтааст ва баъди як матлаби хеле кутоҳе, ки ҳадафи он муаррифии олими варзида мебошад, ду мақола пайи ҳам омадааст. Яке “Муъассири аъёду айём ва таворих” ном дорад ва ба қалами Аҳмад Ҳоҷизода, номзади илмҳои филология мансуб аст ва дуюмӣ порае аз як асари Абурайҳон Берунист, ки А.Ҳоҷизода аз русӣ тарҷума кардааст ва “Андар ҷашнҳои порсиён ва рӯзҳои бузургдошт дар оини муғон” номида шудааст. Ин ду мақола барои хонанда маълумоти кофӣ дар бораи олими фақеҳ ва маъруф ва дидгоҳҳои беназири ӯ дар шинохт ва муаррифии иду айёми пешиниён медиҳад.
Дар бахши “Машриқу Мағриб”-ро мақолаи донишманди шинохтаи тоҷик Обид Шакурзода “Аллома Муҳаммади Қазвинӣ. Шахсияте, ки ӯро Абурайҳони сонӣ хондаанд” ҷо ёфтааст, ки ин бахш ҳам мавзӯан идомаи “Аз Рӯдакӣ то имрӯз” аст. Дар Тоҷикистон кам касон “адиб, муҳаққиқ, таърихнигор ва китобшиноси эронӣ Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ибни Абдулҷалили Қазвинӣ, мулаққаб ба “аллома”-ро, ки аз бунёдгузорони таҳқиқоти илмӣ дар Эрон аст”, мешиносанд. Муаллиф дар як мақолаи кутоҳ аз сафарҳои аллома ба Фарангистон, шиносоии вай бо Эдвард Браун ва “Таърихи ҷаҳонгушо”-и Ҷувайнӣ, корномаи Қазвинӣ дар масири таъриху фарҳанги порсӣ ва ғайра басо маълумоти ҷолибро дар ихтиёри хонанда гузошта ва бо ин васила Муҳаммади Қазвиниро шинос кардааст.
Мақолаи пурмуҳтавоим Абдурашид Самадов, Одил Соҳибзода “Кохи бегазанд ва ривояти фаронсавии он” дар бораи таърихи тарҷумаи шаҳкори беназири ҷаҳон “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ дар Фаронса ҳикоят мекунад. Дар ин мақола низ хонанда дар бораи гунаҳои мухталифи тарҷумаи ин шоҳасари мондагор дар як кишвари аврупоӣ маълумоти тоза мегирад.
Як бахши муҳими маҷалла бахши “Сеҳри ҳалол” аст. Дар ин шумора дар ин бахш хонанда дар бораи барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт дар соли 2022 хонум Энни Эрно чор матлаби ҷолиб мутолеа мекунад. Аввали бо номи “Оинаи тамомнамои воқеъият” ба қалами Шодӣ Шокирзода мутааллиқ аст. Муаллиф зиндагиномаи адиби маъруфро, ки дарёфти ҷоизаи Нобел ба маротиб маъруфияти ӯро дар ҷаҳон боло бурд, ҳамроҳ бо таҳлили осори ӯ ривоят мекунад ва қадамҳои аввалини эҷоди ӯро мӯшиковона таҳқиқ менамояд. Аз китобҳои аввалину сегонааш “Поксозӣ”, “Ҷойгоҳ” ва “Як зан мегӯяд”, “Ҳодиса”, “Солҳо”, “Духтари дигар”-ро таҳлил мекунад. Аз фаъолиятҳои сисӣ ва дидгоҳҳои иҷтимоияш менависад, аз қадршиносии Эрно ва осораш ҳарф мезанад.
Дар мақолаи “Муруре бар осори Энни Эрно” пораҳое аз осори ӯ овардаанд, то хонанда бештар дар бораи адиб маълумот ба даст орад. Матни суханронии Энни Эрно ба муносибати дарёфти ҷоизаи Нобели адабиёт ва суҳбати ӯ бо таҳия аз хабаргузории “Тасним” аз ҷумлаи ду матлаби дигар аст, ки дар маҷалла ҷо дода шудааст.
Дар бахши “Аз ганҷинаи адабиёти ҷаҳон” Ҳайнрих Ҳайне-адиби шуҳратёри Олмон муаррифӣ шудааст. Аз ашъори ӯ дар тарҷумаи устодони каломи бадеъ Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Аслам Адҳам намунаҳо оварда шуда ва шеъри машҳури ӯ “Интермессо” комилан чоп шудааст.
Дар идома аз зиндагинома ва осори Фланери Ҳ Коннор, нависандаи ирландинажоди ҷануби Амрико, намояндаи жанри даҳшати готикӣ мехонем. Ин адиби шуҳратёр, ки бо аввалин ҳикояаш бо номи “Гули шамъдонӣ” дар соли 1946 вориди адабиёт шуд, батадриҷ бо иншои чандин достону романҳои мондагор исмашро дар адабиёт ҷовидонӣ кард. Чуноне дар боби Энни Эрно дидем, ин ҷо низ мураттибони маҷалла аввал дар бораи адиб як маълумоти фарогир ироа карда, сипас чун намуна аз осораш ҳикояеро бо номи ”Одами хуб кам пайдо мешавад” чоп кардаанд. Ин ҳикоя як ҳикояи хеле ҷолиби адиби шуҳратёр аст. Дар идома тақризи басо ҷолиби мунаққиди амрикоӣ Аллен Тайт дар бораи ин ҳикоя ҷо дода шудааст, ки мегӯяд: “Наср дар дасти О Коннор абзори дақиқу нерумандест, ки ба ёрии он тавонистааст таъсироте илқо кунад, ки ҳеч нависандае аз насли ӯ бад-он даст наёфтааст”.
Ин мунаққид ҳикояро мӯшикофона нақд кардааст ва муаммоҳои онро дар ҳошияи ибрози назари умумӣ ба навиштаҳои дигари О Коннор ва қиёси ӯ бо нависанда Трумэн Капоте кушодааст. Аммо ба назар мерасад дастандаркорони маҷаллаи “Абад”-ро ин ҳам қонеъ накардааст ва хостаанд дар нақди ҳикояи “Одами хуб кам пайдо мешавад” фаротар раванд ва симои қаҳрамонони ҳикоя фалсафаи офариниши онҳоро аз ҷониби адиб бештар муаррифӣ кунанд. Ба дигар маънӣ, хонанда на танҳо матни комили ҳикояро мехонад, балки аз нақди мунаққидон бо чеҳраҳо аз наздик ошно мешавад.
Ҳикояи нависандаи Афғонистон Сапужмӣ Зарёб “Китобфурӯши девона”, мақолаи “Забони мо ҷаҳони ҷовидон аст” (Шодмон Нуъмонпур) ва шеърҳои хуби Сафаргул Ҳалимиён низ аз ҷумлаи матолиби хондании шумораи охири маҷаллаи “Адаб” аст.