Муаррифӣ. Карим Замонӣ: «Шарҳи ҷомеи “Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ”
Аз замонҳои қадим, мардуми форс ва ҷаҳон, бахусус дарвешон, орифон, суфиён ва олимон, китоби “Маснавии маънавӣ”–ро ҳамчун китоби муқаддас дӯст медоштанду эътироф мекарданд. Онҳо пайваста дар бораи он андеша мекарданд ва осори илмиву бадеӣ эҷод менамуданд.
Он достонҳову ҳикоёт ва қиссаҳое, ки дар “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ оварда шудаанд, гурӯҳе аз нависандагон ва пажӯҳишгарони дохиливу хориҷӣ онҳоро истифода карда, китобҳо ва мақолаҳои шавқовару ҷолиб таълиф намудаанд. Дар самти пажӯҳиши китоби “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ муҳаққиқони барҷаставу ҳирфавӣ дар таърих шумораашон хеле зиёд ҳастанд, ки набояд заҳматҳову ранҷҳои бешумори ин шахсиятҳои накукори фарҳехтаро аз мадди назар дур ё ба фаромӯши қарор бидиҳем. Дар ин хусус тасмим гирифтем, ки яке аз он муҳаққиқони барҷаставу пурмаҳсули ин соҳаро муаррифӣ намоем, ки исми шарифашон Карим Замонӣ (тав.1951) мебошад.
Карим Замонӣ – суфӣ, ориф, олим, муҳаққиқ, муфассир, нависанда, воъиз ва ҳамчунин маснавишиносӣ маъруфи осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар олами илму адаби форсу тоҷик шинохта шуддааст. Ӯ солҳои дароз донишу салиқа ва умри азиз хешро дар роҳи фаҳму идрок ва тавзеҳи ирфонии ин осори “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ сарф кардаасту таълиф намудааст. Китоби ӯ бо номи «Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ» маъруф аст, ки он яке аз пурмӯҳтавотарин ва муфассалтарин шарҳоест, ки дар сатҳи хеле баланди илмӣ – омавӣ анҷом ёфтааст.
Китоби «Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ бо тавзеҳоти хеле равшану гуворо ва бо забони содаи форсӣ навишта шудааст, ки дар он шарҳи ҳамаи калимаҳои мушкилфаҳм, истилоҳоти ирфонӣ, фалсафӣ, оятҳои Қуръонӣ, аҳодиси набавӣ ва зарбулмасалҳое, ки хеле мазмуну мӯҳтавояшон баланд аст, омода гардидааст. Устод Карим Замонӣ майдатарин нуқта, ҳатто ҷузъиёти ҳар як байт ва қисматҳое, ки фаҳмашон душвор аст, бо диққат таҳлил намудааст ва ҳеҷ бахше аз матнро нодида нагирифта, тамоми дафтарҳоро бо сабки илмӣ ва дарки амиқ шарҳу тавзеҳ додааст. Ҷолибияти ин осор боз дар он аст, ки аз шарҳҳои дигар ба куллӣ фарқ дорад. Китоби “Шарҳи ҷомеи маснавии маънавӣ”-и Мавлоно аз 6 дафтар ва 7 ҷилд иборат аст. Ҳар як ҷилди он аз 1200 то 1300 саҳифа дорад ва ҳар кадоми он боз бо муқаддимаи муаллиф оғоз мешавад.
Ҳар хонандае, ки “Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ”-ро мутолиа мекунад, метавонад таассуроти амиқе дар ӯ гузорад, ки ҳатто дар зиндагии рӯзмаррааш низ инъикос ёбад. Ҳузури Мавлоно дар қалб ва зеҳни хонанда, ҳамчунон ҳамнишинӣ бо олами маънӣ аст ва кам касест, ки пас аз ин ҳамнишинӣ, ӯро ба инқилоби ботинӣ напайвандаду фаро нагирад.
Бояд гуфт, ки бо ташрифу ҳузури худи Карим Замонӣ ва оилаи олимааш ба кормандони шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, ин шоҳасарашро эҳдо намуд, ки дар айни ҳол, ин китоб дар шакли формати электронӣ ва ҳам дар шакли китоб дар фонди шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад, ки аз ин ба баъд, хоҳишмандон метавонанд аз он самаранок истифода намоянд.
“Маснавии маънавӣ-и Мавлавӣ дорои абёти зиёде бо маъноҳои амиқ ва рамзҳои ирфонист, ки дарки онҳо барои бисёре аз хонандагон бидуни шарҳу тавзеҳ хонданаш мушкил аст. Аз ин рӯ, ба ақидаи бештари муҳаққиқон ва донишмандони соҳа, ин шарҳ шарҳест, ки беҳтарин ва муътамадтарин шарҳҳо дар ин замина ба ҳисоб меравад ва минбаъд хонанда метавонад аз фаҳму дарки он бе мушкилӣ баҳра бибарад.
Китоби “Маснавии маънавӣ” Мавлавӣ як шоҳкории беназир дар фалсафаи ишқи ирфон, зуҳду тақво, ахлоқу одоб, худшиносиву худогоҳии башарият маҳсуб мешавад, ки нуфӯзу эътибори он дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб хеле афзудааст. Бисёре аз донишмандон, шоирон ва файласуфони ҷаҳон ба мутолиаи он тавуҷҷӯҳ зоҳир менамоянд, ки дар асл, хонанда метавонад аз хондани ин китоб барои хеш ғизои рӯҳӣ ва ҳам ғизои маънавӣ дарёфт кунад.
Якчанд порчаҳое аз намунаҳои шарҳу тавзеҳи байтҳои осори “Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ”-и Карим Замонӣ баҳри Шумо пешниҳод менамоем, ки ба ҳамин тарзу услуб ва нигориши хеш омода намуда ба нашр расонидааст, ки:
Ҳеҷ дандоне нахандад дар ҷаҳон,
Беризову амри он фармонравон.
Куллан, дар ин ҷаҳон, ҳеҷ кас бидун, ризоият ва фармони Ӯ фармонраво намехандад.
Дигаре:
Ки намонад ҳеҷ меҳмон бенаво,
Хар касе ёбад ғизои худ ҷудо.
То ин ки ҳеҷ меҳмоне бе ғизо намонад ва ҳар кас хуроки дархӯри табъи худро дар он суфра пайдо кунад.
Дигаре:
Ҳамчу Қуръон, ки ба маънӣ ҳафт тӯст,
Хосрову омро матъам дар ӯст.
Қуръони карим, ки аз ҳайси маъно дороии ҳафт батн аст, бо ин ҳол омму хосс, ғизои рӯҳӣ ва фикрии худро метавонад аз он дарёфт кунанд. (Ишора ба ҳадиси:
«Қуръон зоҳирӣ дорад ва ботинӣ ва ҳар як аз маъонии ботинии он, ботини дорад то ҳафт батн».
Шарҳи ин мавзӯъ зимни баҳси перомуни абёти 4244-4249 ҳамин дафтар омадааст. (Лозим аст, бадон абёт руҷӯъ шавад.)
Дигаре:
Ҳеҷ барге дар наяфтад аз дарахт,
Беқазову ҳукми он султони бахт.
Бидуни машийят ва фармони Он султони фармонравои давлат ва иқболи ҳақиқӣ ҳеҷ барге аз дарахт намеафтад.
Ишора ба қисмате аз ояи 59 сураи Анъом:
«Ва калидҳои ганҷхонаи олам ғайбӣ танҳо ба дасти Худованд аст ва кас аз он хабар надорад, ҷӯз Ӯ. Ва ҳаму донад ҳамаи асрори хушкӣ ва дарёро ва ҳеҷ барге (аз дарахте) наяфтад ҷӯз он ки Ӯ бидонад…,»
Дигаре:
Аз даҳон луқма нашуд сӯйи гулӯ,
То нагӯяд луқмаро Ҳак, к–«удхулу1».
То Худованд ба луқма нагӯяд «Дохил шав», луқма аз даҳон ба сӯи гӯлу ҳаракат намекунад.
Дигаре:
Дар заминҳо в–осмонҳо заррае
Пар наҷунбонад, нагардад паррае2.
Дар рӯи заминҳо ва осмонҳо ҳеҷ заррае намеҷунбад ва ҳеҷ чархе намегардад.
Дигаре:
Кӣ шумурад барги дарахтонро тамом?
Бениҳоят кай шавад дар нутқ ром?
Чӣ касе метавонад ҳамаи баргҳои дарахтонро бишумурд? Мусалламан ҳеҷ кас. Ҳастии бениҳоятро чи гуна метавон дар калимот маҳдуд кард ва онро баён намуд?
Дигаре:
Ин қадар бишнав, ки чун куллии кор,
Менагардад ҷуз ба амри кирдигор.
Хулоса, ҳамин андоза бидон, ки ҳамаи корҳо ҷуз ба фармони Ҳақ Таъоло намегардад.
Дигаре:
Чун қазои Ҳак, ризои банда шуд,
Ҳукми ӯро бандаи хоҳанда шуд.
Вақте қазои Илоҳӣ мавриди ризои банда шавад, ҳар ҳакиме диҳад, он банда ба он гардан мениҳад.
Ҳар ҷо, ки ҳукми азалии Парвардигор, роҳеро маълум ва муайян дошта аст, он банда роҳрави он тариқа аст ва ҳаёту марг дар назари ӯ яксон аст.
Дигаре:
Баҳри Яздон мезияд, на баҳри ганҷ,
Баҳри Яздон мемурад, н-аз хавфу ранҷ.
Чунин бандаи холисе барои ризои Парвардигор зиндагӣ мекунад, на барои ба даст овардан ганҷ. Ва низ ба хотири Худо мемирад на бар асари тарсҳо ва ранҷҳои дигар. (абёти фавқ мазмунан ишора дорад ба ояи 162 сураи Инъом:
«Эй Пайғамбар (ба мардум) бигӯ, ки намоз ва ниёиш ва зиндагонӣ ва марги ман барои Парвардигори ҷаҳониён аст».
Дигаре:
Тарқи куфраш ҳам барои Ҳақ бувад,
На зи бими он ки дар оташ равад.
Бандаи холис, аз куфр парҳез дорад ва ин парҳез низ фақат барои ризои Ҳақ, на барои тарс аз азоби охират. (Ду байти фавқ ишора аст ба ин фармоиши ҳазрати Амирмуъминин Алӣ (р) :
«….Гурӯҳе Худоро ба ҷиҳати майл ба Биҳишт мепарастанд, ки инон савдогаронанд. Ва гурӯҳе Худоро ба ҷиҳати бим аз дурӯғ мепарастанд, ки инон бардагонанд. Ва гурӯҳе Худоро мепарастанд ба ҷиҳати оне, ки Ӯро шоистаи сипос мебинанд ва инон озодагонанд»3.
Баъдуҳа мазмуни ин калом аз бархе машоихи тариқат шунида шуда, чунон ки нақл аст, ки Суфёни Саврӣ аз Робиъа Адвия пурсид: Беҳтарин чизе, ки банда ба он, ба Худои Таъоло тақарруби ҷовид кадом аст? Гуфт: – «Оне, ки бидонад, ки бандае аз дунё ва охират, ғайри вайро дӯст намедорад»4.
Низ Абутолиби Маккӣ дар китоби худ бо номи «Қут-ул қулуб» аз қавли Абуҳозим Маданӣ нақл мекунад: Ман шарм дорам аз Парвардигорам, ки ӯро аз бими оташ бипарастам, зеро дар ин ҳангом бандаи нобакорро монам, ки агар натарсад, кор намекунад ва низ шарм дорам, ӯро барои Биҳишт ибодат кунам, зеро дар ин ҳангом ба муздури сияҳкор монам, ки агар муздаш надиҳанд, кори худ ба анҷом нарасонад. Ман Худоро ба хотири худаш ибодат мекунам.5
ШАРҲ:
- Удхулу: Дохил шав. Феъли амри ҷамъи музаккари ҳозир; чун луқмаро исми ҷинс бигирем дохил дар ҷамъ мегардад ва бо феъли «удхулу» мутаносиб мешвад.
- Парра: Барги коҳ, пара ва чархи осиёб ва дулоб.
- Нафоҳат-ул-унс, с.614.
- Р.К. Шарҳи кабир Анқаравū, ҷӯзъи дувум ва дафтари сеюм, с. 712.
- Р.К. Шарҳи кабир Анқаравū, ҷӯзъи дувум ва дафтари сеюм, с. 712.
Абдулазиззода Саидакбар,
муовини шуъбаи Дастхатҳои Шарқ
ва китобҳои нодир.