Муаррифӣ. “Маҳбуби дилҳо”

Маҳбуби дилҳоИн китоб, ки дарбаргирандаи маҷмуаи мақолаҳо, шеърҳо ва осорномаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Абдулло Назрӣ мебошад, соли 2024 дар нашриёти “Ирфон” чоп шудааст.

Дар пешгуфтори китоб мехонем: Маҷмуаи мақолаҳо, китобномаи шарҳиҳолӣ ва феҳристи сурудҳо, ки ба ҳаёту эҷодиёти устоди санъат, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, зиндаёд Абдулло Назрӣ бахшида шудааст, паҳлуҳои гуногуни ҷанбаҳои ҳунари овозхонӣ ва мусиқишиносии ин ҳунарманди маҳбуби халқро то ҳадде фарогиранд. Номи маҷмуа аз як мисраи наъте, ки устод Абдулло Назрӣ бо завқу шури дил месароиданд – “Маҳбуби дилҳо”, гирифта шудааст. Ва чун эшон бо ҳунару салиқаи зотӣ дар қалбҳои ҳазорон мухлис ҷой гирифт, ин сухун лоиқи маҷмуаест, ки ба маҳорату истеъдоди эшон бахшида шудааст. Мавриди тазаккур аст, ки эҷоди оҳанг барои матни пурмазмун кори саҳлу осон нест, зеро навои дилпазирро фаҳму дарки сухан ба вуҷуд меорад, гузашта аз ин садои дилишин, ки василаи пайванди муҳаббат ба мардум аст, ҳамбастагии оҳангу суханро барои сомеъони маънишинос ҷазобу дилнишин мегардонад.

Мақоми салобату балоғати каломро мукаммал месозад ва сухани хубро, ки роз дар он ниҳон аст, дар пероҳани мусиқӣ ба аҳли завқ  тақдим мекунад ё ба қавли мутафаккирон гуфтори ба дониш дарҷшударо Абдулло Назрӣ мақомхон буданд. Фарзияи мазкур асоси воқеъӣ дорад. Перомуни матлаби фавқ яке аз олимони маъруфи санъатшинос, доктори илми санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомов фармудаанд:

“Услуби овозхонӣ ва навозандагии Абдулло Назрӣ ҷанбаҳои хоса дорад. Яке аз сифатҳои асосии сабки дарвозӣ ва қаротегинӣ ин пайваст будани мусиқии ин минтақа бо услуби классикӣ – мақомхонӣ ба шумор меравад. Дарвоз яке аз минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон мебошад, ки онҷо мақомҳои “Ушшоқ”, “Ироқ”, бобҳои хоси “Шашмақом” – “Талқин”, “Сарахбор” аз замонҳои қадим васеъ маълум гардида буданд. Ин сарояндаи хушилҳом аз уҳдаи иҷрои чунин мақомҳо бо камоли майл баромада метавонист ва ҳамин аст вижагии ҳунари устоди саъат- Абдулло Назрӣ…”

Аслиддин Низомов ин нуктаро таъкид мекунанд, ки санъати мақомҳоихонӣ дар муҳити адабии водии Дарвоз аз замонҳои пешин роиҷ буд ва намунаи барҷастаи он оҳангҳои эҷоднамудаи Акашариф Ҷўраев ва Абдулло Назрӣ маҳсуб мешаванд.

Маҷмуаи мазкур зиёда аз 30 мақола иборат буда, шахсиятҳои муҳтарами аҳли илму адаб фикру андешаҳояшонро андар шинохти ҳунари овозхонии Абдулло Назрӣ ба таври мухтасар ба қалам додаанд, ки ҳамаи ин гуфтаҳо ишора ба хидматҳои эшон дар рушди мусиқӣ ва ҳунари сарояндагии санъати овозхонӣ унвон мешаванд. Ҳамзамон дар китобномаи шарҳиҳолӣ феҳристи сурудҳо ва шеърҳое, ки ба устоди санъат бахшида шудаанд, санаҳои фаъолият ва назари адибону шахсиятҳои муҳтарам гирдоварӣ шудаанд.

Воқеан, Абдулло Назрӣ намунаи барҷастаи як шахсияти ҳунарӣ буданд ва ин васила ўро дар ҷомеа соҳибмақому соҳибэҳтиром намуда буд. Пиндор, гуфтор ва рафтори вижа доштанду хидмати мардум пешаи рўзу рўзгорашон буд ва нукоти дигари эътибору нуфузашон дар шеъри шоири донишманд Беҳрўзи Забеҳулло хеле барҷаста ташхис шудааст:

Ҳанўз нағмаи Довудии дутори ту аст,

Ҳанўз булбули шўрида шармсори ту аст.

Ҳанўз гўши насиҳатпазири озода,

Хумори савти дилангези рўдбори ту аст.

Куҳан нашуд ба замон нағмаи дилангезат,

“Мақом”-и мардуми озода ифтихори ту аст…

Садойи нойи ту офат надид аз пирӣ,

Сухан ба минбару майдон аз эътибори ту аст.

Бад-ин минвод, метавон роҷеъ ба истеъдоди зотӣ, завқу шўри ҳунари овозхонии устод Абдулло Назрӣ ин матлабро ёдовар шуд, ки эҷодиёташон барои ҳунармандони ҷавону умедбахши муассисаҳои таълими мусиқии ҳирфаӣ ва олӣ шоистаи омўзиши густурда аст.

Дар васоити ахбор – рўзномаву маҷалаҳои даврӣ оид ба ҷашнҳои зодрўз ва саъати волои Абдулло Назрӣ мақолаву очеркҳои хеле зиёд дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Мо қисме аз онҳоро, ки мутааллиқ ба олимону адибони кишваранд ҷиҳати нашри маҷмуаи мавриди назар ҷамъ оварда, пешкаши ҳаводорони табъи салим кардаем. Андешаҳои матолиби зикршуда таъкид бар он мекунанд, ки насли ояндаи давронсоз ба қадру манзалати санъати асили овозхонӣ бирасад, зеро ин гаҷинаи бебаҳо инсонро дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувийяти миллӣ тарбият мекунад. Гузашта аз ин, чунон ки узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммадюсуф Имомзода дар мақолаи “Ҳусни савт” ишора мекунанд: “Савту наво, суруду мусиқӣ, ғанову лаҳни навозандагию овозхонӣ бо даразардошти маншаҳои зуҳур бо падидоии Инсон тавъам буда, ба ин хотир пайванде ба олами қудсӣ доранд… Ин санъаткори асил яке аз намояндагони маҳбубтарии мактаби сабки ҳунарии Акашариф Ҷўраев дар як муддати кўтоҳ шуҳратёр мегардад. Инак, фузун аз 60 сол аст, ки Ҳофизи халқии Тоҷикистон Абдулло Назрӣ суннатҳои ҳамин мактаби ҳунариро миёни халқи азиз бо истеъдоди азалии хеш тараннум меамояд. Тафовути ҳунарии ў он аст, ки сабку услуби хоси худро дорад ва тақлиди маҳз нест, балки сифр эҷодкорона аст. Бинобар ин, омўхтану таблиғи чунин сабк яке аз вазифаҳои муҳими насли ояндаи ҳунармандони саъати мусиқиву овозхонист…”

Академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Маҳмадулло Лутфуллоев бо сароҳат дар мақолаашон–“Мухлису муштоқи ўям” мегўянд:

“…Банда ин марди майдони ҳунар, устоди камназирро дер боз мешиохтам, мухлису муштоқи садои гирояш ҳастам… Асбобҳои мусиқии миллӣ – дутор, танбўр, рубоб дар дасташ мебозиданд. Дутор асбоби мусиқии калон нест. Аммо вақте ки худро дар дасти акаи Абдулло Назрӣ медид, калону бузург мешуд… Садои дутору танбўр дар дасти ў нозукадо бо садои булбулону кабкони дарии мулки хушманзарамон ҷўр шуда, ба дуриҳои дур, ба саросари Тоҷикистони маҳбуб ва мулкҳои ҳамсояю ҳамзабони Афғонистону Эрон танинандоз мешуд…”

Ингуна васфу суханҳои нек дар боби шинохти шахсияту ҳунари волои устод Абдулло Назрӣ дар мақолаву чакидаҳои адибону олимон ва ҳунармадони маъруфи кишвар, ки дар маҷмуаи “Маҳбуби дилҳо” фароҳам омадаанд, шаҳодат аз ихлосу самимияти соҳибназаронанд. Ва нигоштаҳои онҳо арҷгузорӣ ба ҳунару санъати бузурги овохонист ва аз қавли Ҳаким Фирдавсӣ:

Чун пурсанд пурсандагон аз ҳунар,

Нашояд, ки посух диҳӣ аз гуҳар.

Ҳар он кас, ки ҷўяд ҳаме бартарӣ,

Ҳунарҳо бибояд бад-ин доварӣ.

Оре, ҳакимон ба ин боваранд, ки гуҳар аз баҳри ҳунар гиромӣ шудааст, на ҳунар аз барои гуҳар ва мард бо ҳунар ном мегирад (бардошти маънӣ аз Абушакури Балхӣ ва Абулфазли Байҳақӣ), ончунон ки Абдулло Назрӣ бо ҳунару овози фораму дилкаш номвар шудаанд.

Мақолаҳоро бо назардошти вақту замони таълифшудаашон, бе тағийр дар маҷмуа гирдоварӣ кардаем, аз ин лиҳоз хонандаи гиромиқадр бо ҳуши тезфаҳми хеш матлабро дарк менамояд. Ва мақсади ниҳоӣ, поси хотири ҳунарманди мардумӣ, Инсони шариф ва шахсияти арҷманду меҳрубон устод Абдулло Назрист, ки мазорашон дар синаҳои аҳли назар, завқу маънӣ ҷой гирифта:

Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷўй,

Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.

Мутраттибон ба устодони гиромиқадр Муҳтарам Ҳотам ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ барои маслиҳатҳои муфидашон дар таҳияи китоби мазкур изҳори миннатдорӣ менамоянд. Ҳамзамон ба дўстони арҷманд Сироҷиддин Саидзода, Фаррухи Асрор ва дигарон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаашон дар нашри китоби мазкур арзи сипос менамоем.

Исмоил Назрӣ,

Меҳриддин Ғиёсӣ

Китоби “Маҳбуби дилҳо”-ро шумо, хонандагони азиз, метавонед дар толори хониши шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ бихонед.

Таҳияи Фирўза Таурова,
мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир  ба  фарҳанг  ва  ҳунар.