Муфассалтар дар бораи  дастури библиографии “Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” 

9-уми моҳи майи соли равон Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастури библиографии “Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” – ро рӯнамоӣ кард, ки дар он зумрае аз донишмандон, ҳунармандон, устодони санъат, шогирдони устод Ҳошим Гадо, донишҷӯён, рӯзноманигорон ва кормандони Китобхона ҳузур доштанд. Дар бораи ин нишасти хотирмон мо гузориши муфассале дар сомона доштем, ки поёнтар нишонии онро мегузорем.

Ҳамкорамон аз Маркази “Тоҷикшиносӣ” Маҳмадвалӣ Зиеёв чигунагии ин китоби шарҳиҳолиро дар мақолаи зер муфассал баён кардааст.

НАШРИ КИТОБИ НАВ ҲОШИМ ГАДО: КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛӢ

Дастури библиографии «Ҳошим Гадо: китобномаи шарҳиҳолӣ» буда, аз ҷониби шуъбаи «илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 88-солагии ҳунарпеша, – дорандаи ордени «Ситораи Президент»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳошим Гадо таҳия ва нашр гардид.

Ҳошим-ГадоНишондиҳандаи мазкур бо пешгуфтору зери наза­ри доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол омода гашта, таҳиягари он Насиба Даниярова мебошад. Дар ин феҳрист Насиба Даниярова, Гулчеҳра Ахмедова ва Маҳмадвалӣ Зиёев ҳамчун пажӯҳишгар саҳм гузоштанд.

Дар пешгуфтор мехонем: Моҳи феврали соли 2025 шумораи ҳазоруми силсилакитобҳои ҳунарманди мунавварнигоҳи тоҷик, Устод Ҳошим Гадо бо номи «Колосс» ба нашр расида, вориди махзани китобии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Ин паём яке аз муҳимтарин воқеаҳои адабӣ дар таърихи табъу нашри башарӣ буда, як таҳаввулоти амиқе дар олами нигориш маҳсуб мешавад. Бале, таҳаввул: зеро то имрӯз дар ҳеҷ як давру замон ва дар ягон гӯшаи сайёра ягон шахсияти эҷодгар, олиму мутафаккир, шоиру нависанда ва файласуфу андешманд, аз Шарқ то Ғарб, аз Ҷануб то Шимол бо чунин рақам осори нашрӣ надоштааст.

Ин падидаи фарҳангиро агар имрӯз афроде ҳамчун раванди маъмулӣ қабул дошта бошанд, вале аз лиҳози оянданигарӣ ва тафаккури миллӣ ин навид баёнгари он аст, ки аз мииллати мо боз як чеҳраи тобноке дар арсаи ҷаҳонӣ падид омадааст, ки барои ҳазорсолаҳои дигар исми тоҷикро дар садри миллатҳои фарҳангофар, андешазову андешасоз ва гузашта аз ин миллати адабсозу нобиғаофар муаррифӣ месозад.

Устод Ҳошим Гадо ҳарчанд, ки дар саҳнаи театр нобиғаи кори худ, дар нигориш баҳри андеша ва дар ирода қавию шикастнопазир аст, вале бо қалби поку соф, самимияти воло ва хоксорию фурӯтанӣ ҳамеша дар миёни мардум аст; осору эҷоди мавсуф низ баргирифта аз тафаккури мардумӣ ва барои ҷомеаи башарӣ иншо шудаанд.

Имрӯз осори Ҳошим Гадо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои хориҷ низ маълуму машҳур буда, бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ осори безаволи устод ба китобхонаҳои марказии кишварҳои собиқ Шуравӣ дастрас гардидааст.

Ҳошим Гадо дар айни замон яке аз эҷодкоронест, ки зиндагию рӯзгораш бо қаламу коғаз, китобу ҳикмат ва фалсафаву ирфон печида аст. Ӯ худро дар китоб ва китобро дар худ мебинад. Аз нигоштаҳои ӯ маълум аст, ки устод ҳузури худро дар олами равшан бо мақсади бузург пайванд сохта, эҳсоси масъулияти азимро дар пешгоҳи миллат, давлат ва башарият дорад.

Бо чунин руҳияи эҷодӣ, бо чунин равиш ва маҳсули баланди маънавӣ Ҳошим Гадо сазовори бузургтарин ҷоизаву қадршиносиҳо мебошад. Ӯ бо ин ҳама дастоварди эҷодӣ дар кинову театр, китобу нигориш ва тарбияи кадрҳои соҳаи ҷавон дар самти ҳунару синамо бе муҳобо бояд шомили феҳристи шахсиятҳои наҷибу нобиғаи ҷаҳонӣ ва китоби Гиннесс бошад. Зеро ӯ беҳамто аст; ягона аст. Ӯ шахсият аст, ки аз домони поки модари тоҷик ба дунё омада, бо қалбу руҳи бузурги тоҷикӣ зиндагию эҷод кардааст.

Устод Ҳошим Гадо имрӯз бо осори хеш, муносибат бо китобу китобдорию китобхонӣ ба як намоди бузурги китоби зинда мубаддал шуда, китобу осори нашрии худро барои ҷомеа ба ҳар шакле эҳдо намудаву ҳадя менамояд. Санадҳои тасдиқшуда вуҷуд доранд, ки то имрӯз Устод беш аз 10 ҳазор нусха китобҳояшонро ба китобхонаҳо, вазорату идораҳо ва шаҳру навоҳии кишвар тақдим кардааст.

Ин иқдом далолат бар ан аст, ӯ дар татбиқи сиёсати фарҳангию маънавии Пешвои миллат ҷиҳати ҳамагонӣ намудани китобу китобхонӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳо саҳми худро ба шаклу усулҳои барои худ хос мегузорад ва нисбат ба тафаккур ва хираду ахлоқи ҷомеа бетафовут нест.

Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун даргоҳи илму маърифат ва маркази бузурги нигоҳдорандаи осори миллию башарӣ айни ҳол осори Устод Ҳошим Гадоро дар якҷо ҷамъ оварда, ҳамзамон дастхатҳо, расму тасовири лаҳзаҳои таърихии ҳаёти ӯро дар гӯшаи махсус гирдоварӣ карда, ба марази тамошои ҳаводорони каломи ноб гузоштааст. Ин китобномаи шарҳиҳолӣ, низ давоми он иқдомҳое мебошад, ки барои сарҷамъ намудани мероси маънавии Устод анҷом шудааст.

Устод Ҳошим Гадо яке аз сутунҳои маънавии санъати театр ва кинои тоҷик, актёр, коргардон, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Ҳунарманди халқии СССР, Аълочии маданияти СССР, дорандаи Ҷоизаи ҳунарии Аноҳита, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Дорандаи ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессори фахрии Федератсияи Русия, доктори фахрии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо ҷоизаву ифтихорномаҳо мебошад.

Ин ҳунарманди беҳамто ва нобиғаи дунёи ҳунар бо нақшҳои безаволаш чӣ дар саҳнаи театр ва чӣ навори кино инқилоби фикрӣ офаридааст ва дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳамчун қаҳрамони таърихӣ нақшҳои нотакрор дорад. Нигоҳе ба нақшофарӣ ва ҳунари асили ӯ будааст, ки дар қатори дурахшонтарин ахтарони синамои ҷаҳон сурати зебои ҳаштметра дар нақши Суҳроб бозидааш дар Туркиё қомат афрохтааст, як чашмаи ҷӯшон дар Озарбойҷон ба номи Ҳошим Гадо номгузорӣ шуда, дар Махачқалъа расмҳояшро наққошӣ кардаву осорхонаи бебаҳое бунёд кардаанд. Ин ва даҳҳо ёдгориҳои дигарро дар гӯшаву канори дунё мебинем, ки ба хотири пос доштани ҳунари асил заминаи бунёдӣ гузоштааст.

Дар маҷмӯаи мазкур мақолаҳои олимону эҷодкорон ва сиёсатшиносону ҳунармандон оид ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Ҳошим Гадо, осорномаи 1000 ҷилда ва адабиёт доир ба кору рӯзгори илмии ӯ фароҳам оварда шудааст.

Китобнома аз ду қисм ва кӯмакфеҳрист иборат буда, қисми аввал бо номгӯйи осори адабию бадеӣ ва дар қисми ду адабиёт доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодиву ҳунарии Ҳошим Гадо маълумот медиҳад. Унвони ҳамаи асарҳо дар забони асл тибқи стандарти пазируфташуда тасвир шудаанд.

Мавод дар қисм ва зерқисмҳои дастури библиографӣ тибқи вақту замони чопи асарҳо аввал ба забони тоҷикӣ ва сипас ба забони русӣ бо тартиби алифбоӣ ҷобаҷо шудааст.

Дастури мазкур дар асоси захираи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вебсайтҳои интернетӣ таҳия шуда, маводи солҳои 1980-2025 нашршударо дар бар мегирад.

Дастур ба донишҷӯёну омӯзгорон, олимон, ҳунармандону эҷодкорон, муҳаққиқони санъату театр ва умуман ба гурӯҳи васеи хонандагон ҷиҳати бештару хубтар ошноӣ пайдо намудан ба осори Ҳошим Гадо кӯмак хоҳад расонид.

Хонандагон метавонанд «Ҳошим Гадо: китобномаи шарҳиҳолӣ»-ро дар «Китобхонаи миллӣ» мутолиа намоянд.

Таҳияи Маҳмадвалӣ Зиёев,
сармутахассиси Маркази
«Тоҷикшиносӣ»