Муғаннӣ, мураббӣ ва шахси дилсўзу меҳрубон
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Ман аввалин ҳунарнамоии Абдулло Назриро ба ёд дорам. Ин соли 1953 буд. Аз аввалин баромади худ дар саҳна ў таваҷҷўҳи тамошобинонро бо ҳунари навозандагию сарояндагӣ, инчунин бо зебоию хушрафторӣ ба худ кашида буд.
Ин буд, ки ў ба гирифтани унвони Ҳофизи мардумӣ сазовор гардида, дар пешрафти фарҳангу ҳунари халқи худ хизмат мекард. Сурудҳои аввалини ў бо оҳангу навоҳои зебою дилчасп садои чашмаҳои софу серҳаракат ва навои мурғони хушилҳоми Дарвозро ба хотири шунаванда меовард. Ҳамкорӣ бо устод Акашариф Ҷураев ҳамкасбон, Абдураҳмон Ёров, Карим Раҳимов, Зулайхо Раҳимова, Саломат Шоҳназаров, Барот Яхшиев ва дигарон фаъолияти эҷодии ўро васеътар мегардонид.
Абдулло Назрӣ ҳамчун шахси ватандўсту ғамхор дар ҳамаи ҳолатҳо ҳунари худро ба пешравии фарҳанг ва беҳбудии ҳаёти мардуми тоҷик равона меамояд. Сурудҳои ватанпарвонаи ў “Ишқи ватан”, “Асри ман”, “Гул кун ба бахти мо ватан”, “Халқи бузургворам” ба шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ, Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода ва дигарон тараннуми ҳаёти имрўзаи мардуми тоҷик мебошанд.
Доираи эҷодиёти Абдулло Назрӣ серпаҳлу буда, аз оҳангу навоҳои Дарвозу Рашту Хатлон саршор мебошанд. Ҳамкорӣ бо устодони мусиқии классикии тоҷик “Шашмақом” Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Нерё Аминов, Барно Исҳоқова, Аҳмад Бобоқулов ва дигарон доираи фаъолияти эҷодии ўро васеъ мегардонад. Ў аз ин устодон усул, зарбҳои мураккабӣ “Шашмақом” вазну талаффузи калимаҳо дар оҳанг ва дигар нозукиҳои санъати мусиқиро меомўзад. Ҳамин кўшишу заҳматҳо буд, ки Абдулло Назрӣ дар ҷодаи санъати мусиқии суннатӣ устоди бузург шудааст.
Абдулло Назрӣ ҳамчун мураббӣ дар тарбия ва ба камолрасии фарзандон ва шогирдон тамоми ҳаёти худро бахшидааст.
Халқи тоҷик бо чунин фарзандони соҳибҳунари худ ифтихор дорад, зеро онҳо санъати миллиро бо тароватҳои зебояш ба оламиён муаррифӣ менамоянд.
Хайрулло Абдуллоев, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон
Аз китоби “Маҳбуби дилҳо”, Душанбе, “Ирфон”, 2024. Маҷмуаи мақолаҳо, шеърҳо ва осорномаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Абдулло Назрӣ.
Ин китобро хоҳишмандон метавонанд дар толори хониши адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар мутолаа кунанд.
Фирўза Таурова, мутахассиси
шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар.