Муҳаббат Қаноатов. Файзӣ ва достони “Нал ва Даман”
“Шоирии форсӣ дар муддати мадиди шашсад сол дар Ҳиндустон ду шахс падид оварда, ки худ аҳли забон, яъне гӯяндагони Эрон ҳам ночор шуда, онҳоро тасдиқ ва қабул намоянд ва он ду яке Хусрав ва дигаре Файзист”.
Шиблӣ Нӯъмонӣ
Абулфайз ибни Муборак мутахаллис ба Файзӣ (1547-1595), ба эътирофи аҳли адаб аз ҷумлаи он мутафаккирон ва шоирони бузургест, ки ба таври ҳаққонӣ дар инкишоф ва пешравии афкори маънавии Ҳиндустони қарни XVI таъсири намоён гузоштааст.
Файзӣ наслан араб аст. Авлодони қадимии ӯ дар сарзамини Яман сукунат дошта, аз аҳли илму ҳунар будаанд.
Маълумоти ибтидоӣ ва интиҳоиро Файзӣ аз падари худ гирифтааст. Дар як қасидаи тулонии ба Акбаршоҳ бахшидаи худ Файзӣ падарашро ба некӣ ёд мекунад:
Дигар сабаб талабӣ, устоди ман падар аст,
Чӣ ҳақ, ки нест ба ман з-он бузурги ҳаққонӣ.
Забон ба завқи сухан то маро биҷунбидаст,
Ба неъмати падарам буда тездандонӣ.
Зи мабдаи марази ҷаҳл то накоҳати табъ,
Ба дардҳои дарунам намуда дармонӣ.
Мувофиқи маълумоти муаллифи “Тазкираи уламои Ҳинд” Мавлавӣ Раҳмоналӣ “Файзӣ дар синни чаҳордаҳсолагӣ аз илмомӯзӣ фориғ гаштааст” Аз хусуси барвақт ба хондан ва навиштан шурӯъ кардани шоир як байти худи ӯ, ки аз достони “Нал ва Даман” аст, ба хубӣ шаҳодат медиҳад:
Чил сол варақнавар гаштам,
К-авроқи сипеҳр дарнавиштам.
Файзӣ ҳанӯз дар синни ҷавонӣ бо фалсафаи қадимии Ҳинд, ирфони исломӣ, тариқаҳои мухталифи замони худ, забонҳои форсӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва санскрит шиносоии тамом ҳосил карда буд.
Пас аз хатми улуми мутадовила (мутадовил, маъмул, расмшуда) шоири ҷавон як муддати муайян роҳи мустаъқими эҷодӣ ва ҳаётии худро пайдо карда натавониста, побанди хаёлоти мавҳум гардид; табъи мушкилписанд ва фикри озоди ӯ ба ҳалли масоили мураккаби фалсафӣ, мантиқ ва ирфонӣ домангир шуд. Абёти зер ба тарзи равшан аз ҳолати рӯҳии давраи ҷавонии шоир тарҷумонӣ мекунанд:
Чаро бувад мутахолиф русуми исломӣ?
Чаро бувад муташобеҳ ҳуруфи фурқонӣ?
Забон кашида ба дорулқазои уҷбу риё,
Шуҳуди кизб зи даъвигарони имонӣ.
Агар ҳақиқати ислом дар ҷаҳон ин аст,
Ҳазор хандаи куфр аст бар мусулмонӣ.
Гаҳе чу ақл фурӯ рафта гарчи дарёбам
Рамузи ҳикмати донодилони юнонӣ.
Чи кардааст тахайюл Муаллими Аввал,
Чӣ гуфтааст зи маънӣ Мутарҷими Сонӣ.
Оилаи Файзӣ ҳама соҳиби илму маърифат буда, машраби орифона ва фикри озоде доштанд. Падари шоир Шайх Муборак яке аз уламои дараҷаи аввали замони худ буд ва бо вусъати назари фавқуллодае, ки дар аксар илмҳо дошт, вай фарзандонашро аз хурофот ва тақлидоти расмии исломӣ озод сохта буд. Аз ин рӯ, муллоёни ҷоҳил, уламои хушк ва мутаассиби динӣ, нисбат ба хонадони Файзӣ адовате доштанд; дар шахси ин хонадони шариф душманони худро ёфта, онҳоро ба куфр ва зандақа (аҳли бидъат) муттаҳам сохтанд ва ҳатто бо фатвое Муборак ва фарзандонашро ҷисман нобуд карданӣ шуданд. Муборак маҷбур шуд, ки ҳамроҳи фарзандони худ – Файзӣ ва Абуфазл муддати дуру дароз аз шаҳре ба шаҳре паноҳ барад. Абуфазл он саргардонӣ ва парешониро чунин тасвир мекунад: “Нуристони офтоб ва торикиёни бадгавҳар ва ҳуҷуми масолики шаҳр ва ҳангомаи пижӯҳандагони нофарҷом ва ёвари нопадид ва борандози ноёфт – қалами чӯбинро чи ёро, ки қадре аз он ҳол гузорад”.
Акбар шахсан ба Муборак ва фарзандони ӯ таваҷҷӯҳи хосе дошт ва мехост, ки фазл ва дониши онҳоро барои мақсадҳои сиёсии худ бар зидди мулиёни дарборӣ истифода барад, вале чунон дар таасуби мулоёни ҷоҳил монда буд, ки наметавонист ҳукми мустаъқилонае барорад. Пас аз саргардонии зиёд ва фурӯ нишастани ғубори фитна соли 1567 оилаи Муборак ба пойтахт (Фатаҳпур) баргашт. Файзӣ зуд ба дарбор даъват шуд. Дар ин ҳангом синни вай акнун ба бист расида буд.
Дар куллиёти Файзӣ қитъаи кӯтоҳе ҳаст, ки шоир дар он сабаби ба дарбори Акбар рафтани худро хеле равшан изҳор намудааст:
Мард бояд зи паи нафъ расидани халқ
Ба дари давлати арбоби карам ҷо гирад.
Рӯзу шаб мегузаронад зи хатар мардумро,
Бесабаб нест, ки киштӣ лаби дарё гирад.
Маълум мешавад, ки шоир фақат барои сила ва инъомҳои подшоҳӣ ва шеърфурӯшӣ ба дарбор нарафтааст. Мақсади ӯ, бешубҳа, ин будааст, ки бо неруи хирад Акбарро, ки побанди таассуби ҷоҳилонаи муллоёни исломӣ гашта буд, берун овард ва ба роҳи мустақими адолат ва мулкдорӣ тарғиб намояд. Файзӣ то андозае ба ин мақсад расида тавонист. Шояд аз ҳамин рӯ бошад, ки шоир дар муқаддимаи девони қасоиди худ (нусхаи захираи дастнависҳои Шарқии АФ РСС Тоҷикистон, №607, варақи 3) менависад: “Дурахшанда рақаме аз лавҳи сарнавишти ман рӯзгор хонд. Чун ҳиммати ман воло буд, кори ман боло гирифт”.
Файзӣ то соли 1581 ҳеҷ гуна мансаби расмии давлатӣ надошт. Соли 1581 Акбар садорати Дуобро ба ӯ супурд. Эҳтимол, ба ин мансаб ба ивази хидмате расида бошад. Дар ҳақиқат ин солҳо давраи фаъолият ва боло гирифтани мақом ва обрӯи мансабдорон ва тарафдорони ислоҳоти Акбар буданд. Пас аз як соли ба ин мансаб расидани Файзӣ, подшоҳ садорати вилоятҳои Агра, Колинҷар ва Колибиро вогузори ӯ намуд. Файзӣ якбора садри чаҳор вилоят гашт…
Идомаи ин мақолаи пажӯҳишӣ ва бобҳо аз достони “Нал ва Даман”-ро шумо, хонандагони азиз аз маҷаллаи адабии “Садои Шарқ”, соли 1966, рақами 2 метавонед бихонед.
Таҳияи Лола Мавлонова,
муовини сардори шуъбаи матбуоти даврӣ.