Муҳаммадуллоҳи Табарӣ: Аз инъикос то шикасти нур
Чанд сол пеш дар толори «Машрабия» – и меҳмонхонаи «Душанбе Серена» намоиши асарҳои рассоми шинохта Зокир Собиров роҳандозӣ гардид. Дар он 41 асари солҳои охир дар равияҳои ба худ хоси нурворизм ва танворизм офаридаи эҷодкор ба маъраз гузошта шуд. Равияҳои нурворизм (параллелизм) ва танворизм (материализм), ки ба онҳо Зокир Собиров асос гузоштааст, ҷараёнҳои навтарин дар санъати тасвирӣ буда, дар Амрико, Чин ва Россия тарафдорони зиёде пайдо кардаанд.
Нурворизм аз асоси «нурвор» гирифта шуда, таъсири ба ҳам мутақобила, яъне дар ҳам мунъакис гардидани воқеиятҳои мухталиф ва баъзан ҳамдигарро бурида гузаштани нурҳоро инъикос менамояд. Дар натиҷаи ин бозёфти хеш муаллиф асарҳое меофарад, ки новобаста аз жанрашон (аксаран портрет, пейзаж) хеле фарогир буда, аз ҷаҳони ботинии инсон ва дунёи маънавии ӯ то муҳити умумии замонро дар бар мегиранд. Портретҳои Садриддин Айнӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Темур Зулфиқоров ва Нурсултон Назарбоев далели гуфтаҳои болоанд.
«Табиати нурворизм ё параллелизм аз рӯҳе сар мезанад, ки дар фазо парвоз дошта, ҳамзамон, дар қаринаи асар ҷой гирифтааст, – иброз медорад ҳунаршиноси машҳури кишвар Лариса Додхудоева. – Аз ҳамин ҷост, ки он бо ҳама гуна навъи жанрҳое, ки дар санъат роиҷ аст, метавонад созгор ояд».
Нурворизм танзими физикии нур мебошад, ки ба фазо омезиш ёфта, нахуст дар мафкураи муаллиф пайдо мегардад ва пасон, дар образ ва шакли асар ифода мешавад. Онро метавон дар мусаввараҳои монументалӣ, ороиши театрӣ ва мӯд кор бурда, дар санъати меъморӣ низ татбиқ кард.
Танворизм бошад, аз калимаи «танвор» гирифта шуда, гароиш ба шаклҳои номуайянӣ дорад. Дар он матоъ ва ороишот ба шакли тағйирёфта тасвир шуда, моҳияти равандҳои табиат ва дунёи андешаи инсон ба шаклу намои мухталиф инъикос гардидааст. Чунин шакли тасвирро дар ороиши либос, парда ва рӯҷо низ истифода мебаранд. Танворизм ҳастии дунёро ҳатто дар он ҷузъҳое, ки ба чашми инсон намоён нест, мунъакис месозад.
Дар осори ӯ таъсири равияи театриву монументалии замони шӯравӣ баръало ҳис мешавад. Аммо навоварии рассом дар он зоҳир мегардад, ки ӯ услуби интихобнамудаашро бо сюжети асар мувофиқ месозад. Новобаста аз ин, ихлосмандони ҳунараш ба осори ӯ назари яксон надоранд. Санъатшинос ва мусаввир Виктор Танюкевич иброз менамояд, ки фазо дар эҷоди Зокир Собиров мавқеи асосӣ дорад. «Аммо, чуноне ки медонем фазо симметрӣ буда, ҳар чизи дар он ҷойгиршуда мисли оне, ки дар оина намудор бошад, ҷилвагар мегардад. Дар асарҳои Собиров бошад, мо варшикастагиеро мебинем, ки ягонагии асарро баъзан халалдор ҳам менамояд. Аз ин лиҳоз, дарки асарҳояш мушкил буда, ба ҳама як хел таъсир намерасонад», – меафзояд Танюкевич.
Аммо, рассоми дигар Михаил Носков аз инъикоси фазову макон дар асарҳои Собиров ба ваҷд омада мегӯяд: «Чунин тарзи ҷойгир намудани объектҳо ба кас таъсири фавқулода гузошта, дарк ва қабули онро баръакс хеле осон менамояд. Рангҳои сабуки интихобшуда низ ба ин раванд ёрӣ мерасонанд».
Валерий Евстафйев низ бо хурсандӣ иброз медорад, ки аз тамошои чунин асарҳо кас ҳаловат мебарад. «Ман ба он андешае розӣ шуда наметавонам, ки шиносоӣ бо чунин асарҳо ба рӯҳияи одам таъсири бад мерасонад. Баръакс, аз дидани ин офаридаҳо равони кас орому таскин гардида, маънавиёташ меафзояд», – мегӯяд рассом.
Воқеан ҳам, тамошогари муқаррарӣ метавонад аз ин ҳунари ғайриодӣ ба ҳайрат ояд. Зеро дар он метавон ҳам элементҳои кубизм, ҳам футуризм ва ҳатто сюрреализмро низ пайдо намуд. Нурворизм инсон, замон ва коинотро аз чанд паҳлу, бисёррӯя ва тавассути рахҳои зиёд тасвир менамояд. Аз ин рӯ, бисёриҳо онро раванди авангардӣ, ё ҳатто дадаизми абстрактӣ низ номидаанд.
Ба андешаи мо бошад, дар осори мазкур, пеш аз ҳама, иваз шудани замонҳо ва таъсири онҳо ба инсону муҳит мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Бо тағйир ёфтани замон тафаккур, мазмуни худи зиндагӣ ва дар маҷмӯъ, набзи зиндагӣ дигар мешавад. Дар ин силсилаи асарҳои Зокир Собиров шукӯҳу шаҳомати замон ва рӯҳи тавонои соҳибзамонон андар рангҳои мухталиф ҷилвагар мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки Зокир Собиров яке аз рассомони сермаҳсули даврони мо буда, дар жанрҳои театрӣ, монументалӣ ва графика асар меофарад. Дар маҷмуъ, ӯ 160 асар офарида, дар таҳияи асарҳои зиёди саҳнавӣ низ саҳм гузоштааст. Мусаввара ва эскизи декоратсияҳои ба намоишҳои театрӣ офаридаи ӯ дар толорҳои машҳури намоишии «Манеж» – и шаҳри Москва ва Осорхонаи театрии ба номи Бахрушини Федератсияи Россия, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, толори намоишии Иттифоқи рассомони кишвар ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳамчунин, бо намунаи осори ӯ дар кишварҳои Амрико, Британияи Кабир, Чин, Ҳиндустон, Италия, Испания, Алҷазоир, Белоруссия ва Украина ошно мебошанд.