Мухтасар дар бораи китоби “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрўз”

Таърихи ХатлонВақте, ки кас намунаҳои аввалину қадимтарини шеъри дарии тоҷикиро пайдо карданӣ шавад, ногузир ба қитъаи шеърии;

Аз Хуталон омадиҳ,
Ба рў табоҳ омадиҳ

рў меорад. Қитъаи мазкур дар соли 726 ё 737 гуфта шудааст. Дар ин солҳо лашкари Асад ибни Абдулло аз лашкари муттаҳидаи туркону хатлониён шикаст хўрда, ба Балх мегурехт ва бачаҳо дар роҳ қитъаи мазкурро бар лашкари ў мехонданд. Ин қитъа аз як тараф Хуталонро бар ҷаҳониён ҳамчун кишвари пурқуввате дар нимаи аввали асри 8 муариффӣ мекарда бошад, аз ҷониби дигар он аз далерию  шуҷоати мардуми Хатлонзамин дарак медиҳад. Аз тарафи сеюм-пайдоиши намунаи аввалини шеъри тоҷикӣ-бо номи Хуталон абадан пайваст мебошад.

Байти зерини Анварӣ (асрҳои 11-12);
Мубашшир омаду ахбори фатҳи Хатлон дод,
Нишоти бода кун, эй Хусрави Хуросон, шод.

низ ба он далолат мекунад, ки фатҳи Хатлон дар он замонҳо кори осоне набудааст.

Муаллифи «Ҳудуду-л-олам» (асри11) аз мардуми ҷангии Хатлонзамин ва фарохию ободонии ин кишвар сухан рондааст. «Хуталон ноҳиятест андар миёни кўҳҳои бузургу ободон ва бисёркишту бисёрмардум ва неъматҳои фарох. Ва подшоҳи вай аз мулуки атроф аст ва мардуми ин ноҳият  мардумони ҷангиянд».

Амин Аҳмади  Розӣ  низ дар асри 16 дар хусуси Хатлон-Кўлоб ва мардуми шуҷои он чунин навиштааст:

«Хатлон ба вуфури (бисёрии) фавоқиҳу мева мақоме бономаст. Ва иртифооташ (ҳосилоташ) нек ба амал меояд. Ва аспони хатлӣ байналҷумҳур (дар байни мардум) машҳур аст. Ва мардумаш дар шуҷоату пайкор солиси Рустаму Исфандиёр (яъне сеюм пас аз ин ду нафар)».

Мардуми ғаюри Хатлонзамин ҳеҷ гоҳ бе муборизаи сахти беамон сари таслим назди душман хам накардааст. Ин маъниро муаррихи асри 17 балхӣ Маҳмуд ибни Амирвалӣ дар «Баҳру-л-асрор»-и худ чунин ба қалам додааст: «Хонҳои бисёре дар замонҳои пешин  кўшиш мекардаанд ин кишвар (Хатлон)-ро гирифта, ба кишварҳои худ ҳамроҳ намоянд, вале ин кор ба онҳо муяссар намегардид. Подшоҳони қадимаи кишвар, ки онҳоро «шоҳ» мегуфтанд, дар муқобили он хонҳо алами (байрақи) саркашию истиқлолият меафроштанд…»

Аз ватандўстию шуҷоати бемисли кўлобиён он факти таърихӣ  шоҳиди  ҳол аст, ки онҳо дар баробари лашкари таҷрибаноктарин ва калонтарин осиёимиёнагӣ Абдуллохони узбак дар соли 1584 тавонистанд зиёда аз ду моҳ муқобилият нишон диҳанд.

Сарзамини Хатлони бостонӣ бо номҳои Хутал, Хутталон ва дар охир Хатлон дар қаламрави вилояти Хатлони имрўза дар байни ду рўди бузургу бобаракати Вахшу Панҷ воқеъ гардида буд. Дар тўли таърих вилояти Вахш (дар ҷои Колхозободу Қурғантеппаю Сарбанду Бохтару Ёвон) гоҳо бо Хатлон ҳамроҳ ва гоҳо ҳам ҷудо  будааст. Ғайр аз ин, замоне қаламрави Хатлон васеъ гардида  масоҳати зиёдеро дар соҳили чапи рўди Панҷ низ ишғол мекард….

Ин як пора аз муқаддимаи китоби  “Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз” иқтибос шуд. Муаллифи ин китоби хонданӣ Ғолиб Ғоибов буда, соли 2006 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.

Китобро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

Ойҷонгул ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ