Мулоқоти директори Китобхонаи миллӣ бо ҳайати намояндагон аз Донишгоҳи Оксфорд
Дирӯз (07.04.2026) дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Китобхонаи миллӣ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода бо ҳайати намояндагони Донишгоҳи Оксфорд: профессор Эдмунд Ҳерзиг, доктор Фарнияз Закер ва хонум Ани Бет-Мовсес баргузор гашт.
Ҳайати намояндагони Донишгоҳи Оксфорд – омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи забон ва адабиёти форсӣ буда, зимни суҳбат бо директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода изҳор доштанд, ки Донишгоҳи Оксфорд ҳамкориро бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба роҳ монда, дар доираи он донишҷуёни худро барои забономузӣ ба Точикистон сафарбар менамояд. Ҷумахон Файзализода меҳмононро хайрамақдам гуфта , сараввал аз таърих ва бунёди Китобхонаи миллӣ, ҳамкориҳо бо китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар самти фаъолияти китобдорӣ сухан ронд. Вай иброз дошт, ки Китобхонаи миллӣ ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, дорои шуъбаву марказ ва бахшҳои мухталиф аст. Қайд гардид, ки дар Китобхона шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир арзи вуҷуд дошта, дорои зиёда аз 2000 дастнавис мебошад. Бештари ин дастнависҳо чопи сангӣ мебошанд. Қадимтарин дастхати фонди Шуъба ˗ китоби “Таърихи Табарӣ”-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ мебошад, ки он дар асрҳои XIII-XIV милодӣ бо хатти настаъалиқ китобат шудааст ва яке аз нусхаҳои нодир дар фонди Шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир маҳсуб мешавад. Бояд гуфт, ки шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бойтарин ганҷинаҳои илмӣ-маънавӣ ва фарҳангӣ–мадании кишвар шинохта мешавад. Ҳар як дастнавис, китобҳои чопи сангию муосир, инчунин рӯзномаву маҷаллаҳо дорои таърихи хоси худ буда, дар ташаккули ҳуввияти миллӣ ва фарҳангии мо нақши муҳим мебозад.
Қисмати зиёди китобҳои нодире, ки то соли 1979 дар Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи А. Фирдавсӣ маҳфуз буданд, ба Маркази дастхатҳои Шарқи Академияи улуми Тоҷикистон интиқол дода шудаанд.
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксари мамлакатҳои Аврупо ҳамкориҳо дорад. Аз ҷумла Китобхона соли 2022 аз Фаронса 60 адад дастхат дар шакли электронӣ дастрас намуд. Ҷумахон Файзализода қайд кард, ки имрӯз Китобхонаи миллӣ баҳри дастрас намудани ҳарчи бештари дастхатҳо ва китобҳои нодир ҳамкориҳои худро бо китобхонаву донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳон густариш медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки Китобхонаи миллӣ ҷиҳати датрас намудани китобҳои нодири рӯ ба нобудшавӣ ниҳода, бо Ҳиндустон ҳамкориҳо ба роҳ монда истодааст, то аз ин китобҳои гаронарзиш нусхаҳо дар шакли электронӣ дошта бошад. Ҳамзамон дар Китобхонаи миллӣ шуъбаи адабиёти хориҷӣ арзи вуҷуд дорад, ки адабиёти беш аз 60 забонро дорост. Инчунин шуъбаи мазкур гӯшаи китоби 19 давлати ҷаҳонро ҷамъоварӣ кардааст, ки худ як толори алоҳидаро ташкил медиҳад.
Дар идома тарфаҳо дар мавриди ҳамкориҳои судманди дуҷониба табодули назар намуданд. Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ ба ҳамдигар туҳфа тақдим намуданд.
Пас аз суҳбати дӯстонаву фарогир меҳмонон, ки ба осори форсиву дастхатҳои нодир таваҷҷуҳи хос доштанд, аз шуъбаҳои адабиёти хориҷӣ ва Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир ва инчунин Осорхонаи китобҳои нодири Муассиса дидан намуданд.
Шиносоӣ бо шуъбаҳои номбурда ва тамошои Осорхонаи китобҳои нодир меҳмононро хеле хуш омад. Дар поёни саёҳати Китобхона меҳмонон бо таърихи эҷоди мусаввараи “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” низ ошноӣ пайдо намуда, ба суолҳои мавриди тавҷҷуҳи худ посух гирифтанд.
Ҳайати намояндагони Донишгоҳи Оксфорд аз Китобхонаи миллӣ ва роҳбарияти Китобхона барои пазироӣ изҳори сипос намуданд.
Бояд зикр кард, ки ҳайати намояндагон аз Донишгоҳи Оксфорд дар доираи ин сафар инчунин бо намояндагони Донишгоҳи миллии Точикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хоричии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода низ вохӯриҳо анҷом доданд.
Муҳидинова Махфират, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа