Мулоқоти директори Китобхонаи миллӣ бо ҳайати намояндагони Корея
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Китобхона, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода бо ҳайати намояндагони Корея баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ роҳбари лоиҳаи инкишофи китобхонаҳои оммавӣ Чве Ҳёк, сардори Фонди китобхонавӣ ва фарҳангии Корея Чо Сон Гё, тадқиқотчиён: профессор И Тэ Чу оид ба рушди иқтисодӣ, профессор Чан Ён Ҳун, профессор Ча Ҳон Чон, директори ширкати Futurenuri Со Чон Ҳван ва хонум И Ҳани иштирок доштанд. Меҳмононро аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиби дуюми Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором Шукрона Ҳоҷимуродова ҳамроҳӣ намуд.
Директори муассиса сараввал аз таърих ва бунёди Китобхонаи миллӣ, ҳамкориҳо бо китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар самти фаъолияти китобдорӣ сухан ронд. Ӯ қайд кард, ки имрӯз ҳамкориҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар самти илму фарҳанг баръало мушоҳида мешаванд.
Дар ҷараёни суҳбат аз сафари хидматие, ки моҳи сентябри соли 2025 ба Ҷумҳурии Корея анҷом дода буд, ёдовар гашта, ба Сафорати Корея барои фароҳам овардани ин фурсати мусоиди ошноӣ бо кори Китобхонаи миллии Корея ва фарҳанги миллии ин кишвари зебоманзар изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин Ҷумахон Файзализода аз ташрифи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея ҷаноби Ҷон Сонг Шик моҳи декабри соли 2025 ба Китобхонаи миллӣ ёдовар шуд.
Дар идома тарфаҳо дар мавриди ҳамкориҳои судманди дуҷониба табодули назар намуда, меҳмонон ба суолҳои мавриди тавҷҷуҳи худ посух гирифтанд.
Ҳайати меҳмонон аз Китобхонаи миллӣ ва роҳбарияти Китобхона барои пазироӣ изҳори сипос намуданд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ ба ҳамдигар китоб туҳфа намуданд. Аз ҷумла Директори Китобхонаи миллӣ ба ҳайати намояндагони Корея китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён”-ро (ба забони русӣ) тақдим намуд.
Сипас меҳмонони олиқадр бо истифода аз фурсати муносиб ба сайру саёҳати Китобхона бурда шуданд. Онҳо аз толорҳои хониш, осорхонаҳои китоб ва ғайра дидан намуда, бо шароити фароҳамовардашуда барои мутолиа ва имконияту зарфиятҳои фаннии Китобхона аз наздик шинос шуданд.
Муҳидинова Махфират,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа