Мулоқоти мудири Институти эроншиносии Австрия бо директори Китобхонаи миллӣ
19-уми майи соли 2023 мудири Институти эроншиносии Академияи илмҳои Австрия, доктор Флориан Швартс ба Китобхонаи миллӣ ташриф овард. Баъди пазироӣ мулоқоти доктор Флориан Швартс бо директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода баргузор гардид.
Директори Китобхонаи милллӣ меҳмони олиқадрро бо таърихи китобхона ва бунёди бинои нави он ошно намуд. Профессор Файзализода иброз дошт, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон таърихи ҳудудан якасра дорад. Бинои нави нуҳошёна, ки ҳоло мо дар он ҳузур дорем, соли 2012 ба фаъолият оғоз кард ва он дар шакли китоби кушода сохта шуда, ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст. Он 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дошта, аз чор қисм иборат аст. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ мебошад.
Профессор Файзализода ҳамчунин иброз дошт, ки осор классикони адабиёти форсу тоҷик, аз ҷумла: Ибни Муқаффаъ, Ҷарири Табарӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Хайём, Румӣ, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигарон барозандаи фонди китобхона аст. Фонд бо асарҳои олимон, нависандагон ва шоирони муосири ҷумҳурӣ мунтазам пурра карда мешавад. Шумораи нашрияҳои муосири илмӣ меафзояд. Бинои нав барои 10 миллион китоб сохта шуда, дар давоми солҳои фаъолияти Китобхона фонди он беш аз 1,6 маротиба афзуда, ҳоло дорои зиёда аз 3 миллион асноди гуногун бо 50 забони халқҳои ҷаҳон мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи тавсеаи ҳамкориҳои Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ табодули андеша намуданд. Инчунин тарафҳо оид ба дастнависҳои форсие, ки дар Китобхонаи миллӣ мавҷуданд табодули назар карданд.
Профессор Ҷумахон Файзализода дар рафти суҳбат қайд намуд, ки хуб мешуд Китобхонаи миллӣ бо Институти эроншиносии Академияи илмҳои Австрия шартномаи ҳамкориро дар самти баҳрабардорӣ аз дастнависҳои форсӣ ба имзо расонад.
Дар фарҷоми мулоқот професссор Ҷумахон Файзализода китоби Е. К. Мейендорф «Саёҳат аз Оренбург ба Бухоро» ва маҷаллаи илмии «Паёми Китобхонаи миллӣ»-ро ба доктор Флориан Швартс ҳадя намуд.
Баъдан меҳмони олиқадр аз шуъбаи дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир ва Осорхонаи китоб дидан намуд.
Ҳадафи ташрифи доктор Флориан Швартс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ бо нусхаҳои қаламӣ, дастнависҳо ва китобҳои чопи сангии давру замонҳои гуногун мебошад, ки дар китобхонаҳо ва дигар муассисоти таҳқиқотиву пажӯҳишии кишвари мо нигаҳдорӣ мешавад.
Муҳаббат Шобулбулова
Сармутахассиси шуъбаи
робитаҳои байналмилалӣ.