“Мунахабаи девон”-и Сӯзании Самарқандӣ ҳам интишор ёфт
Матни девони Сӯзанӣ бо пешгуфтор ва шарҳи луғоту тавзеҳоти номзади илмҳои филологӣ Мавҷуда Хуҷова омода ва чоп шудааст. Дар сарсухан омадааст: Сўзании Самарқандӣ шоири тавонои асри ХII буда, дар миёни ҳамсаронаш аз ҷумлаи шоирони сермаҳсул ва машҳур маҳсуб меёбад. Ин шоири тавоно дар адаби форсӣ соҳиби қареҳаи баланди эҷодӣ буда, аз худ мероси адабии гаронбаҳое ба ёдгор гузоштааст. Сўзании Самарқандӣ аз худ барои баъдинагон девони ашъори хешро ба мерос гузоштааст, ки нусхаи комили он дар китобхонаи Калкутта (Ҳиндустон) маҳфуз буда, қариб 12 ҳазор байтро дар бар мегирад. Якчанд нусхаи нисбатан хурдтари девони шоир дар китобхонаҳои Русия ва Эрон маҳфузанд.
Девони комили Сўзании Самарқандӣ дар Эрон солҳои 1960 ва 1966 ба табъ расидааст. Девони ҳазлиёти Сўзании Самарқандӣ низ бо сайъ ва эҳтимоми Носириддини Шоҳҳусайнӣ дар Теҳрон ба чоп расидааст. Инчунин якчанд нусхаи дастнависҳои шоир дар ганҷинаи мероси хаттии Маркази мероси хаттии АМИТ зери рақамҳои № 440 ва № 506/5 (мунтахаби девон) маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд. Девони комиле, ки бо эҳтимоми Носириддаин Шоҳҳусайнӣ дар Теҳрон аз чоп баромадааст, пурра ба он такя карда шудааст.
Девони шоир шомили қасоиди комилу муқтазаб, ғазал, рўбоӣ, тарҷеъбанд, таркиббанд, марсия ва қитъа мебошад. Баъзе вижагиҳои эҷодиёти шоир дар муқаддимаи арзишманде аз тарафи Носириддини Шоҳҳусайнӣ дар девони мазкур тавзеҳ дода шудааст.
Дар хориҷи кишвар корҳои бузурге атрофи ашъори Сўзании Самарқандӣ аз тарафи олимон ба монанди Шпренгер А., В. Иванов, Х. Эте, В. Бартолд, К. Чайкин, Э. Бертелс, А. Н. Болдиров, Насориддини Шоҳҳусайнӣ, Ян Рипка, Забеҳулло Сафо, Нафисӣ, Б. А. Литвинский ва дигарон ба анҷом расидаанд.
Дар Тоҷикистон то ҳол атрофи ашъори ин нобиғаи адабиёти асри ХII корҳои хеле зиёди илмӣ аз тарафи олимони тоҷик ба анҷом расидаанд: Китоб дар ҳаҷми 154 саҳ, ки ба қалами адабиётшинос Садрӣ Саъдиев таалуқ дорад, «Мунтахаби девони Сўзании Самарқандӣ» дар ҳаҷми 163 саҳ, аз тарафи адабиётшинос Абдушукур Абдусатторов таҳия гардидааст ва якчанд мақолаҳои илмӣ, ки аз тарафи доктори илмҳои филологӣ Ҳокимшоҳ Қаландаров бо номи «Имам и его статус с точки зрения Сузани», «Сузани и его религиозная принадлежность»… ва мақолаи адабиётшиноси тоҷик Абдуманнон Насриддинов бо номи «Ҳаким Сўзании Самарқандӣ»… навишта шудааст.
Ба хонандаи тоҷик бори нахуст ашъори Сўзании Самарқандӣ дар заминаи муқоясаи нусхаҳои хаттӣ ва чопи форсии он бо таҳияи матн ва луғату тавзеҳот бо умеди баҳраҳои судманд бардоштан аз он, ба хонанда тақдим мегардад.
Китоби “Мунтахаби девон”-и Сӯзании Самарқандиро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Фарҳоди САЛИМ,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.