Музаффарзода Фазлидин: «Айниятҳои сиёсӣ: самтҳои ташаккул ва инкишоф»

Ин монография самтҳои асосии назариявии айнияти сиёсиро дар бар гирифта, муносибати инсонро бо узвияти ҷомеа мавриди омӯзиш ва таҳлилу таҳқиқ қарор медиҳад. Айнияти сиёсӣ барои аслияти ташаккули тафаккури миллӣ нақши муҳим дошта, раванди инкишофи мансубияти миллиро мустаҳкам мегардонад.

Дар рисола масъалаи айнияти сиёсӣ чун як масъалаи муҳим дар илми сиёсӣ таҳқиқ шуда, нақши он дар баланд бардоштани айнияти тафаккури миллӣ ниҳоят бузург ва зарурӣ дониста мешавад. Дар даҳсолаҳои охир, омӯзиши айният ба яке аз самтҳои пешрафтаи илми муосир дар бораи инсон ва ҷомеа табдил ёфтааст.

Рисола дар заминаи донишҳои сиёсии муосир дар асоси муносибатҳои методологии ҷолиб ва собитсозии қавии масъалаҳо иншо ғардида, барои баҳрабардории касонест, ки кӯшиши дарки амиқи равандҳои сиёсиро доранд.

Ҳонандагон китоби Фазлиддин Музафарзода «Айниятҳои сиёсӣ: самтҳои ташаккул ва инкишоф»-ро метавонанд дар Китобхоани миллӣ мутолиа намоянд.

Фарзона Шарифова
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.