Нақли корномаи Таҳмурас аз “Шоҳнома”-и безавол дар барномаи “Китоби нав”

ШоҳномаКитоби нав”- и шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ин навбат аз достонҳои “Шоҳнома” барои тамошобинон қисса кард.

Дар нашри имрӯзаи барномаи “Китоби нав” – и шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон, ки дар ҳамкорӣ бо Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таҳия ва пешниҳод мегардад, доир ба яке аз достонҳои “Шоҳнома” –и безаволи устод Абулқосим Фирдавсӣ маълумот дода шуд.

Гуфтанист, ки дар ин барнома ровии он Холид Шарифов дар ҳар нашр ба хонандагон китобҳои тозачоперо, ки аз соли 2024 то кунун мунташир шудаанд, муаррифӣ мекунад. Дар барномаи навбатӣ Холид достони Таҳмурасро аз “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ қисса карда, ҳамзамон каме маълумот дар бораи зиндагиномаи Абулқосим Фирдавсӣ дод.

Вай гуфт, ки Абулқосим Фирдавсӣ дар соли 940 милодӣ дар рустои Бож, воқеъ дар шаҳристони Тӯси Хуросон дида ба ҷаҳон кушодааст. Абулқосим лақаб ва Фирдавсӣ тахаллуси шоир аст. Волидон ӯро Мансур ном ниҳода буданд. Падари Фирдавсӣ Ҳасан аз деҳқонони Тӯс буд. Дар он замон табақаи давлатманду заминдор ва аъёну ашрофро деҳқон мегуфтанд. Бинобар ин шароити моддӣ имкон дод, ки Мансури ҷавон ба таҳсили илмҳои гуногун пардозад ва маълумоти хубе гирад. Аз Шоҳнома пайдост, ки Фирдавсӣ ғайр аз забони форсии модариаш боз аз забонҳои арабӣ ва паҳлавӣ огоҳии комил доштааст.

Сипас, аз достони Таҳмураси ин шоҳкори ҳар давру замон  барои бачаҳо қисса намуд. Достон аз подшоҳи одил, ватандӯст ва ғаюр ҳикоят мекунад, ки 30 сол ҳукмронӣ кардааст ва ӯро Таҳмураси девбанд меномиданд.

Хонандагони азиз, барои огоҳии бештар аз достони Таҳмураси “Шоҳнома” метавонанд барномаи навбатии “Китоби нав”-ро аз Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” тамошо кунанд.

Маврид ба ёдоварист, ки “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ки ганҷинаи ибрату хирад аст, матни комили он дар ду ҷилд бо ташабуси фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ошноии бештари мардуми тоҷик аз гузаштаи пурифтихори худ дар арафаи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва ба ҳар як оила тӯҳфа карда шуд.

Ганҷина ҶОЛАЕВА,

бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.