Нақши бонувони тоҷик дар рушди соҳаи китобдорӣ
Ниёгони тамаддунофари мо аз қадимулайём ба китобу китобхонӣ завқи беандоза дошта, фарзандони хешро дар ҳамин рӯҳия тарбия намудаанд. Бесабаб нест, ки дар рӯйи нишони давлатии мо сурати лавҳу китоб аст. Ин тасвир дилбастагии миллати моро аз даврони қадим ба китобу китобхона нишон мендиҳад.
Таърих исбот намудааст, ки фарзандони миллати мо бо донишу хиради волояшон, на танҳо тамддуни мо, балки тамддунҳои оламро бойу ғанӣ гардониданд.
Мо дар даврони давлатдории Сосониён китобхонаи бузурге бо номи «Гунди Шопур» доштем, ки дар пештоқи он навишта шуда буд. “Донишу хирад тавонотар аз шамшер аст”.Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки гузаштагони мо дилбастагии беандоза ба китоб доштаанд.
Дар давраи Сомониён китобхонаи–«Сивон-ул-ҳикмат» дар Бухоро дарашро ба руйи муштариён боз намуда буд, ки аз он китобхонаи таърихӣ Абуалӣ ибни Сино истифода карда, нобиғаи олам гашт. Дар ҳамаи давру замон китобхонаҳо ҳамчун марказҳои илмию фарҳангӣ барои ниёгони мо хизмат намуда, олимони барҷаста ва чеҳраҳои фарҳангиро рўйи саҳнаи илму адаб оварданд. Ёдовар бояд шавем, ки дар замони Шӯравӣ соли 1933 Китобхонаи давлатии Тоҷикистон дари худро ба рўйи муштариёни илму дониш боз намуд. Дар ҳамаи давру замонҳо дар қатори мардон занон ҳам дар соҳаи китобдорӣ саҳми арзандаи худашонро гузоштаанд. Дар замони Шуравӣ ҳатто дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ занони баруманди тоҷик дар қатори мардон кору фаъолият намуда, барои рушди соҳаи китобдорӣ ҳиссаи арзандаи хешро гузоштаанд. Яке аз занони фаъоли соҳаи китобдорӣ ҳамсари нависандаи Халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ Саодат Икромӣ буд, ки дар соли 1941 ду дастури библиографиро зери унвони «Армияи Сурх–посбони Ватан» ва «Михаил Лермонтов»-ро бо забони тоҷикию русӣ чоп намудааст. Саодат Икромӣ баъд аз соати корӣ китобҳоро ба борхалтаҳо гирифта, барои пиронсолон ва шахсони имконияташон маҳдуд, ки ба китобхона омада наметавонистанд, ба хонаҳояшон бурда мерасонд. Ин мутахассиси соҳаи китобдорӣ то синни нафақа дар китобхона фаъолият намуда, барои соҳаи китобдорӣ нақши таърихӣ гузоштааст.
Дар қатори Саодат Икромӣ номи садҳо бонувони дигарро, монанди Сарвар Бурҳонова, Музаффара Қосимова, Ойчӣ Юсуфова ёдовар мешавем, ки бо кору пайкорашон дар даврони Шӯравӣ сазовори унвони «Китобдори шоистаи Тоҷикистон» гардиданд.
Аз соли 1940 то соли 1966 Малоҳат Маҳмудова дар китобхонаи мактабии шаҳри Конибодом фаъолият намуда, дар ин соҳа корнамоӣ ва нақши арзанда гузошт.
Таҷрибаи пешқадами ӯро бо тавсияи роҳбарони даврони Иттиҳоди Шӯравӣ мавриди омӯзиш дар тамоми қаламравӣ Иттиҳоди Шӯравӣ қорор доданд, ки ин мояи ифтихори миллати мо аст.
Дар замони Шӯравӣ бонувони тоҷик на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам дар донишкадаю донишгоҳҳои соҳаи китобдорӣ таъсил намуда, барои рушди соҳа ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Ҳанӯз соли 1965 аввалин зани тоҷик Лола Шерова шуъбаи китобдории Иниститути давалатии шаҳри Тошкандро хатм намуда, 20 сол сарвари китобхонаи вилоятии шаҳри Хоруғи ВМКБ буд. Дар солҳои роҳбарии вай ҳамаи китобхонаҳои вилоятӣ кору фаъолияташонро дар сатҳи олӣ ба роҳ монда буданд. Мояи ифтихори мо ҳаст, ки бонуи дигари тоҷик Нуринисо Бобоҷонова 20 сол сарварии Китобхонаи Фирдавсии пойтахтро ба уҳда дошт. Дар солҳои роҳбарии вай Китобхонаи Фирдавсӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нуфузу ҷойгоҳи хосса дошт.
Дар баробари соҳибистиқлол шудани кишвари мо ва баробари ба фаъолият оғоз намудани Китобхонаи миллӣ, ки назираш дар Осиёи Марказӣ нест, дар қатори мардон занон нақши муҳим доранд. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва бенизомиҳо дар кишвар Китобхонаи миллӣ фаъолияташро қатъ накард ва занони бо нангу номуси мо дар қатори мардон қаҳрамонона фаъолияташонро идома доданд.
Музаффара Умарова, китобдори дилсӯзу вафодор, ки дар шуъбаи дасхатҳои шарқ ва китобҳои нодир фаъолият дошт, дар рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ китобҳоро чун фарзандонаш муҳофизат намудааст. Боре гурӯҳи авбошон ба китобхона даромада, ӯро зери шиканҷа қарор доданд ва дар гулӯяш туфанг монданд, ки ӯ ҷойгоҳи китобҳои нодирро ба онҳо нишон диҳад, вале ӯ, ки чанд рӯз пештар дасхатҳои нодирро бо ҳамдастии мудири шуъбаи дасхатҳои шарқ ва китобҳои нодир Абдуллоҷон Юнусов ба таҳхона фароварда, болояшонро бо курпа маҳкам карда буданд, дар ҷавоб нотарсида гуфт: “Паронед, вале ингуна китоб дар китобхона нест”. Воқеъан ин қаҳрамонии бонуи тоҷик дар таърих собиқа надорад. Дар радифи ингуна бонуҳо метавонем номи Гулсун Шарифоваро гирем, ки тайи солҳои тӯлонӣ то рӯзи нафақа баромаданаш дар вазифаи мудири шуъбаи матбуоти даврӣ ва шуъбаи хидматросонӣ ба муштариён фаъолят намуда, замони кўчондани китобхона бо ҳамроҳии сарбозон дар таҳи барфу борон китобҳоро аз бинои пештара ба иморати имрўзаи Китобхонаи миллӣ овард.
Малоҳат Эшонқулова ҳамҷун китобдори моҳир тайи солҳои тӯлонӣ мудири шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо кору фаъолият намуда, робитаи китобхонаи миллиро бо дигар китобхонаҳо бар роҳ мондааст. Ў ҳамзамон раиси шӯрои бонувон буда, дар тарбияи шогирдон ва бонувони китобхона нақши муҳим гузоштааст.
Бори аввал бо амри ПерезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳуринисо Ализода соли 2016 муовини директори китобхонаи миллӣ таъин шуд. Ҳарчанд, ки ӯ аз рўйи ихтисосаш китобдор набуд, нақши таърихиро дар соҳаи китобдорӣ гузошт. Бори аввал ӯ ҳамчун роҳбар бо ризояти Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхона шуъбаи Тоҷикшиносиро таъсис дод. Барои чопи силсилаи Тоҷнома олимону шоирон ва мутафакиронро сарҷамъ намуд ва нахустин китобҳои ин силсиларо ба нашр росонид. То имрӯз чопи китобҳои ин сисила давом дорад.
Ҳоло бошад, Манижа Убайдуллоева, сардори шуъбаи Тоҷикшиносӣ ин иқдоми устодаш Ҳуринисо Ализодаро давом дода истодааст.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол Салима Раҷабзода дар вазифаи мовини якуми директори Китобхонаи миллӣ, фаъолият дорад. Ӯ дар замони мудири шуъбаи рисолаҳои илмӣ буданаш бори аввал гӯшаи академиконро таъсис додааст. Ин иқдоми нек барои муаррифии академикон саҳми арзанда гузошт. Имрӯз меҳмонҳои ба китобхона ташрифоварда аз ин гӯшаҳо дидан намуда, ғизои маънавӣ мегиранд.
Барои роҳандозӣ ва татбиқи барномаҳои Ирбис ва Алеф дар китобхона Гулчеҳра Ҳалимова, сардори шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ, нақши муҳим дорад. Ӯ борҳо дар сафарҳои хидматиаш аз китобхонаҳои пешқадами дунё дидан намуда, табодули таҷрибаи пешқадамро дар китобхона ба роҳ мондааст.
Боре аз Қурбонбӣ Салимова, сардори шуъбаи адабиёт доир фарҳангу ҳунар, аз фаъолияти корияш пурсон шудам. Ӯ ба ман гуфт: “Ман фаъолияти кориямро аз китобхонаи ба номи Фирдавсӣ бо тавсияи собиқ директори Китобхонаи Фирдавсӣ устод Шариф Тошев аз вазифаи назоратчӣ дар даромадгоҳ оғоз намда, то ба вазифаи мудири шуъба расидам. Бале, ман ба ин бовар кардам, зеро ӯ имрӯз сардори шуъбаи адабиёт оид ба фарҳангу ҳунар буда, кору фаъолияташро хуб ба роҳ мондааст. Бо ташаббуси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар китобхона гӯшаи ҳунарпешаи Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадо таъсис дода шудааст, ки дар он ҳиссаи Қурбонбӣ Салимова назаррас аст. Бонувони китобдори Китобхонаи миллӣ дар таъсиси дигар китобхонаҳо, аз ҷумла дар таъсиси китобхонаҳои ташкилоту муассисаҳо нақши арзанда доранд. Фароғат Толибова яке аз мутахассисони кордон аст, ки дар ҷобаҷогузории китобҳо дар китобхонаҳои ташкилоту муасисаҳо хидмат кардааст.
Касби китобдорӣ, касби ифтихорӣ буда, ҳар кас наметавонад дар ин касб содиқу вафодор бошад. Садбарг Дӯстова сардори шуъбаи маълумотдиҳии библографӣ аз соли 1990 то соли 2010 дар Китобхонаи миллӣ фаъолият намуда, ба сабаби шароити оилавӣ то соли 2016 аз ин касби дӯстдоштааш дур шуд, вале муҳаббати китоб ва китобхона ӯро соли 2016 боз ба китобхона овард. Ӯ ҳоло сардори шуъбаи маълумотдиҳии библогарфӣ буда, дар ин ҷода шогирдонро тарбия намуда истодааст.
Имрӯз боиси ифтихор аст, ки бонувони китобдори ҷавони кишвар Идигул Нусратуллозода– сардори шуъбаи дипозитарӣ, Фарзона Мирзоева – сардори Маркази забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, Бибираъно Ҷӯраева – сардори шуъбаи китобҳои махсус, Мавзуна Орумбекова – мудири шуъбаи марекетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, Назира Толибова – сардори шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, Шаҳноза Дониёрова-сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон парчами китобдориро аз дасти устодонашон гирифта, дар татбиқи босамари соҳаи китобдорӣ кишвар содиқонаю фарзандона хизмат намуда истодаанд.
Ҷалолуддин НУРЗОДА,
муовини директори
Китобхонаи миллӣ