Нақши давраҳои омӯзишии такмили ихтисос барои мутахассисони  соҳаи  китобдорӣ

Дар замони зудтағйирёбандаи илму техналогия, инноватсияи  муоссир моро шарт ва зарур аст, ки имкониятҳои дар китобхона мавҷуд бударо истифода бурда, барои дар сатҳи баланд ба  роҳ мондани сатҳу сифати ҳама намуди хидматрасониҳо ба хонандагон ҳар як корманд бояд  омодагии комили илмӣ дошта бошанд, то талаботи хонандагонро пурра қонеъ карда тавонад.

Аз ин лиҳоз нақши курсҳои таълимии ихтисос барои  китобдорон  ҷиҳати рушди малакаҳои китобдорӣ, омӯзиши равандҳои муосири техникӣ, ҳамқадами замон будан, сайқал додани маҳорат ва умуман дарки моҳияти китобдории муосир кумак мерасонад. Ин гуна давраҳои омӯзишӣ басо саривақтиву зарурианд. Ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос  барои  мутахассисон на танҳо дар баланд бардоштани малакаи касбӣ онҳо, балки баҳри дар амал татбиқ намудани барномаҳои соҳавӣ низ нақши муассир мегузоранд.

Барои ҳамин ҳарчи бештар ҷалб намудани мутахассисони варзидаи соҳа ва таҷрибадор, ҷиҳати гузаронидани курсҳои таълимӣ   имконият медиҳад, ки воситаҳо, фаъолияти иттилоотию китобхонавӣ, баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ ба хонандагон ва рушди китобхона ҳамчун фазои муосири таълимӣ ва фарҳангӣ, ки ба он имкон медиҳад, ки ба стандартҳои касбӣ ва талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Барои ҳамин бояд барномаи курсҳои  такмили ихтисос мувофиқ бо талаботи замони имрӯза бошад. Ҳар як мутахассис дар раванди фаолияти кории худ бояд чунин  салоҳиятҳоро дошта бошад:

  1. Омӯзиши равишҳо, усулҳо ва технологияҳои нав дар соҳаи китобдорӣ (масалан, кор бо захираҳои электронӣ).
  2. Шинос шудан бо шаклҳои нави хидмат ва услубҳои корӣ,
  3. Азхуд кардани абзорҳо ва усулҳои рақамӣ барои муосиртар ва ҷолибтар кардани китобхона.
  4. Мусоидат дар ташкили кор, татбиқи лоиҳаҳои нав ва ҷамъбасти таҷриба.
  5. Беҳтар кардани робита бо хонандагон ва рушди малакаҳои муошират.
  6. Омӯзиши усулҳои муосири кор ва истифодаи технологияҳои нав.

Курсҳои такмили  ихтисос ба мо  имконият медиҳанд, ки роҳу усулҳои муоссири техналогияҳои навро аз худ намоем. Чунки китобдор мутахассисест, ки дар китобхонаҳои давлатӣ ё хусусӣ кор мекунад ва  ба амалиёти ҳаррӯза, аз ҷумла пешниҳодҳо оид ба китобҳои нав барои хондан, нигоҳ доштани махзани маълумот дар бораи корбарон ва китобҳои китобхона, таҳқиқи тамоюлҳои нави хониш ва жанрҳои маъмул ва дастрас кардани онҳо дар китобхона яке аз вазифаҳои  аввалиндраҷаи ӯ ба шумор меравад.                                                                                                                                           Аз ин лиҳоз барои мувофиқ кардани ин нақш ба кас дараҷаи касбӣ ва таҷриба лозим аст. Зеро китобхонаи муосир фазои бисёрфунксионалӣ мебошад, ки дар он китобдорон ҳамчун навигариҳо дар ҷаҳони иттилоот амал мекунанд. Барои қонеъ гардондани талаботи замон бояд мутахассисон ҳар чи бештар ба курсҳои такмили ихтиссоси давомдор ҷалб карда шаванд ва малакаҳои навро азхуд кунанд то ин, ки онҳо донишҳои гирифтаашонро дар  амал,  татбиқ карда, тавонанд.

Шайдулло Байдуллоев, мутахассиси
шуъбаи  илмӣ – методӣ  ва  таҳқиқотӣ