Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашни Наврӯз

НаврўзНаврўз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, расму ойин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тўли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз дастовардҳои муҳими сиёсати фарҳангии Тоҷикистон муаррифии ҷашни Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Бо талошу кўшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти кишваҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна, 23-юми феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома қабул кард. Дар он, аз ҷумла зикр гардида буд, ки ҳамасола 21-уми март ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ дар сар то сари ҷаҳон таҷлил карда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афкори хирадмандонаи хешро роҷеъ ба ҷашни Наврӯз борҳо дар баромадҳои худ ироа доштаанд. Аз ҷумла, ҷое зикр намудаанд: “Наврӯз дар пешрафти фарҳанги халқи тоҷик аз қадимтарин ва муқаддастарин оини ниёгони мо маҳсуб ёфта, он аз фарорасии фасли зебои сол Баҳор ва оғози соли нави аҷдодӣ паём мерасонад. Асолати иҷтимоии Наврӯз хеле бузург буда, он далели рушду пешрафти тафаккури созандаву бунёдкорӣ, муттаҳидию ҳамгироии мардумон аст”

Бешак, ин андешаи Пешвои миллат асли Наврӯзро ифода менамояд, ки дар воқеъ он инсонҳоро барои ҳамбастагиву ҳамзистии баробарӣ даъват менамояд ва гуфтаи Пешвои миллат низ асолати Наврӯзро ба мардум собит месозад.

Тавре ки Пешвои миллат қайд намудаанд: “Наврӯз, дар баробари забони модариамон, барои мо аҳаммияти таърихиву миллӣ дорад ва мо онро бояд ҳамчун шиносномаи миллати худ дониста, таҷлил намоем”.

Наврӯзро ҳамчунин шиноснома ва дар баробари забони модарӣ арҷ гузоштани Пешвои миллат худ гувоҳи бузургии ҷашни Наврӯзро ифода менамояд. Сарвари давлат дар ин маврид гуфтаанд: «Дар иртибот ба ин мехоҳам таъкид намоям, ки иморати хештаншиносии тоҷикон дорои ду шаҳсутун аст, ки яке забони модарӣ ва дигаре ҷашни Наврўз мебошад»

Ин гуфтаи Пешвои миллат дорои аҳамияти хос дар мавриди хештаншиносии миллати тоҷик мебошад, зеро иморату бунёди миллат аз забону ҷашни Наврӯз сарчашма мегирад ва таъкиди Пешвои миллат ҳам дар ин хусус аст, ки мо миллати тоҷик ин ҳикматро дуруст ва дар мавқеи баланди ҳувиятсозӣ дарк намуда, аз рӯи он амал намоем. Дарки моҳияту фалсафаи Наврӯз моро ба гузаштаи натанҳо ҳазор сол, балки ба гузаштаи дури дур мепайвандад. Месазад дар тақвияти ин гуфтор андешаи Пешвои миллатро оварем: “Наврӯз паёми ҳикматомӯзи ниёгони шарафманди мо аз қаъри ҳазорсолаҳост, ки накутарин ва зеботарин ойини будану зистанро ба мардум талқин мекунад. Дар сиришти ин ҷашни куҳанбунёди аҷдодӣ оромишу осоиш, эҳёву созандагӣ, назму низом дар ҳамаи корҳои зиндагӣ, ваҳдату ягонагӣ, ҳусни тафоҳуму тавозун ва ҳамбастагиву ҳамоҳангии инсон ва ҷамъияту табиат таҷассум ёфтаанд”

Дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки эҳтиром ба таъриху фарҳанги ниёгон яке аз омилҳои муҳими ташаккули худшиносии миллӣ мебошад.

Дар Паёми имсолаи хеш (16 декабри соли 2025) бори дигар  ба масъалаҳои фарҳанг ва аҳамияти он дар таҳкими худшиносию хештаншиносӣ ибрози ақида намуда, аз ҷумла таъкид доштанд,ки:

«Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.

Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо тоҷикон мебошанд».

Ҷашни Наврӯзро Пешвои муаззами миллат дар моварои таърихи пурғановати миллати тоҷик ҳамчун ҳувиятсозу боиси хештаншиносӣ арзёбӣ намудаанд. Аз ин лиҳоз, бесабаб нест, ки Пешвои миллат пайваста ба ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи махсус менамоянд, зеро ҳар як қавму миллат барои ифтихороти хеш гузашта, таърих, фарҳанг ва илми дирӯзу имрӯзи худро дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз менамояд ва дар ин росто мекӯшад барои тақвияту такмили он талош намояду барои ҷовидонагии он заминаҳои мусоид фароҳам орад.

Вобаста ба ин, дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.

Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки Пешвои муаззами миллат чунин сиёсату ташаббусҳоро махсус барои мондагории арзишҳои фарҳангиву мадании миллати тоҷик равона намудаанд.

Эҳёи чунин ҷашнҳои бостонӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ аҳамияти калон дорад.

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашну маросим, оину маросими миллӣ махсусан ҷашни Наврӯз хеле бузург аст. Пешвои миллат ҳама ҳастии худро барои эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ равона кардаанд ва ин боис гардидааст, ки имрӯз дар арсаи ҷаҳон моро ҳамчун миллати фарҳанпарвару сулҳофар шинохтаанду эътироф кардаанд.

Замира ҲОМИДОВА, корманди шуъбаи маълумотдиҳию библиогирафии МД «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.