Нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон
«Бояд ёдовар шуд, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризояти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард. Дар натиҷаи азму талош ва ҷонбозиҳои зиёд хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад».
Эмомалӣ РАҲМОН
Паём 20 апрели соли 2012
Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (даъвати дувоздаҳум), аз 9 сентябри соли 1991 қабул шуда буд, ин андешаро нозукбинона чунин ифода намудааст: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта ва кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оид ба аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда мувофиқи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шурои Олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад». Дар ин ҷо муҳимтарин нукта кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёр оид ба аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ буд. Илова бар ин такмили мафҳуми истиқлолият бо истилоҳи «давлатӣ» баёнгари кӯшиши Тоҷикистон ба хотири касби истиқлоли пурраи он буд. Маҳз бо дарназардошти ин андеша Изҳороти қабулшуда боиси он гардид, ки Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси худро «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуда, матни Изҳороти Шурои Олиро дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донад.
Қабул шудани ин ду санади таърихӣ ба таври ҳатмӣ зарурати такмили Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо мекард. Бо дарки ин амри воқеӣ Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори алоҳидаи худро «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд.
Рӯйдодҳои фоҷиабори феврали соли 1990 дар Тоҷикистон ба оғози як фоҷеаи миллӣ табдил ёфт ва ҳамчун саҳифаи торики таърихи халқи тоҷик сабт шуд. Гирдиҳамоиҳои пайдарпай ва нокомии роҳбарияти онвақта дар ором кардани вазъият натавонист роҳи сулҳомези ҳалли низоъҳоро фароҳам созад. Дар натиҷа, даргириҳо миёни неруҳои ҳукуматӣ ва гирдиҳамомадагон боис ба кушта шудани чандин ҷавон гардид, ки боиси буҳрони шадиди сиёсӣ ва равонӣ дар ҷомеа шуд. Унсурҳои норозӣ аз ҳизбу ҳукумат, мансабталаб ва маҳалгаро низ дар ин раванд нақши муҳиме бозиданд.
Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардад.
Дар он вақт Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи XVI муайян кард.
Шурои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд.
Халқи Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада ва барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта метавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ, ки дар байни зиёда аз даҳ номзад интихоб гардида буд, ҳамеша ба ростгӯӣ, ҳақиқатҷӯӣ, серталабӣ нисбат ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шурои Олӣ нақши авалиндараҷа мебозид. Ӯ савганд ёд намуда, гуфт: «…кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хидматҳояш дар назди халқу Ватан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бараъло собит намуда истодааст.
Маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт.
Вақт исбот намуд, ки роҳи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алтернативаи дигар надошт. Таърихи давлатдории навини Тоҷикистон собит сохт, ки мардуми кишвар дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд.
Иҷлосия Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи Парчами давлатии Тоҷикистон”, “Дар хусуси тасдиқи низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ қабул кард. Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат тамоми халқи Тоҷикистон ва депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муборакбод гуфта, ба ҳамаи онҳое, ки дар таҳияи рамзҳои нави давлатӣ саҳм гирифта буданд, изҳори ташаккур кард.
Иҷлосия баъди муҳокимаи ҳамаҷониба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия” қабул кард. Тибқи ин қонун ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар дӯши Раёсати Шурои Олӣ, Раиси Шурои Олӣ ва Шурои Вазирон вогузошта шуд ва Раиси Шурои Олии Тоҷикистон Сардори давлат эълон гардид
Ҳамзамон ба Конститутсия тағйиру иловаҳо дар мавриди рамзҳои давлатӣ, аз қабили Парчам ва Нишони давлатӣ ворид гардиданд.
Як идда қонуну қарорҳои қабулкардаи Иҷлосия барои ба эътидол овардани вазъи кишвар нигаронида шудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифат ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд”, қарори Иҷлосия “Дар бораи ҳимояи иҷтимоии шахсоне, ки бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ зарар дидаанд” аз қабили инҳоянд.
Иҷлосия Сарвари давлат-Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Шурои Олӣ, Шурои Вазиронро интихоб намуда, самтҳои тараққиёт ва пешрафти ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро муайян намуд.
Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонистанд манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузоранд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.
Тулии 34 сол Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳама соҳаҳо пешраф карда, зиндагии мардум беҳтар гардид ва ҳамаи инро тоҷикистониён аз шарофати ғамхориҳои, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, дар раванди ободию шукуфонӣ ва мустаҳкам кардани иқтидори Тоҷикистон ҷаҳду талош менамояд.
Муҳаммад Сафаров–н.и.п. мутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.